Нақши ҷавонӣ дар омӯзиш

332

 

Паёмбар (с): Он ки дар ҷавонияш биёмўзад, омӯхтааш монанди нақши бар санг аст ва он ки дар бузургсолӣ биёмӯзад, монанди навиштан бар рӯи об аст.

Имом Алӣ (а): Илмро дар хурдсолӣ биёмӯзед, то дар бузургсолӣ ба он бузургӣ кунед.

Имом Алӣ (а): Он ки дар хурдсолӣ худро (барои таҳсили донишу фазилат) ба кӯшиш водор насозад, дар бузургсолӣ ба бартарӣ (фазл) намерасад.

Имом Алӣ (а): Ҷавононро ба мубоҳисаву ҷидол (-и илмӣ) ва миёнсолонро ба андешидан ва пиронро ба сукут фармон диҳед.

Имом Боқир (а): Падарам Зайнулобидин (а), ҳаргоҳ ба ҷавононе, ки дониш меомӯхтан менигарист, ононро ба худ наздик мекарду мефармуд: «Офарин бар шумо, ки амонатҳои (мардум барои омӯхтани) донишед ва ба зудӣ шумо хурдсолони ҷомеа, бузургони ҷомеаи дигар мешавед».

Имом Содиқ (а): Дӯст надорам ҷавонони шуморо ҷуз дар ду ҳолат бибинам: донишманд ё донишҷў. Агар (ҷавоне) чунин накунад, кӯтоҳӣ кардааст ва агар кӯтоҳӣ кард, табоҳ сохтааст ва агар табоҳ сохт, гуноҳ кардааст ва агар гуноҳ кунад, савганд ба он ки Муҳаммад (с)-ро ба ҳақ барангехт, дўзах нишин хоҳад шуд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.