Баракоти ибодат дар ҷавонӣ

539

Паёмбар (с): Ҳар ки дар ҷавонӣ хуб бандагӣ кунад, Худованд дар пирӣ ба вай ҳикмат меомўзад. Худои Мутаол мефармояд: «Ва чун ба рушду камоли хеш расид, ба ў ҳикмату дониш ато кардем» ва дар идомаи оят мефармояд: «Ва некўкоронро чунин подош медиҳем».

Паёмбар (с): Худованди азза ва ҷалла ҳафт гурўҳро дар сояи хеш бидорад, он рўзе, ки ҷуз сояаш сояе нест: пешвои адолатпеша ва ҷавоне, ки дар бандагии Худованди азза ва ҷалла рушд кардааст ва …

Паёмбар (с): Ҳар ҷавоне, ки дар донишу ибодат рушд кунад, то бузург шавад, Худованди Мутаол дар қиёмат подоши 72 сиддиқ ба вай мебахшад.

Паёмбар (с): Эй Абўзар! Ҳеҷ ҷавоне нест, ки дунёву хушияшро ба хотири Худованд канор ниҳад ва ҷавонияшро дар роҳи бандагии Худо сипарӣ кунад, магар он ки Худованд ба вай подоши 72 сиддиқ бибахшад.

Паёмбар (с): Беҳтарин уммати ман касе аст, ки ҷавонияшро дар фармонбардорӣ аз Худованд сипарӣ кунад ва худро аз хушиҳои дунё вогираду шефтаи охират бошад. Ба ростӣ, ки подоши ў назди Худованд бартарин ҷойгоҳи биҳишт аст.

Имом Содиқ (а): Худованд се гурўҳро бидуни ҳисобрасӣ вориди биҳишт мекунад: … пешвои адолатпеша, бозаргони ростгў ва пирамарде, ки умри худро дар фармонбарӣ аз Худованд сипарӣ кардааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.