6-уми моҳи мубораки Рамазон: Нузули Таврот

260

Таврот номи китобе аст, ки бар асоси оёти Қуръон ва ривоёти исломӣ, бар ҳазрати Мусо(а) дар шаби шашуми моҳи мубонаки Рамазон нозил шудааст[1] ва матолиби он ингуна тақсим шудаанд: Қисмати аввал сифри пайдоиш ё таквин аст, ки дар он достони офариниш, саргузашти ҳазрати Одам(а) ва Ҳаво, Нуҳ, Иброҳим, Лут, Исмоил, Исҳоқ, Яъқуб ва фарзандони вай аст вва  бо марги ҳазрати Юсуф(а) ба поён мерасад.

Қисмати дуввум матолибе чун моҷарои бардагии Бани Исроил дар Миср, таваллуд ва паёмбарии Мусо(а), хуруҷи Бани Исроил аз Миср, саргардонии онҳо дар биёбон ва расидани даҳ фармони илоҳӣ ба ҳазрати Мусо(а).

Қисмати севвум шомили аҳкоми шаръӣ ва одобу шаоире аст, ки дар воқеъ ба манзалаи китоби роҳнамои коҳинони Бани Исроил аз сибти Ловӣ ҳисоб мешавад.

Қисмати чаҳорум дарбаргирандаи гузориши ва саршумории қавми Бани Исроил ва ҳодисаҳое, ки байни роҳи Миср ва сарзамини мавъуд бар ин қавм гузашт.

Қисмати панҷум муқаррарот ва фармонҳои асфори қаблӣ аз забони Мусо(а) хитоб ба Бани Исроил ва таъини Юшаъ ба унвони раҳбари Бани Исроил ва дар поён даргузашти Мусо(а) аст.[2]

Имруза Аҳди қадими Пратестантҳо 39 китоб дорад дар ҳоле, ки Аҳди қадими калисои Католики Рум дорои 46 китоб аст.

[1] Ассунанул кубро, ҷ9, Ҳадиси18649, Тафсири табарӣ, ҷ2, саҳ145.

[2] . Доиратулмаорифи дин, ц.2, саҳ.153.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.