Муроқибатҳои моҳи шарифи Рамазон бояд чигуна бошад?

119

Посух: ҷойгоҳи моҳи Ҳудованд бо илҳом аз суханони Расули Акрам (с) чунин мебошад:

Паёмбари бузургвори Ислом (с) дар бахше аз суханони хеш ба одоби муошират пардохтаву рӯзадоронро барои ба коргирии ин одоб супориш кардааст.

Он ҳазрат бо ироаи роҳкорҳои асосӣ аҳли имонро бо шеваҳои бартар ҳидоят мекунад.

Бархе аз ин роҳкорҳо иборатанд аз:

Ахлоқи нек

Он ҳазрат мефармояд:

وَ مَن حَسَّنَ مِنکُم فی هذا الشَّهرِ خُلُقَهُ کانَ لَهُ جَوازاً عَلی الصِّراطِ یَومَ تَزِلُّ فِیه الأَقدامُ؛

Ҳар кас аз шумо дар ин моҳ ахлоқи худро некӯ гардонад Худованди Мутаол барои ӯ ҷавози гузаштан аз пули сиротро дар он рӯзе, ки гомҳо мелағзад содир мекунад.

Аҳамияти ин сухан замоне равшан мешавад, ки диққат кунем инсони рӯзадор гоҳе бар асари ташнагӣ ва гуруснагӣ тоқати худро аз даст медиҳад ва дар натиҷа тавони камтаре дар муқобили бад рафторӣ хоҳад дошт; ба вижа онки дар ҳавои гарм рӯза бигирад ва бар асари шабзиндадорӣ ва саҳархезӣ дар шабҳои моҳи Рамазон бехобӣ кашида бошад.

Чунин фарде агар тоқати сабрро аз даст бидиҳад дар муқобили кучактарин нохушиҳо асабӣ мешавад ва бо дигарон бархӯрди ношоист хоҳад дошт.

Расули Ҳудованд (с) дар такмили гуфтори иззат бахши худ мефармояд:

وَ مَن کَفَّ فِیهِ شَرَّهُ کَفَّ اللهُ عَنهُ غَضَبَهُ یَومَ یَلقاهُ؛

Ва ҳар кас дар ин моҳ шар ва хашми худро аз мардум боз дорад Худованд дар рӯзи мулоқоташ ғазаби худро аз вай боз хоҳад дошт.

Эҳсону ифтор

Аз дигар авсофи рӯзадорони ростин, ки дар каломи Паёмбар (с) бар он таъкид шудааст ифтор додан ба рӯзадорон мебошад.

Он ҳазрат дар ин бора фармуд:

مَن فَطَّرَ مِنکُم مُؤمِناً صائِماً فی هذا الشَّهرِ کانَ لَهُ بِذلِکَ عِندَاللهِ عِتقُ رَقَبَهٍ وَ مَغفِرَهٌ لِما مَضی مِن ذُنُوبِهِ؛

Ҳар кас аз шумо дар ин моҳ мӯъмини рӯзадореро ифтор диҳад барои ӯ назди Худованд подоши озод сохтани як бардау омурзиши ҳамаи гуноҳони гузаштаашро хоҳад шод.

Расидагӣ ба ниёзмандон

Моҳи шарифи Рамазон заминае омода мекунад, ки дилҳои парвопеша ба сӯи ниёзҳои асосии ҷомеа кашида шавад. Агар як инсони рӯзадор баъд аз намозҳои фарз дуо бихонад, аммо ҳаргиз дар андешаи ёрӣ ба заифон ва ниёзмандон набошад рӯзаву дуову аъмоли ӯ чи арзише хоҳад дошт! ба ҳамин ҷиҳат Паёмбар (с) моҳи Рамазонро замони муносиб барои фақр зудоӣ, рафъи камбудиҳову расидагӣ ба фуқарои муслимин медонад ва мефармояд:

تَصَدَّقُوا عَلی فُقرائِکُم وَ مَساکِینِکُم

Бар фақирону заифони худ эҳсон кунеду садақа диҳед.

Эҳтиром ба бузургону такрими кӯдакон

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

وَقِّرُوا کِبارَکُمْ وَ ارْحَمُوا صِغارَکُمْ

Ба бузургонатон эҳтиром бигузоред ва ба кучактарҳоятон меҳр биварзед.

Аз омӯзаҳои бо баракати фарҳанги Ислом таъзими пиронсолони ҷомеа мебошад. Аз манзари Паёмбари Акрам (с) бузургтарҳову пиронсолон сармояҳои арзишманд ба ҳисоб мераванд, ки илова бар интиқоли миросу таҷрибаи насли гузашта ба насли оянда худ намунаи умри заҳмату талош ва фидокорӣ ҳастанд, ҳамчунин меҳрварзӣ ба кӯдакон ва бахшидани отифаву муҳаббат ба кӯдакон осори гаронқадре дар тарбияи насли ҷадид дорад, ки дар мабоҳиси тарбиявӣ муфассал ба он пардохта мешавад.

Силаи раҳму дидор бо хешовандон

Дидори хешовандон ва иттилоъ ёфтан аз зиндагии онон дар таҳкими равобиту издиёди муҳаббат таъсири фаровоне дорад. Афзун бар он аз манзари ривоёти исломӣ силаи раҳм дар осон шудани ҳисоби рӯзи қиёмат, тазкияи аъмол, зиёд шудани рӯзӣ, дафъи балоҳо, тули умр ва шодобӣ дар зиндагӣ муассир аст. Ба ҳамин ҷиҳат Расули Худо (с) мефармоянд:

Ҳар кас дар моҳи Рамазон силаи раҳм кунад Худованди Мутаол раҳмати худро дар рӯзи қиёмат шомили ӯ хоҳад кард ва ҳар кас қатъи раҳм кунад Худованди Мутаол раҳмати худро аз ӯ қатъ хоҳад кард.

Ятимнавозӣ ва заифпарварӣ

Паёмбари Худо фармуд:

وَ مَنْ اَکْرَمَ فِیهِ یَتیماً اَکْرَمَهُ اللهُ یَوْمَ یَلْقاهُ؛

Ҳар кас дар моҳи Рамазон ятимеро эҳтиром ва мушкиле аз ӯро ҳал кунад Худованд дар рӯзи қиёмат ба ӯ эҳтиром мегузорад.

Он ҳазрат дар идома фармуд:

وَ مَنْ خَفَّفَ فِی هَذا الشَّهرِ عَمَّا مَلَکَت یَمِینُهُ خَفَّفَ اللهُ عَلَیهِ حِسابَهُ؛

Ва ҳар кас аз шумо дар ин моҳ бар зердастонаш осон бигирад Худованди Мутаол низ дар ҳисобрасии рӯзи қиёмат бар ӯ осон хоҳад гирифт.

Дар поён дуо мекунем, ки Худованди Мутаол дар ин моҳи Шариф тавфиқи ибодату баҳрамандӣ аз хубиҳои моҳи Рамазонро ба мо насиб гардонад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.