Чашмчаронӣ

159

Ҳамон тавр, ки пеш аз ин матраҳ шуд, Ислом ба манзури пешгирӣ аз инҳирофи ҷинсӣ, ба мардон ва занони муъмин дастур медиҳад, ки нигоҳи худро аз номаҳрам фурӯ пӯшанд. Касоне, ки аз амри Худо таҷовуз карда ва ба таври мукаррар нигоҳи шаҳватолуд ба занон менамоянд, муртакиби ҳаром шуда ва мунҳарифи ҷинсӣ шинохта мешаванд. Худованди Мутаол мефармояд: «Эй паёмбар ба муъминон бигӯ чашмҳояшонро фурӯ пушонанд ва домани хешро муҳофизат кунанд. Ин барои онон ба покӣ наздиктар аст. Худо ба ончи муъминон анҷом медиҳанд, огоҳ аст ва ба занони муъмин низ бигӯ, ки чашмони хешро аз мардони номаҳрам бипушонанд.» (сураи Нур, оятҳои.31-30)

Мақсад аз кантроли нигоҳ, ҳамон тавр, ки аз маънои калимаи «ғази назар» дар оя фаҳмида мешавад, фурӯ пӯшондани чашм ва идома надодани нигоҳ аст. Дар ҳадисе, ки аз имом Муҳаммади Боқир (а) нақл шуда, чунин омадааст: «Нахустин нигоҳ ишкол надорад; Аммо нигоҳи дувум ба зиёни туст ва на ба нафъи ту ва дар нигоҳи севум ҳалокат аст.» (Ҳурри Омулӣ, ҷ.14, боби 104, ҳадиси.8)

Аз сӯи дигар, дар подоши касе, ки нигоҳи худро аз ҳаром боз дорад, имом Содиқ (а) мефармоянд: «Ҳаргоҳ касе ба зане нигоҳ кунад, сипас сар ба сӯи осмон баланд кунад ё чашм бипушонад, пеш аз онки нигоҳаш боз гардад, Худованд аз занони биҳиштӣ ӯро медиҳад.» Дар ин ҳадис, контроли нигоҳ бо баргардондани он ба сӯи чизе аст, ки инсонро ба ёди Худо биандозад ё ҳаддиақал аз мавзӯи мавриди таваҷҷуҳ кам кунад. Дар Урватулвусқо, дар бораи нигоҳи мард ва зани номаҳрам ба якдигар омадааст, ки ҷоиз нест мард ба зани бегона (номаҳрам) нигоҳ кунад ва ҳам чунин нигоҳи зан ба марди аҷнабӣ (бегона) низ ҷоиз нест; Магар барои зарурат (аз қабили шиносоии беморӣ ва дармон) он ҳам бо шароити хоссе, ки дар китобҳои фиқҳӣ зикр шудааст (рк. Яздӣ, 1409қ: с805). Имом (ра) мефармоянд: «Нигоҳи мард ба сурат ва ду дасти зан то банди даст, бе қасди лаззат барои бори аввал ҷоиз аст; Вале такрори он ҷоиз нест.»

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.