Итъом ва ифторӣ додан дар моҳи мубораки Рамазон

202

Авлиёи илоҳӣ рӯзадорон ва меҳмонони илоҳиро ҳамвора ба итъом ва ифторӣ додан ба мӯъминон супориш мефармоянд, ки беҳтарин замина дар роҳи таҳсили фазилати саховат ва эҳсон барои одамӣ аст. Чӣ ширин аст, ки инсон ба осонӣ соҳиби аҷру подоше гардад, ки дигарон мебаранд ва шарики ибодати мӯъминон шавад. чаро ки қуввати рӯзуаи рӯзадорон барои ин ибодати бузург аз баракати он ифторӣ ва ғизое аст, ки аз сари суфраи вай тановул кардаанд, ба ҳамин хотир аҷру савоби ибодатҳое, ки ба кӯмаки қуввати он ифторӣ ва ғизои хӯрдашуда анҷом мегирад, дар номаи аъмоли ифтордиҳанда навишта хоҳад шуд.

Гӯё соҳиби суфра дар баробари як ваъдае таом иддаеро ба хидмат гирифтааст, то барои ӯ ба ҷамъоварии тоату ибодат машғул бошанд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки итъом ва пазироӣ аз меҳмон ҳамвора дар дини мубини Ислом ва ба вижа дар ин моҳи пур файзу баракат, ки аҷри ҳар ибодате чандин баробар аст, мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад, ки суди он низ ба худи хайркунанда мерасад. Дар ривоят омадааст, ки сайиди анбиё, расули аъзам, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мефармояд: “Чун Худои Мутаол хоҳад, ки ба иддае хайр расонад ҳадяе атояшон мефармояд” пурсиданд: “Ё Расуллаллоҳ он ҳадя чист?” фармуд: “Меҳмон аст, ки ризқу рӯзии хешро ба ҳамроҳ меоварад ва чун меравад гӯноҳони соҳиби хонаро мебарад. (яъне, Худованд гӯноҳони соҳиби хонаро мебахшад)”

Авлиёи      илоҳӣ худ дар икроми меҳмон пешгом будаанд ва дарси меҳмоннавози ва итъомро аз онон бояд омӯхт. Дар аҳволи ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳ) гуфтаанд, ки рӯзе он ҳазратро дар ҳоли гиря диданд, чун иллатро ҷӯё шуданд фармуд: “Муддате аст, ки маро меҳмоне нарасидааст ва аз он тарсам, ки Худованд хорам карда ва аз худ ронда бошад.”

 

Ҷаҳон бар об наҳодасту зиндагӣ бар бод,

       Ғуломи ҳиммати онам, ки дил бар ӯ нанаҳод.

Гарат зи даст барояд, чун нахл бош карим,

Варат зи даст наёяд, чу сарв бош озод.

                                                                                                                             Саъдӣ.

Одоби ифторӣ додан

Дар дини мубини Ислом ҳар амалеро ҳадду ҳудуде ва ҳар фазилат ва суннатеро одобе аст, ки ҳифз ва риояти он барои мусулмонон фарз ва зарурӣ аст. Меҳмонӣ ва итъом низ аз ҳамин шумор аст, ки одоби хоссе дорад ва соҳибхона бояд ба онҳо таваҷҷӯҳ кунад, то амали хешро ботил насозад ва ба беҳтарин наҳве мавриди ризояти Ҳақ Таоло қарор гирад. Ихлос ва хулуси ният, аввалин ва муҳимтарин матлабе аст, ки дар итъоми мӯъминон фарз аст. Соҳиби хона набояд ҷуз қурби Худои мутаъол, иҷрои суннати Паёмбари Акрам ва шодмонии мӯъминон қасде дошта бошад ва бояд даруни худро аз риё ва фахрфурӯшӣ ба мардум покиза созад чаро, ки бо ин разилатҳо ва нопокиҳо амали инсон ботил мешавад ва ҷуз хасорат барои соҳиби суфра чизе ба бор нахоҳад овард.

       Дар даргаҳи мо, дусти якдила кун,

           Ҳар чиз, ки ғайри мост, онро яла кун,

       Як субҳ ба ихлос биё дар бари мо,

            Гар кор ту бар наёяд, онгаҳ гила кун.

                                                                               Абусаиди Абулхайр

Аз дигар одоби итъом додан ин аст, ки соҳиб хона набояд бештар аз он чи, ки дар тавони ӯст худро ба сахтӣ бияндозад.   Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар ҳадисе  мефармояд:

مَن فَطَرَ صَائِمًا کَانَ مَغفِرَةً لِذُنُوبِهِ وَ عِتقِ رَقَبَتِهِ مِنَ النَّارِ قَالُوا یَا رَسُولَ اللهِ لَیسَ کُلُّنَا یَجِدُ مَا یُفَطِّرُ الصَّائِمَ فَقَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّی اللهُ عَلَیهِ وَ آلِهِ: یُعطِی اللهُ هَذَا الثَّوَابَ مَن فَطَّرَ صَائِمًا عَلَی تَمرَةٍ اَو عَلَی شَربَةٍ اَو عَلَی مَذقَةِ لَبَنٍ.

Ҳар кас дар ин моҳ як рӯзадорро ифторӣ бидиҳад ин ифтории ӯ сабаби бахшидашудани  гӯноҳони ӯ ва наҷоташ аз оташи ҷаҳаннам мешвад.   Асҳоб ба Паёмбар(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) гуфтанд: Ҳамаи мо тавоноии ифтор додани рӯзадорро надорем. (Пас мо чӣ кор кунем?)

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) гуфтанд: “Худованд барои касе, ки рӯзадореро (ҳатто) ба андозаи як дона хурмо ё як пиёла об ва ё як пиёла шири омехта бо об ифтори бидиҳад, ин савобро медиҳад.

Яке дигар аз одоби таъом ва меҳмонидодан он аст, ки соҳиб хона дар даъвати хеш, наздикон ва хешовандон, инсонҳои бо тақво ва ниёзмандро дар авлавият қарор диҳад. Барои мӯъминон низ қабули даъвати бародаи мӯъмини худ лозим аст ва нияти онон аз ин қабули даъват на пуркардани шикам ва серии ҷисмонӣ балки ҷалби ризояти Илоҳӣ бо амал ба дастури Паёмбари Акрами Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар пазириши даъвати бародарон аст; чаро, ки он ҳазрат мефармояд: “Ҳар мусалмоне бояд, ки даъвати бародари худро иҷобат кунад; ҳарчанд миёни эшон фосилаи бисёр бошад.”

Албатта бар аҳли диққат пушида нахоҳад монд, ки ин дастур дар мавриди даъвати касоне аст, ки ба қонуни дини Ислом амал мекунанд ва дар пайи ризояти Парвардигоранд, вале бояд аз ширкат дар маҷлисҳое, ки амали ҳаром, лаҳву лаиб, ғайбати бародарони мӯъмин, ғизои ҳаром ва дигар сабабҳои ғазаби илоҳӣ аст, парҳез шавад.

Пас маҷлисҳои ифторӣ дар ин моҳ пур хуйру фазилат, бояд бо атру буйи дуъо ва Қуръон ва зикр, мусаффо ва ба ҳолоти хуши маънавӣ, музаян гадад, ки ба фармудаи Расули Акрам Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) чунин маҷлисҳое боғҳои биҳиштанд. Дар ривоят омадааст, ки Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) фармуд: “Бишитобед басӯи боғҳои биҳишт!” Пурсиданд: “Боғҳои биҳишт кадоманд?” Фармуд: “Ҷаласаҳо ва ҳалқаҳои зикру [ёди Худо].

Осмон рашк барад баҳри замини, ки дар ӯ,

Ду нафар як ду нафас баҳри Худо биншинанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.