Роҳкорҳои коҳиши фишори хун

222

Чанд равиши табиӣ барои парҳез ва ё коҳиши фишори хуни боло:

 Масраф накарадни машруботи мамнӯъа

Масрафи машруботи мамнӯъа сабаби афзоиши фишори хун мегардад. Агар афродеро мешиносед, ки аз ин навъ машрубот истифода мекунад ва аз фишори хуни боло низ ранҷ мебарад, тавсия ба қатъи масрафи он метавонад дар коҳиши фишори хунаш пуртаъсир бошад.

  Варзиши пайваста

Имрӯза инсонҳо беш аз ҳар замони дигаре дучори камтаҳаррукӣ шудаанд. Афроде, ки замони бисёр зиёде аз зиндагии худро дар пушти мизҳо, даруни мошинҳо ва ё рӯи нимкатҳо сипарӣ мекунанд. Дар ҳоли ҳозир ҳам шоҳиди афзоиши рӯзафзуни чоқӣ дар афрод афрод ҳастем, ки худи ин амр робитаи наздике бо афзоиши фишори хун ва ҳатто афзоиши хатар ибтило ба диёбет ва саратон дорад.

Агарчи варзиш дар ибтидо сабаби афзоиши фишори хун мешавад, аммо бо боз кардани рагҳои хунӣ сабаби оддӣ шудани фишори хун хоҳад шуд. Варзиши пайваста, ҳатто агар ба шакли пиёдаравӣ ва қадам задани сареъи рӯзона ҳам бошад метавонад сабаби коҳишу контроли фишори хун гардад ва бисёре аз мардум метавонанд бо анҷоми ин кор, вобастагӣ ба масрафи доруҳоро коҳиш диҳанд.

 Оромиши рӯзона

Шароити зиндагии бисёре аз афрод ва сабки зиндагии ҷадид сабаб мешавад то шахс ҳамвора дар маърази изтироб бошад, ки худи ин амр сабаби афзоиши фишори хун хоҳад буд. Агар шумо аз он гурӯҳе ҳастед, ки зиёд асабонӣ мешавед ва ё таниш доред, ёдгирии роҳҳои контролии изтироб метавонад нақши мусбате дар зиндагии шумо дошта бошад.

Кам кардани шитобзадагӣ дар зиндагӣ ва таваҷҷӯҳ ба кайфияти зиндагӣ, ихтисоси замони бештаре ба худ барои истироҳат, анҷоми корҳои саргармкунанда, ихтисоси чанд дақиқа дар рӯз (ҳатто кам) ба нафаскашии амиқ, рафтан ба табиат, қадам задан ва нишастан дар як ҷои ором метавонанд таъсироти бисёр асосӣ бар коҳиши фишори хунатон дошта бошанд.

 Парҳез аз сигор

Сигор кашидан сабаби тангии рагҳои дасту по ва ҳамчунин сахт шудани девораи рагҳо мешавад ва ҳамаи ин авомил сабаби афзоиши фишори хун мегарданд. Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ инки ағлаб баъд аз тарки сигор, фишори хун ба ҳолати табиии худ бармегардад ва саломати куллии бадан ба шакли қобили таваҷҷӯҳе беҳбуд меёбад.

Таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки шумо бояд фишори хунтонро ба таври муназзам андозагирӣ кунед, хусусан агар ба яке аз авомили пуртаъсир дар ибтило ба фишори хун дучор ҳастед

Агар барои тарки сигор ниёз ба кумак доред, метавонед аз хонавода , дӯстон ва ҳатто ҷомеаи пизишкӣ кумак бигиред. Шояд танҳо кору беҳтарин коре, ки имрӯз метавонед барои кумак ба саломати худ анҷом диҳед, тарки сигор аст.

 Ғизои солим

Камбуди маводди ғизоӣ ва истифода аз намаки зиёд дар ғизоҳои омода омили бисёр муҳиме дар фақри ғизоӣ ва афзоиши фишори хун ба ҳисоб меоянд. Барои амалкарди беҳинаи системаи бадан тавсия мешавад, ки аз масрафи ғизоҳои бастабандӣ кардашуда парҳез кунед.

Як режими ғизоии муносибу рангоранг, ки ташкилёфта аз анвоъ меваҳои органик , сабзиҷот , чарбиҳои солим ва дигар маводду таркиботи ғизоии мавриди ниёзи бадан аст метавонад ба манзури коҳиши фишори хун мавриди истифода қарор гирад.

 Нуктаи муҳим

таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки шумо бояд фишори хунатонро ба таври муназзам андозагирӣ кунед, хусусан агар ба яке аз авомили пуртаъсир дар ибтило ба фишори хун дучор ҳастед. Доштани як дастгоҳи андозагирии фишори хун дар хона бисёр барои шумо фоиданок хоҳад буд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.