Дармони худирзоӣ (қисмати аввал)

138

Ҳар навъ беморӣ ниёз ба дармон дорад ва бар асоси аҳамият ва дараҷаи шиддат ва заифи он, бояд навъи дармон ва миқдору чигунагии он низ муайян шавад. Бинобар ин агар гуфта шавад «худирзоӣ» чизе аст, ки пас аз муддате худ ба худ дармон мегардад ва ё пас аз издивоҷ мушкил ҳал хоҳад шуд тасаввури ботиле аст, зеро илму таҷриба хилофи онро собит кардааст.

Қадами аввал барои дармони ин одати шум, «эътиқод ва имон ба қобили дармон будани» он ва дӯрӣ аз ноумедӣ аст аммо расидан ба натиҷа ва эҷоди ҳаргуна тағйир ва дигаргунӣ ниёзманди гузашти замон, интихоби роҳи саҳеҳ ва ба коргирии дақиқи дастурҳои дармонгар ва мураббӣ аст. Аз ин рӯ тарки одати номатлуб дар замони кӯтоҳ бе роҳнамоии корозмуда ва дилсӯз имкон надорад.

Аз ҳамаи инҳо муҳимтар «ирода ва хости фард» нақши калидӣ ва меҳвариро ифо мекунад. Дармон ва чораҷӯӣ бояд хости фард бошад зеро то вақте, ки ӯ нахоҳад метавон бо қотеъият гуфт, ки дармон нахоҳад шуд бинобар ин, бемор агар бихоҳад метавонад бар бемориаш ғалаба кунад ва ҷумлаи маъруфи «хостан тавонистан аст» айни ҳақиқат аст. Ирода ҳамчун ниҳоле аст, ки бояд онро парвариш дод то ба марҳалаи худшкуфоӣ ва самардиҳӣ бирасад; Ба иборати дигар, ирода тақвият шуданӣ ва парвариш ёфтанӣ аст ва роҳи парвариш ва тақвияти он ин аст, ки бар хилофи майли худ, андак андак ба муқобила бо ин одати шум бархезад то пас аз муддате лаззати тавонистанро бичашад.

Нуктаи дорои аҳамият онки илова бар қудрати ирода ва кумаки мураббӣ ва дармонгар, неруи дарунии фитрат низ кумаккори инсон аст. Инҳироф бо фитрат созгор нест; Ба дигар сухан, фитрат ҳамчун сади ҷилави инҳироф ва туғёнро мегирад. Аз ин руст, ки ҷавони мубтало дар умқи вуҷудаш нодим аст ва роҳе ба сӯи покӣ ва раҳои меҷӯяд. Ин ҳамон неруи дарунии фитрат аст.

Мо дар бахши аввал (осебшиносии худирзоӣ) ба андозаи лозим иродаи хуфтаро бедор кардем, занги бедорбошро ба садо даровардем, ангезаро дучандон кардем. Чун баёни осори бад ва осебҳои ин амал ба таври қатъ виҷдонҳои хуфтаро бедор ва дилҳои муштоқ ба раҳоӣ аз чанголи деви зиштиҳо ва палидиҳоро ба ларза дар меоварад. Пас акнун эй навҷавони азиз ва эй ҷавони буруманд, навбати туст, ки гоми аввалро дар роҳи наҷоти худ бардорӣ ва нагузорӣ, ки ин иродаи бедоршудаат ба марҳалаи нуҳуфтагии хеш боз гардад. Акнун замони бедорбош аст, ғафлат ва сустиро аз худ дӯр кун ва бар шайтон бонг бизан, ва бидон кӣ, метавонӣ, ҳатман метавони!

Таваҷҷуҳ:

Дар даврони ҷавонӣ, инсон дар ҳеҷ заминае то ин андоза осебпазир нест, аз ин рӯ бояд ба асли «пешгирӣ» бисёр бештар аз «дармон» таваҷҷуҳ дошт.

Дар қисматҳои баъдӣ роҳҳои дармони худирзоиро баён мекунем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.