Баракати шири модар

111

Паёмбари Худо (с): Барои кўдак ҳеҷ чизе беҳтар аз шири модараш нест.

Имом Алӣ (а): Ҳеҷ шире, ки кӯдак бо он тағзия шавад, бо баракаттар аз шири модараш нест.

Замони шир доданд

Қуръон

Ва модароне, ки бихоҳанд шир додан ба кўдаконашонро комил созанд, ду соли тамом шир бидиҳанд.[1]

Ва мо суфориши падару модарро ба инсон кардем, модараш ба ў бордор шуд, дар ҳоле ки заъф бар рўи заъф афзуда мешуд ва аз шир гирифтанаш дар ду солагӣ буд.[2]

Ҳадис

.Имом Содиқ (а): Ширхорӣ 21 моҳ аст. Пас ҳарчи кам шавад, ситам бар кўдак аст.

[1] Бақара/233.

[2] Луқмон/14.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.