Эй кош ингуна набуд

75

 

Мутаасифона ин масъала хусусан дар туйҳо мавриди диққат қарор намегирд.

Масалан занҳои мусулмон бо руи ороиш карда ҳиҷобр мекунанд ва дар байни номаҳрамон ҳозир мешаванд ва ғофил аз ин, ки зан набояд ороиши худро ба марди номаҳрам нишон диҳад.

Ин масъала дар байни атрофёни арӯс ва домод бештар иттифоқ меафтад масалан хоҳарони арӯс дар канори арусу домод ҳозир мешаванд, ки домод онҳоро мебинад ва акс мегиранд ва бародарони домод низ ҳамин тавр арӯсро бо чеҳраи ороиш шуда мебинанд.

Ислом дӯст дорад зан ва шавҳар фақат махсуси ҳамдигар бошанд ва лаззатҷӯиҳои онҳо маҳдуд ба ҳарими хонавода бошад, ки агар ингуна набошад ҳарими хонавода аз ҳам мепошад. Заноне, ки бо чеҳраи ороиш шуда дар маҷомеи умумӣ ҳозир мешаванд ва бо ин кори худ ошуб дар дили шавҳари дигарон меандозанд бояд бидонанд, ки дар гӯшаи дигари шаҳр зани дигаре машғули оташ андохтан ба зиндагии ӯст.

Яке бомдодон ба фасли баҳор

Ҷавоне ба боғе фитодаш гузор

Ба шохе гуле дид хуш рангу бу

Ки аз ҷону дил гашт муштоқи ӯ

Гулӯяш биафшурду кардаш ҷудо

Зи гулҳои дигар ба ҷавру ҷафо

Чу он гул шуд ҷудо зи шохи дарахт

Биафтод дар дасти он тирабахт

Бикард аз тариқи таҳассур нигоҳ

Ба ёрону аз дил баровард оҳ

Бигуфто ки эй хоҳарони азиз

Барои шумо ҳаст ин рӯз низ

Гузоред ороиши худ канор

Бигиред дар зери барге қарор

Намоед худро аз ин дам ниҳон

Ки монед эмин зи ғоратгарон

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.