“Дӯстат дорам” ҳое, ки бо рӯҳи одамӣ бозӣ мекунанд

211

Гоҳе вақтҳо бо ҳамаи талошҳое, ки анҷом медиҳем тавфиқи рушд ва пешрафт ҳосил намешавад ва ба поёни роҳ мерасем. Чаро ба муваффақият намерсем? Ин гиреҳҳои кӯрро чӣ касе дар зиндагиамон меандозад?

Оё касе ғайр аз мо метавонад дар хушбахтӣ ё бадбахтии мо саҳми муассире дошта бошад ?

Бояд дар лаҳзаҳои гузаштаи зиндагиамон хуб ҷустуҷӯ кунем ва дар ниҳонхонаи диламон бибинем чӣ кардаем, дафтари ҳисобу китобро бигушоем ва рӯшноӣ ва торикии онро баррасӣ кунем, ин ҳамон муҳосиба аст. Қуръон ҷавоби ин саволҳои печ дар печи зеҳнамонро ба зебоӣ посух медиҳад.

Ҳар мусибате ба шумо расад ба хотири аъмоле аст, ки анҷом додаед, ва бисёреро низ афв мекунад. (1)

Оре бисёре аз мушкилот ва масоиб ба дастони худи мо дар зиндагӣ эҷод шудааст, зеро зиндагии мо маҳсули аъмол ва рафтори мост гоҳе ҳуқуқе, ки баргардани мост ва мо огоҳона ё ноогоҳона дар адои он ғафлат мекунем, осор ва авоқибе дар зиндагии мо ба ҷо мегузорад, ки ҷуброни он бисёр сахт аст.

  Ҳаққуннос гиреҳи кӯри зиндагӣ

Шарифтарин махлуқи Худованд, ки соҳиби ҳаққ аст инсон мебошад. Ба ҳамин иллат риоят ва нодида гирифтани ҳақ, иртиботи мустақиме бо адолати Худованд дорад. Ҳуқуқи мардум, барои Худованд бисёр боарзиш аст то ҷое, ки худованд аз ҳаққи худ мегузарад аммо аз ҳаққи мардум намегузарад. Ин баёнгари ин амр аст, ки эҳтиром ба ҳуқуқи дигарон ва адои он яке аз асоситарин аҳдофи динҳои осмонӣ аст.

Қуръони Карим дар оёти бисёре муъминонро чӣ дар боби масоили иқтисодӣ ва чӣ дар боби ҳуқуқи иҷтимоӣ даъват ба эҳтироми ҳуқуқи мардум намудааст.

Ҳаққуннос ҳуқуқе аст, ки инсон дар робита бо дигарон бояд риоят кунад ва риоят накардани ҳуқуқи дигарон боиси гирифтории инсон дар дунё ва қиёмат мешавад.

Имом Ҷаъфари Содиқ (а) мефармояд: Ҳеҷ ибодате болотар аз адои ҳаққи муъмин нест.(2)

 Арзиши муъмин

Ҳаққуннос фақат дар масоили молӣ нест балки дил шикастан аз масодиқи боризи ҳаққуннос аст, ки ғолибан ба ин амри муҳимм бетаваҷҷуҳ ҳастем, ба роҳатӣ ба ирзу обрӯи мусулмон садама мезанем, дилеро мешиканем, тавҳин мекунем, шахсиятеро хурд мекунем ва рад мешавем ғофил аз инки бо ин кор гиреҳи кӯре ба зиндагии худ задаем ва то ҷуброни гузашта накунем он гиреҳ боз намегардад.

 Каффораи дил шикастан

Озор ва азияти муъмин дар Ислом ҳаром аст ва ба таври куллӣ шикастани дили инсони муъмин, ки ба таъбири ривоёт эҳтироми ӯ аз Каъба бештар буда ва дорои осори вазъӣ ва ҷонибии фаровоне аст зеро диле, ки шикаст ба содагӣ илтиём намеёбад ва ҷуброни он душвор аст.

Дар ҳадисе аз маъсум ривоят шудааст, ки: Касе, ки муъминеро андӯҳгин созад, он гоҳ дунёро ба ӯ бибахшад, ин бахшиш гуноҳи ӯро ҷуброн намекунад.

Пас дар марҳилаи аввал бояд инсон муроқиб бошад дилеро нашиканад ва қалберо ҷариҳадор насозад ва агар Худои нокарда ин иттифоқ афтод бояд ба суръат ҷуброн ва талофӣ кунад ва дили шикастаро илтиём бахшад ва онро ба даст оварад.

Дар ҳадисе омадааст, ки Худованд мефармояд: Ман ҳамдами қалбҳои шикаста ҳастам. Инсони дилшикаста дар пешгоҳи Худованд дорои ҷойгоҳи вежае аст.

 Садамоти ҷуброннопазир

Шояд аз худ савол кунед чаро ин қадар ин масъала муҳимм аст ? Дар ҷавоб мегӯем оё то ба ҳол инсонҳоеро дидаед, ки дучори бемориҳои равонии чун; Хасисӣ, лаҷбозӣ, беш аз ҳадд тамиз ва васвосгуна будан, дорои афсурдагии сангин, дучори изтироби фарогир, мубтало ба хашми инфиҷорӣ, бадҷинсӣ ва кинатузӣ ё беш аз ҳадд шаккок будан, бошанд?

Ҳамаи инҳо осебҳое аст, ки дар даврони кӯдакӣ ба фард ворид шуда ва мусалламан бо муҳаббат ва таваҷҷуҳ ва ишқ намешавад ин ҳама садама зад. Ҳамаи ин бемориҳо бо шикастани рӯҳ ва равони одамӣ эҷод мешавад ва дигарон бе таваҷҷуҳ ба аҳамияти ин амр заработи худро ворид мекунанд ва ба роҳатӣ мегузарнд ва гоҳе солҳо инсоне бемор мешавад ва тамоми абъоди зиндагии фард даргири ин мушкил мегардад ва рӯҳи ӯро фалаҷ месозад зеро баъзе чизҳо гарон ба даст меоянд ва арзон аз даст мераванд. Шояд натавон бовар кард, ки шахсияти як инсон маҳсули як умр зиндагӣ ва талош ва сахтӣ аст, ки мумкин аст дар як лаҳза аз даст биравад ва хадшадор шавад.

Чигуна мешавад рӯҳи захмии инсонеро илтиём бахшид? Оё беҳтар нест андаке тааммул ва сабр кунем ва ба роҳатӣ дар шикастани дилҳо ва захми забонҳо таъҷил накунем.

Дар Қуръони Карим оёти бисёре вуҷуд дорад, ки ба ин маворид ишора намуда ва дар воқеъ, ба реша ва далели озурда хотир шудани дигарон пардохта ва тавсияҳое дар ин замина ироа фармудаанд, ки ба баъзе аз онҳо ишора мекунем:

а. Баъзе ончи аз онҳо наҳи шудааст:

Масхара кардан дигарон: “Эй афроди бо имон! гурӯҳе аз мардони шумо гурӯҳе дигарро масхара накунанд, шояд он масхарашудагон беҳтар аз онҳо бошанд. Ва гурӯҳе аз занони шумо низ дигаронро масхара накунад, шояд он масхара шудагон беҳтар аз онҳо бошанд”.(3)

Яйбҷӯӣ: «Ба айб ҷӯӣ аз якдигар мапарозед».(4)

Якдигарро бо номи зишт хондан: «Бо номҳои зишт, якдигарро мавриди хитоб қарор надиҳед».(5)

Рӯй аз дигарон баргардондан: «Бо беэътиноӣ аз мардум рӯ магардон».(6)

Бо такаббур ва ғурур роҳ рафтан: «Ҳангом роҳ рафтан, боди нахват бар гулӯ маяндоз! (7)

Сар аз кор дигарон дар овардан ва ғайбат кардан: «Ба думболи бо хабар шудан аз кори дигарон набуда ва ғайбат накунед.(8)

  Дӯстиҳое, ки ҳаққуннос эҷод мекунанд

Рӯйи сӯҳбатам бо ҷавонон аст вақте ба касе мегӯем дӯсташ дорем дар қиболи ӯ масъулем ин ҳам аз намунаҳои ҳаққуннос аст , ба роҳатӣ наметавонем баъд аз муддате хонаи дилашро хароб кунем ва рад шавем ва дилашро бишиканем зеро осебҳои ҷиддӣ бар ӯ ворид месозем, ки гоҳе то чандин сол ӯ ниёз ба тармими рӯҳӣ дорад.

Имрӯза калимаи дӯст доштан матои беарзише шуда, ки сари ҳар куй ва боме хариду фурӯш мешавад, ғофил аз осор ва паёмадҳои баде, ки ради пояш бар ҷон ва рӯҳи инсонҳо боқӣ мемонад ҳастем.

Дил, ки бозор нест то маҳалли убур ва мурур бошад дил ҳарими амни илоҳӣ аст пас иҳтиёт кунем бо ҷаҳлу ғафлатҳоямон ҷон ва рӯҳҳои покро захмӣ накунӣм.

Пайнавишт:

1- Шӯро, ояти.30

2- Баҳор, ҷ.74, саҳ.242

3- Ҳуҷурот, ояти.11

4- Ҳуҷурот, ояти.11

5- Ҳуҷурот, ояти.11

6- Луқмон, ояти.18

7- Луқмон, ояти.18

8- Ҳуҷурот, ояти.12

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.