Сабук шумурдани намоз

202

Дар сураи Моун мехонем:

«Вой бар намозгузороне, кӣ: намози худро ба дасти фаромӯшӣ месупоранд, онҳо, ки риё мекунанд».

Шарҳи кӯтоҳ:

Дар оёти боло аз ду чиз дар намоз, бисёр наҳи кардааст:

  • Фаромӯшкорӣ ва ғафлат дар асли намоз.
  • Риёкорӣ дар намоз.

Қобили таваҷҷуҳ инкӣ: Намегуяд: Онҳо дар намозашон, саҳв мекунанд, зеро ба ҳар ҳол, барои ҳар кас воқеъ мешавад, балки мефармояд аз асли намоз, саҳв мекунанд, яъне вой бар онон, ки асли намозро беааҳаммиятӣ мекунанд ва нисбат ба он саҳлангор ва беангезаву бепарво ҳастанд.

Бинобарин, ононки бар асари саҳлангорӣ, намозро тарк мекунанд, ё дар вақташ анҷом намедиҳанд ва ё онро сарсарӣ ва ноқис анҷом медиҳанд, ин оя шомили онҳо шуда сазовори “вайл” мешаванд.

Ва низ онон, ки намозро барои Худо барпо намедоранд, ва дар анҷоми он риёкорӣ мекунанд, сазовори “вайл” ва азоби сахти илоҳӣ ҳастанд.

Муҳаммад ибни Фузайл мегӯяд: Аз имом Козим (а) пурсидам: Мақсад аз саҳв дар ин оя чист? он Ҳазрат дар посух фармуд: «Мақсад, табоҳ намудани намоз аст».[1]

Понздаҳ кайфар барои он кас, ки намозро сабук бишуморад:

Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд: Ҳар кас дар амри намоз, сустӣ кунад ва онро сабук бишуморад, Худованд ӯро дучори понздаҳ бало мекунад.

1- Кӯтоҳии умр.

2- Камии рӯзӣ.

3- Гирифтани симои солеҳон аз чеҳрааш.

4- Подош надодан ба аъмолаш.

5- Мустаҷоб нашудани дуояш.

6- Баҳраманд нашудани ӯ аз дуои солеҳон.

7- Марги зиллатбор.

8- Марг дар ҳоли гуруснагӣ ва ташнагӣ.

9- Маъмур шудани фаришта барои шиканҷа додани ӯ дар олами қабр.

10- Танг намудани қабри ӯ.

11- Торик шудани қабри ӯ.

12- Маъмур шудани фаришта, барои кашондани ӯ аз ноҳияи чеҳра бар замин дар пеши мардум.

13- Ҳисобрасии шадиди қиёмат.

14- Назар ва таваҷҷуҳ накардани Худо ба ӯ.

15 – Ибтило ба азоби сахт.[2]

Имом Алӣ (а) фармуд:

«Мабодо саргармӣ ба чизе аз умури дунё шуморо аз анҷоми намоз дар вақташ боз дорад, Худованд (дар Қуръон) қавмҳоеро ба хотири ҳамин сарзаниш карда ва мефармояд:

“Онон, ки ғофил буда ва нисбат ба вақтҳои намоз саҳлангор ҳастанд ва онро сабук мешуморанд”[3]

Имом Содиқ (а) дар маънӣ ояи боло фармуд: “Он кас, ки бе узр намозро аз аввали вақташ дер кунад” ва дар ҷои дигар фармуд: “Яъне намозро тарк кунад ва дар мавриди намоз сустӣ ва саҳлангорӣ намояд”.

Яке аз шогирдони имом Содиқ (а) ба номи Юнус, аз он ҳазрат пурсид: “Оё мақсад аз саҳв дар намоз, васвасаи шайтон аст?, ки сабаби фаромӯшӣ дар миёни намоз мешавад.

Имом Содиқ (а) дар посух фармуд:

На, мақсад ин нест, зеро ҳар касе дар намоз саҳв мекунад, балки мақсад он аст,кӣ: аз намоз ғофил гардад, ба тавре, ки бар асари ғафлат, онро дар аввали вақташ анҷом надиҳад».[4]

Расули Акрам салаллоҳу алайҳи ва олиҳ фармуд: «Аз ман нест касе, ки намозашро сабук бишуморад». Сипас афзуд: «Савганд ба Худо чунин касе дар канори ҳавзи Кавсар, бар ман ворид намегардад».

Имом боқир (а) фармуд:

Рӯзе Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва олиҳ вориди масҷид шуд, шахсеро дид, ки бо шитобзадагӣ, намоз мехонд ва бо рукӯу суҷуди ноқис, онро анҷом медиҳад, фармуд: Амали ин шахс монанди нӯл задани зоғ бар замин барои чидани дона аст.

«Агар ин шахс бо чунин намозе, бимирад, қатъан хориҷ аз дини (Ислом) мурдааст».[5]

[1] . Фурӯи Кофӣ, ҷ3, саҳ.268.

[2] . Сафинатулбиҳор, ҷ.2, саҳ.44.

[3] . Тафсири Бурҳон, ҷ4, с511.

[4] . Ҳамон мадрак.

[5] . Фурӯи Кофӣ, ҷ.3, саҳ.268.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.