Дар моҳи Рамазон меваҳо ва сабзиҷоти пуроби бештаре истеъмол кунед

166

Лозим аст дар моҳи  Рамазон  шаш ваъда(навбат)и  ғизоиро, ки шахс дар як рӯзи   оддӣ дорад, байни  чаҳор навбати  ғизоӣ  тақсим кунад.
Саҳархурӣ  яке аз муҳимтарин навбатҳои  ғизоӣ дар моҳи Рамазон аст, ки ҳаргиз набояд сарфи назар шавад. Дар  ин ваъдаи ғизоӣ бояд аз карбогидратҳо ба мизони  кофӣ истифода шавад.
Биринҷ  ва макарон аз ҷумлаи маводи ғизоии  тавсияшуда барои навбати  саҳарӣ  аст, аз он ҷое, ки моҳи  Рамазони  имсол дар фасли гармо қарор дорад, лозим аст аз об ва моеъот низ ба мизони кофӣ дар саҳархурӣ  истифода шавад.
Коршиносони соҳаи хурокворӣ  таъкид мекунанд, ки рӯза бояд бо истеъмоли  моеъоти  гарм, шир, супи рақиқ, чой ва маводи ширинӣ монанди хурмо ифтор кард ва байни  ифтор ва сарфи хуроки  шом  як соъат фосила бошад. Дар ваъдаи  шом  низ беҳтар  аст, аз маводи  равғанӣ  ва  пуркарбогидрат  камтар  истифода шавад, аммо масрафи маводи   протеинӣ  бештар бошад. Як соъат пас аз сарфи шом  низ   метавон  навбати  дигареро   дар назар гирифт, ки шомили  мева ва сабзиҷоти кофӣ бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.