Ифтихори Худованд ба ибодати ҷавон

294

Паёмбар (с): Худованди Бузрг ба ҷавони ибодатпеша назди фариштагон ифтихор мекунад, дар ҳоле ки мефармояд: «Бандаамро бингаред. Барои ман хостаҳои нафси худро канор ниҳодааст».

Паёмбар (с): Ҳеҷ ҷавоне хушиҳои дунё ва саргармиҳои онро канор наниҳод ва дар ҷавонӣ ба истиқболи бандагии Худо нарафт, магар он ки Худованд ба вай подоши 72 сиддиқ[1] бахшид. Онгоҳ фармуд: «Худованди Бузург (хитоб ба вай) мефармояд: «Эй ҷавони раҳокунандаи шаҳват ба хотири ман ва сипарикунандаи ҷавонӣ барои ман! Ту дар пешгоҳи ман монанди баъзе фариштагон ҳастӣ».

Имом Содиқ (а): Ба ростӣ, ки дўстдоштатарини офаридагон назди Худованд ҷавони камсолу хушсимое аст, ки ҷавонию зебоияшро дар роҳи фармонбардорӣ аз Худованди Бузург қарор додааст, он ки Худованди Бузург ба вай назди фариштагон ифтихор мекунад ва мефармояд: «Ин бандаи ҳақиқии ман аст».

[1] Сиддиқ ба касе гуфта мешавад, ки ҳамвора пойбанд ба ҳақ аст ва ё касе, ки одаташ ростӣ аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.