Қадди кӯдакро чӣ тавр баланд кардан мумкин аст

150

Қадбаланд будан яке аз хоҳишҳои фарзандон ва волидони онҳост. Бояд гуфт, ки дар баробари генетика, ки дар қад нақши муҳим дорад, ғизо низ омили дигари таъсиргузор ба афзоиши қад мебошад.

Аз ҷониби мутахассисон тавсия дода мешавад, ки қади кӯдакон тавассути истеъмоли маводи ғизоӣ ва ғизоҳои витаминдор, ки барои афзоиши устухон ва афзоиши қадаш зарур ва муҳиманд, рушд дода шавад.

Баландии қад натиҷаи афзоиши устухонҳо мебошад ва истеъмоли ҳаррӯзаи шир метавонад ба зиёд шудани зичии минералии устухонҳо мусоидат кунад, ғизои даврони кӯдакӣ метавонад 20-40% баландии қадди одамро муайян кунад.

Протеин яке аз муҳимтарин маводи ғизоӣ барои саломатии тамоми узвҳои бадан ба хусус, устухонҳо, пӯст ва мушакҳо маҳсуб мешавад, зеро аз даст додани он мушкилоти зиёди саломатӣ, аз қабили афзоиши ғайримуқаррарии бадани кӯдакро ба вуҷуд меорад.

Яке аз беҳтарин хӯрокҳое, ки дорои сафеда ва дигар моддаҳои ғизоӣ мебошанд, ки қадро баланд мекунанд, ширу ҷурғот мебошанд. Зеро онҳо манбаи хуби энергия, макронутриентҳо ва микроэлементҳо (протеинҳо, фосфор, магний, витамини D ва муҳимтар аз ҳама калсий) барои афзоиш ва рушд мебошанд.

Витамини D омили муҳими афзоиши зичӣ ва сахтии устухонҳо буда, камбуду норасоии он боиси нуқсонҳои рушд, заъфи мушакҳо ва кӯтоҳии устухонҳо мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.