Хоссиятҳои мусофиратро медонистед?

125

Вақте, ки мо ба мусофират меравем мақсадамон имтиҳон кардан таҷрибаи ҷадид ва тамошои тамомии диданиҳо аст ва бояд бидонем ҳар чӣ бошад, мо барои расидан ба онҷо ҳазина кардаем, бинобар ин майли бештаре барои истифода аз вақт ва лаззат аз сафармон дорем.

 Тақвияти эминии бадан

мусофират шуморо дар маърази фазоҳои мухталиф қарор медиҳад, ки ин масъала сабаби тақвияти системи эминии бадан шуда ва саломатии шуморо ба шакли хуб қувват мебахшад.

Мубориза бо изтироб

Ба таври илмӣ собит шудааст, ки мусофират шодиро дар шумо афзоиш ва афсурдагиро коҳиш медиҳад ва сабаби хунсрдии шумо мешавад.

Дар мутолиа ва таҳқиқот нишон дода шудаст, ки се рӯз пас аз таътилот мусофирон эҳсос истироҳати кофӣ, изтироби камтар ва ҳоли беҳтаре доштаанд. Ин беҳбудӣ замоне, ки онҳо ба хона бозмегарданд аз байн нарфта, балки барои ҳафтаҳо идома пайдо мекунад.

Саломатии мағз

Сафар зеҳни шуморо боз мекунад. Афроди ҷадидро мулоқот мекунед. Бо шароити ҷадид созгор мешавед, насаб ба масоили ҷаҳонӣ ва фарҳангӣ огоҳии бештаре пайдо мекунед, ва аз рӯ, ки таҷрибаҳои ҷадид шинохти шуморо афзоиш дода ва шуморо аз назари зеҳнӣ ҳушёртар мекунад барои саломатии шумо муносиб аст.

баррасиҳо нишондиҳандаи робита миён мусофират ва афзоиши дараҷаи ҳушёрӣ, дарку фаҳми беҳтар аз огоҳиҳои фарҳангӣ ва рушди шахсиятӣ ҳастанд. Бо таваҷҷӯҳ ба мутолиоти пажӯҳишгарон касоне, ки мусофират карда ва хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд, афроде бо зеҳни бозтар ва аз назари эҳсосӣ босуботтар ҳастанд.

Коҳиши хатари ибтило ба бемориҳои қалбӣ

Касоне, ки барои як таътилоти кӯтоҳ дӯр аз хонаҳояшон ба сар мебаранд умуман изтироби камтаре доранд ва ё лоақал авомили изтиробро барои муддате аз худ дур хоҳанд кард.

Ба ин сабаб таҳқиоти тӯлонӣ дар мавриди қалб нишон додаст, ки занону мардоне, ки солона ба мусофират мераванд, эҳтимоли камтаре дар ибтило ба ҳамлаи қалбӣ ё бемориҳои қалбӣ доранд.

Хушандом шудан

Дуруст аст, ки мусофират маъмулан ба маънои соатҳо нишастан дар як василаи нақлия то поёни сафар аст, аммо ба маънои фурсат‏ҳои фаровон барои маҷбӯр кардан худатон ба фаъол будан ҳам ҳаст. Ҳангоме, ки мо сафар мекунем қасдамон имтиҳон кардан таҷрибаҳои ҷадид ва тамошои тамомии диданиҳо аст- ҳар чӣ бошад, мо барои расидан ба онҷо ҳазина кардаем- бинобарин майли бештаре дар талош барои бештарин тафреҳотро дорем.

Бисёр бештар аз замоне, ки дар ҳоли баргашт ба хона ҳастем дар хиёбонҳо қадам мезанем. Ё инки барои дидани беҳтарин манзараҳои атрофамон пиёдаравӣ мекунем. Ҳатто агар барномаи шумо барои тамоми тӯли рӯз мондан дар соҳил бошад, қадам задан рӯи регҳои соҳил устухонҳои шуморо водор мекунад, ки дубаробр сахттар кор кунанд.

Манотиқи бисёре бар рӯи замин ҳастанд, ки хосиятҳои дармонӣ доранд.

Рафтан дар обҳои саршор аз маводди маъданӣ ҳамчун чашмаҳои оби гарм ме‏тавонад саломатии пӯсти шуморо беҳбуд бахшад, дарду изтиробро бартараф кунад ва тӯли умри шуморо афзоиш диҳад.

Тӯли ҳаёт

Дуруст аст; Касоне, ки мусофират мекунанд умед ба зиндагии бештаре доранд. Мусофират бо тамоми навъаш; чӣ дохилӣ бошад ва чӣ хориҷӣ зиндагии моро тӯлонитар мекунад ва дар ҳақиқат метавонад умед ба зиндагиро дар мо афзоиш диҳад.

Баррасиҳо нишон медиҳанд, ки мусофират изтиробро коҳиш дода ва бадани шуморо аз даруну берун солим нигоҳ дошта ва саломати мағзро афзоиш медиҳад. Тамоми инҳоро изофа кунед ба афзоиши шонс барои зиндагии тӯлонитар ва лаззат бурдани бештар!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.