Маъно ва мафҳуми моҳи Рамазон

98

Рамазон аз калимаи «рамаз» гирифта шудааст ва барои он, ду  маъно зикр кардаанд.

1- «Рамаз» ба маънои бороне аст, ки дар фасли тирамоҳ меборад ва заминро аз гарду ғубор ва олудагӣ шустушӯ медиҳад.[1]

Аз ин рӯ ин вожаро рамазон мегӯянд: Чун рӯҳу равонро аз олудагиҳо ва нопокиҳо пок мекунад.

2- Вожаи «рамаз» ба маънои сангу регҳои сӯзоне аст, ки ҳангоми тобиши мустақими нури офтоб аз шиддати гармӣ сӯзанда мешаванд.

Бинобар ин, агар ба ин моҳи муборак, Рамазон гуфта мешавад ба ин хотир аст, ки ин моҳ бо хусусияте, ки дорад, замина ва авомили гуноҳ ва инҳирофро месӯзонад ва мавонеи ба камол расиданро аз сари роҳ мебардорад ва заминаи хуберо барои поксозии рӯҳ фароҳам мекунад.

Вожаи Рамазон калимае аст, ки бояд аз он бо эҳтироми зиёд ёд намуд; зеро яке аз номҳои Худованд «Рамазон» аст.

Имом Боқир(а)фармуданд:

Нагӯед, ки ин Рамазон аст  ва ё ин ки Рамазон рафт ё Рамазон омад, чаро ки Рамазон яке аз номҳои Худованд аст, ки на меояд ва на меравад, чаро ки чизи зоилшаванда ва азбайн равандааст, ки рафту омад дорад (на чизе ки собиту ҳамеша аст). Валекин бигӯед,  ки моҳи Рамазон, чаро ки моҳ аст, ки ба номи мубораки Худо (яъне Рамазон) изофа шудааст. Ва он моҳест, ки Қуръон дар он моҳ бар Расули Акрам(с) нозил шудааст”.[2]

Ин моҳ нӯҳумин моҳи сол дар тақвими ҳиҷрии қамарӣ ва ягона моҳе аст, ки номаш дар Қуръон омадааст ва яке аз номҳои Худованд аст, аз ин рӯ дар ривоёт таъкид шудааст,  ки калимаи моҳ ба Рамазон изофа гардад ва ба танҳоӣ ёд нашавад.

Замахшарӣ гӯяд: “Чаро ин моҳро Рамазон  номидаанд? Гӯям: Рӯза дар моҳи Рамазон, ибодати дерина аст ва гӯё арабҳо ин номро ба хотири доғ шуданашон аз ҳарорати гуруснагӣ ва чашидани сахтии он, ниҳодаанд. Ҳамчунон  ба он «нотиқ» (ранҷовар) ҳам гуфтаанд, чун сахтии рӯза онҳоро ба ранҷу заҳмат меафканад ва ин моҳ дар рӯзҳои гарму доғ будааст”.[3]

[1] -Ал­­-айн, Халил ибни Аҳмад, моддаи рамаз.

[2] – لا تقولوا هذا رمضان و لا ذهب رمضان و لا جاء رمضان فان رمضان اسم  من اسماء الله لا یجئ و لا یذهب و انما یجئ و یذهب الزائل و لکن قولوا شهر رمضان فالشهر المضاف الی الاسم و الاسم اسم الله وهو الشهر الذی انزل فیه القرآن.

[3] ­-Ал-Кашшоф, ҷ.1, саҳ.113.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.