Тафреҳоти носолим

304

Чунонки ҷисми инсон ниёзҳо ва эҳтиёҷоти гуногуне ҳам чун ғизо хӯрдан дорад, рӯҳ ва равони инсон низ ниёзмандиҳое дорад. Тафреҳ ва шодобӣ ғизои рӯҳи одамӣ аст, ки мӯҷиби шодобӣ ва оромиши равонӣ мешавад.

Имом Алӣ (а) мефармояд: «Шодмонӣ ва хушҳолӣ, мӯҷиби инбисоти рӯҳӣ мешавад ва ваҷду нишоти одамиро бармеангезонад.» [1]

Ихтисос додани бахше аз барномаҳои зиндагӣ ба тафреҳ ва саргармӣ, сабаби рушд ва парвариши ҷисм, фикр ва шахсият, рафъи хастагӣ, касби лаззат ва осоиш ва таъмини саломати ҷисмӣ ва рӯҳӣ мешавад ва дар маротиби олӣ кумаки хубе ба халлоқияти илмӣ, ҳунарӣ ва боло бурдани арзишҳои ахлоқӣ ва хадамоти иҷтимоӣ мебошад;, ки дар ғайри ин сурат, иштиғоли мустамар ва бе вақфаи фикрӣ ва амалӣ дар фаъолитҳо ё машоғили муаян, мӯҷиби хастагии ҷисмӣ ва зеҳнӣ, пажмурдагии рӯҳ, аз даст додани нишот ва сурури зиндагӣ ва дар мавоқее мӯҷиби ибтило ба анвои ихтилолоти равонии изтироб ва афсурдагӣ мегардад.[2]

Ин ҳама осор ва фавоиди тафреҳот замоне ҳосил мешаванд, ки тафреҳот ва саргармиҳои солим ва аз масири табиии лаззатҷӯӣҳо анҷом пазиранд; Аммо агар тафреҳот ва лаззатҷӯӣҳо носолим ва аз масирҳои ғайри табиӣ ва инҳирофӣ бошанд, натанҳо инсон ба оромиш ва лаззати матлуб ва воқеӣ худ даст намеёбад, балки асароти мухарриб ва бадеро ба думбол хоҳад дошт. Аз ин рӯ, имом Ризо (алайҳиссалом) тавсия мефармоянд: «Аз лазоизи дунявӣ насибе барои комёбии хеш қарор диҳед, ва тамоюлоти худро аз роҳҳои машрӯъ бароварда созед. Муроқибат кунед дар ин кор ба мардонагӣ ва шарофататон осеб нарасад, ва дучори тундравӣ ва исроф нагардед; Ва ба василаи ин саргармиҳои лаззатбахш бар раванди беҳтари умури дунявӣ ёрӣ ҷӯед.» [3]

 Бархе аз тафреҳоти носолим иборатанд аз:

  1.  Гӯш додан ба мусиқии мутриб ва ғайри муҷоз; Мусиқии лаҳвӣ эҳсосоти башарро дар масири ғайри табиӣ ва ғайри одӣ тавсеа медиҳад ва инсонро дар як олами нохудогоҳи комил фурӯ мебарад ва қувваи фикр ва хаёлбофии ғайри табиӣ ва ғайри воқеиро дар инсон зиёд мекунад. Мо аз худи мусиқӣ лаззат намебрем, балки он фақат қувваи хаёлбофиро дар мо таҳрик мекунад ва аз хиёлҳои худ лаззат мебарем. Буалӣ Сино дар ин замина мегӯяд: «Дар хусуси муштаҳиёти нафс (яъне ончи мавриди илтизози нафс аст ва рӯҳ аз онҳо лаззат мебарад) бояд истеъмоли онҳо фақат барои рӯ ба роҳ овардани мизоҷ ва нигоҳ доштани вуҷуди шахс ва бақои навъ бошад.

Албатта бар тамоми уқало ва донишмандон собит шудааст, ки мусиқӣ аз лаззатҳое аст, ки воҷиди ҳеҷ кадом аз ин се шарт нест. На мизоҷро рӯ ба роҳ меоварад, на шахсро нигоҳ медорад ва на боиси бақои навъи башарӣ аст.» [4]

  1.  Сигор кашидан; Касби лаззат ва тақлид ва худнамоӣ, аз авомили муассир дар рӯй оварӣ ба сигор, ба хусус дар навҷавонон ва ҷавонон мебошад. Улгугирӣ, ҳамроҳӣ ва рақобат бо гурӯҳи ҳамсолон дар замони тафреҳ, бузургтарин далели шоеъ барои оғози кашидани сигор аст. Масъалаи таассуфбор ин аст, ки навҷавони сигорӣ, ки аз тариқи сигор ба оромиши козиб даст меёбад ва бо пинҳон кардани мушкили худ аз хонавода, ҳар рӯз беш аз пеш дар замони тафреҳ ва авқоти фароғат ба дӯстони ҳамдардаш рӯй меоварад, беҳтарин тӯъмаи омилони пахши маводи мухаддир низ хоҳад шуд.
  2. Истеъмоли маводи мухаддир ва қурсҳои акс; Бархе аз навҷавонон ва ҷавонон, ки барои тафреҳ ва хушгузаронӣ, вақти худро бо дӯстони нобоб сипарӣ мекунанд, аз тариқи онҳо тарғиб ба истифода аз доруҳое мешаванд то нишот ва шодобӣ ба даст биоваранд; Ғофил аз ин, ки ин ҳолот комилан козиб аст ва асароти бади ин мавод ҷисм ва равони ононро ба шиддат таҳдид мекунад.
  3.  Ширкат дар меҳмониҳо ва ҷашнҳои олуда ба фасод ва гуноҳ ва шаб нишини бо дӯстони нобоб.
  4.  Тамошои барномаҳо ва филмҳои хашин ва мустаҳҷан аз тариқи видео, моҳвора ва телевизион.
  5.  Вақтгузаронӣ дар сайтҳои мухталифи интернитӣ ва чат кардан; Ҳар чанд истифодаи созанда аз интернет ва чат, муфид мебошад; Аммо истифодаи ифротӣ қишри осебпазири ҷомеа (ҷавонон) аз он, хатарот ва осебҳо ва таҳдидҳои ахлоқии зиёдеро ба думбол дорад.
  6.  Истифода аз бозиҳои роёнаӣ беш аз ҳадди маъмул, ба хусус бозиҳои хашин ва ғайри ахлоқӣ.
  7.  Қимор ва бурду бохт.

Тавсияҳои лозим

а) Дар ҳақиқат огоҳӣ надоштани хонаводаҳо ва набуди имконоти тафреҳии муносиб боис мешавад, ки бисёре аз кӯдакон ва навҷавонон ниёзҳои худро аз маҷории хилоф ва ғайри муҷоз таъмин ва бароварда намоянд ва ривоҷи тафреҳоти носолим ва инҳирофӣ, яке аз роҳҳои вуруд ба арсаи базаҳкорӣ ва инҳирофоти иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Пас волидайн бояд мувозиби фарзандони худ бошанд ва имконоти тафреҳии солимро фароҳам намоянд.

б) Масъулони давлатӣ бояд муҳити иҷтимоиро ва волидайн муҳити хонаводагиро аз абзорҳои тафреҳии носолим пок кунанд ва вақтҳои фароғати фарзандонашон, ба хусус ҷавонон бо тафреҳоти солим пур кунанд. Агар авқоти фароғати ҷавонон пур нашуд, ҷавонон ба ҳар тариқе ба самти гурӯҳҳои ҳамсолони каҷрав мераванд ва дар натиҷа ба сӯи тафреҳоти носолим кашида мешаванд.

ҷ) Шинохти гунг ва мубҳам ё нодурусти навҷавонон ва ҷавонон, нисбат ба анвои тафреҳот ва набуди имконоти тафреҳии муносиб, мӯҷиб эҷоди инҳирофот ва каҷравиҳое дар миёни ин қишри осебпазир мешавад;, ки бояд бо тарбияти саҳеҳ онҳоро аз зарарҳои анвои тафреҳоти носолим огоҳӣ дода ва бо тафреҳоти солим ва мусбат ошно кунем ва заминаи тафреҳоти солимро беш аз пеш фароҳам созем.

Манобеъ:

[1]. Муҳаммади Райшаҳрӣ, Мизонулҳикма, ҷ.4, саҳ. 436; Омадӣ, Ғурарулҳикам, саҳ. 319.

[2]. Р.к: Ғуломалӣ Афрӯз, ҳангомаҳои фароғат, замина сози беҳдошти равонӣ ва бистари халлоқиятҳо, Пайванд, шумораи. 143 141, саҳ. 125.

[3]. Бҳоруланвор, ҷ.75, саҳ.336; Фиқҳур Ризо алайҳиссалом , саҳ. 337.

[4]. Ҷавҳаризода, Сайид Муҳаммадризо, Мусиқӣ аз назари дин ва дониш, саҳ. 53 52.

[5].  Масъуд Нурализода Маркази мутолиот ва пажӯҳишҳои фарҳангии ҳавзаи илмия.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.