Гуноҳе, ки марги зудрас меоварад

279

Бадбинҳо ва бадгумонҳо, мардумро бадхоҳ ва фиребкор медонанд ва бар ин боваранд, ки онон мақсади хайре надоранд ва наметавон аз онон дар амният буд. Бар ин боваранд, ки ҳар касе думболи фиребкорӣ аст. Дар ин миён базе аз хатоҳои дигарон, ин бадбинӣ ва бад гумониро зиёд мекунад ва шахси шаккок ва бадгумонро дучори нигаронии беш аз дигарон мекунад.

Яке аз бемориҳои равоние, ки таъсири зиёноваре бар шахсият ва рафторҳои фардӣ ва иҷтимоӣ мегузорад, бадгумонӣ аст. Бадгумонӣ сабаби ба вуҷуд омадани мушкилоти фардӣ ва иҷтимоӣ ва бемориҳои равонии монанди изтиробу ташвиш ва афсурдагӣ мешавад. Бинобар ин барои доштани афрод ва ҷомеаи солим бояд бидонем ки чи чизе сабаби ба вуҷуд омадани бадгумонӣ мешавад ва бидонем, ки бадгумонӣ чи таъсирҳои баде дар афрод ва ҷомеа дорад ва роҳи дармони ин беморӣ чи ҳаст.

Бадгумонӣ инсонро ба таҷассус ва кофтуков дар корубори дигарон водор мекунад. Таҷассус сарчашмаи ғайбат шуда ва кам-кам сабаб мешавад, ки обрӯи инсон, ба хатар биафтад.

Дар ҳақиқат гумони бад сабаби ҷустуҷӯгарӣ ва ҷустуҷӯгарӣ сабаби кашфи асрор ва розҳои ниҳони мардум аст. Агар иҷоза дода шавад ҳар кас ба ҷустуҷӯгарии дар бораи дигарон бархезад ҳайсият ва обрӯи мардум бар бод меравад ва Ислом ҳаргиз иҷозаи чунин кореро намедиҳд.

Решаи бадгумонӣ

Реша ва маншаи бадгумонӣ ҷаҳл ва нодонӣ ва зуд қазоват кардан аст; Инки инсон аз ҳақиқат огоҳ нест боиси бадгумонӣ мешавад ва дар ин миён ҳам шайтон бекор намемонад ва шурӯъ ба васваса ва инҳироф кардани зеҳн мекунад.

Дар муҳитҳои динӣ ва мазҳабӣ, муҳити хонаводагӣ асл бар гумони нек аст то ҳақиқат ошкор шавад. Дар ин муҳитҳо агар ҳарфе, ҳаракате, нигоҳ ва ҳар рафторе дида мешавад бояд бо гумони нек ба он нигоҳ кунем магар замоне ки бад будани он ошкор шавад.

Аммо дар муҳитҳои ғайри имонӣ ва ғайри динӣ, ки тарафи мо муъмин нест, асл ба бадгумонӣ аст магар инки хилофаш собит шавад.

Муҳимтарин таъсирҳои бадгумонӣ

1- Бистари гуноҳ: Бадгумонӣ аз назари фардӣ ва шахсӣ, замина ва бистари гуноҳро фароҳам меовард; Аз ҳамин рӯ, Худованд дар ояти 12-и сураи Ҳуҷурот онро ба унвони гуноҳ дониста ва наҳи кардааст.

2- Таҳдиди бародарии имонӣ: Бадгумонӣ аз назари иҷтимоӣ, таҳдид ба шумор меояд; Зеро фазои равонии ҷомеаро ба ҳам мерезад ва дар ба вуҷуд омадани ҳамдилӣ ва ваҳдату бародарии исломӣ дар ҷомеа халал мерасонад.[1]

3- Дурӯғтаринҳо: Бадгумонӣ аз ҷумлаи дурӯғ тарин дурӯғҳо аст, ки бояд аз он парҳез кард. Паёмбари Худо(с) мефармояд: Аз гумон бипарҳезед; Зеро гумон дурӯғ тарин дурӯғ аст.[2]

4- Тарс ва бухлу ҳирс: Аз осори бадгумонӣ тарс ва бахилӣ ва ҳирс аст. Паёмбар(с) мефармояд: Ҳамоно тарс ва бухл ва ҳирс, [ҷилваҳои] як хислатанд, ки бадгумонӣ, онҳоро фароҳам овардааст.[3]

5- Сарзаниш: Касе, ки гумони бад дорад, бар асоси он, дигаронро сарзаниш мекунад, ки худ сабаби гумроҳӣ ва дӯр шудан аз роҳи ҳақ мешавад. Мо дар бораи амали бад доштани худамон яқин дорем ва худамонро сарзаниш намекунем, вале бар асоси бадгумонӣ, дигаронро ба чизе, ки яқин надорем ва танҳо гумон дорем, сарзаниш мекунем, ки бисёр нодуруст аст.

6- Аз даст рафтани боварии дутарафа: Бадгумонӣ муҳимтарин сармояи иҷтимоӣ яъне боварӣ доштан ба ҳамдигарро аз байн мебарад ва мушкилоти зиёде ба вуҷуд меоварад. Имом Алӣ (а) мефармояд: Бадтарин мардум касе аст, ки ба сабаби бадгумонӣ ба ҳеҷ кас боварӣ намекунад ва дигарон низ ба сабаби бадкирдориаш ба ӯ эътимод наме кунанд.[4]

  1. Аз даст рафтани сулҳу оштӣ: бадгумонӣ монанди беморӣ, шахсро аз дарун мехӯрд ва саломатиашро дигаргун мекунад тавре, ки дигар ҷое барои сулҳу сафо ва оштӣ боқӣ намемоанд. Шахс, дигар наметавонад кинаҳоро аз худ дӯр кунад ва дасти сафо ва самимият ба сӯи касе дароз кунад ва аз дари ошти дарояд. Имом Алӣ (а) мефармояд: Ҳар, ки бадгумонӣ бар ӯ чира шавад, ҷои оштӣ бо ҳеҷ дӯсте боқӣ нагузорад.[5]
  2. Аз даст рафтани дӯстони шафиқ: Аз дигар осоре аст, ки Имом Алӣ (а) дар суфориш ба фарзанди худ имом Ҳасан (а) ба он ишора карда ва фармудааст: Бадгумонӣ, туро аз дӯсти дилсӯз маҳрум накунад.[6]
  3. Марги зудрас: Инсон дорои аҷали муаллақ ва аҷали мусаммо аст. Аҷали муаллақ ба рафтори инсон вобаста аст. Хубу бади аъмол мисли силаи раҳм ва тарки он ё садақа ва тарки он метавонад дар дер ё зуд расидани он таъсир дошта бошад. Аз назари Қуръон, шаккокият ва бадгумонӣ ба хусус нисбат ба Худованд сабаб мешавад то шахс гирифтори марги зудрас шавад; Чунонки тарки шаку бадгумонӣ метавонад маргро то аҷали мусаммо ба таъхир андозд.[7]
  4. Нотавонӣ аз фаҳми ҳақиқат: Чунонки гуфта шуд бадбинӣ ва бадгумонӣ сабаб мешавад, ки инсон воқеиятҳо ва ҳақиқатҳоро натавонад бифаҳмад. Худованд дар Қуръон ба ин ишора кардааст.[8]

Дармоне барои бемории бадгумонӣ

Дар ҳамаи корҳои тарбиятие, ки бихоҳем фазилате ба вуҷуд биояд ва ё разилае бар тараф шавад, бояд ду қадам бардошта шавад:

1- Аз ҷиҳати фикрӣ ва назарӣ; Фард бояд назараш дар бораи он чиз ислоҳ шавад; масалан дар мавриди бадгумонӣ, фард бояд осор бадгумониро аз тариқи илм ва китобҳо, оёту ривоёт бидонад ва назараш ба бадгумонӣ манфӣ шавад.

2- Аз ҷиҳати амалӣ; Дар амал бояд бар хилофӣ бадгумонӣ амал кунад. Яъне гумони бад мегӯяд бо ӯ қаҳр кун, вале бояд бар хилофи он амал кунем ва бо шахс робитаи хуб барқарор кунем.

[1] . Ҳуҷурот, оятҳои 10 ва 12

[2] . Биҳорул анвор: ҷ 75, с195, ҳадис.8

[3] . Биҳоруланвор: ҷ 73, с.304, ҳадиси.21.

[4] . Ғурарулҳикам

[5] . Ғурарулҳикам 8950

[6] . Биҳоруланвор: ҷ.77, с.211, ҳадиси1

[7] . Иброҳим, оёти 9 ва 10

[8] . сураи Духон, оёти 7 то 9; Тафсири аттаҳрир ва аттанвир, ҷ 12, ҷузъи 25, саҳ. 284 – 285

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.