Оила дар хатар аст

128

Оила аз дер замон конуни оромиши одамӣ ва рукн асоси ҷомеа будааст. Саодат ва ё шақовати як ҷомеа дар оила рақам мехӯрд ; Вале мутаассифона ин солҳо ва даҳаҳои ахирро метавон солҳои буҳрон иоила номид, ки мавҷи он аз кишварҳои санъатӣ ва Аврупоӣ шурӯъ шуда ва доманаҳои аз ин амвоҷ ба кишварҳои шарқӣ ва исломӣ ва аз ҷумла кишвари мо низ расидааст. Чунонки дар ахбор шунида ваё хондаем кишварҳое назири Италия ва Шветсия бо бофти ҷамъиятии пир рӯбарӯ ҳастанд, ки худ маҳсули ду омили зер аст: аз як су боло рафтани сатҳи беҳдошт ва рифоҳ, умед ба зиндагониро афзоиш дода, мӯҷиби афзоиши умри афроди ин ҷавомеъ шуда ва аз сӯи дигар бетаваҷҷуҳии ҷавонони ин ҷавомеъ ба ташкили оила ва фаротар аз он беалоқагии онон ба фарзандор шудан мӯҷиб шудаас, ки ин кишварҳо бо пир сохтии ҷамъияти кишварашон рӯбарӯ бошанд ва кумакҳое чун додани ҷоиза ба зану шавҳаре, ки мехоҳанд фарзанддор шаванд ва сиёсатҳои дигаре аз ин даст натавониста дар ҷамъияти борвари ин ҷавомеъ майл ба фарзанддор шуданро эҷод намояд. Инак дар бисёре аз кишварҳои пешрафта занон ва мардони ҷавон, ки дар сини борварӣ қарор доранд дар баробари ду имкон ташкили оила ва ё нигаҳдорӣ аз ҳайвони хонагӣ бетардид имкони дувумро интихоб мекунанд ва ин худ нишонае аз фурупошии пояҳои оила дар ин кишварҳо аст.

Кишварҳо дар ду сӯи ҷаҳон -Аврупоиёни ғарбӣ ва осиёиёни шарқӣ- бо буҳрони оила ба ду гунаи мутафовит рӯбарӯ ҳастанд.

Тайи солҳои ахир зиёд шудани мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ, гаронии маскан (хонаи истиқоматӣ) ва даҳҳо омили дигар аз як су издивоҷ ва ташкили оиларо барои ҷавонони кишварамон душвор сохта ва аз сӯи дигар мӯҷиби боло рафтани миёнгини сини издивоҷ шудааст. Аз сӯи дигар теғи тези талоқ риштаи умри бисёре аз оилаҳои ҷавон ва навпоро, ки бо вуҷуди мушкилоти бисёр ба издивоҷ рӯ оварда ва ташкили оила додаанд , қатъ мекунад.

Издивоҷ як сохтори иҷтимоӣ аст, ки авотиф ва эҳсосот дар истеҳком ва давоми он бисёр муассир аст. Вале мутаассифона ҷавониби ҳуқуқии ин сохтори иҷтимоӣ дар кишвари мо дар бисёре маворид дар пойи авотиф ва эҳсосот қурбонӣ мешавад. Ҷавононе, ки дар оғози сини издивоҷ қарор доранд аз огоҳиҳои ҳуқуқӣ андаке бархурдоранд, танҳо омили давоми пайвандашонро ишқ ва алоқа медонанд, аз ниёзҳо ва хостаҳои ҷинси мухолиф бехабаранд, ва дар ниҳоят инки як духтар ё писар дар тӯли зиндагӣ пеш аз издивоҷ барои ҳамсар будан ва дар ҳадди лозим барои зиндагӣ кардан омӯзиш намебинад. Дар дарсҳои мактабҳои мо ба вежа дар дарсҳои синфҳои боло китобҳое, ки роҳҳои дастёбӣ ба шинохт ва тафоҳумро барои ташкили як оилаи муваффақ омӯзиш диҳанд дар назар гирифта нашуда, дар натиҷа ҷавоне, ки дар тӯли умри бисту чанд солаи худ дар ин замина ҳеҷ иттилооте дарёфт надошта, дар остонаи издивоҷ ба фолбинон ру меоварад. Чунин аст, ки ҳамакнун беш аз ниме аз талоқҳо дар ду соли аввали издивоҷ сурат мегирад

Ҷавононе, ки чунин бо ноошноӣ ва надоштани шинохти кофӣ вориди зиндагии муштарак мешаванд бо анвои мушкилоти бузургу кучак рӯбарӯ шуда ё зиндагиро бо талоқ ба поён мебаранд ва ё бо сардии равобит ба зиндагӣ идома медиҳанд; ва сардии равобити завҷайн дар оила таъсироти манфии густурдаеро барои фарзандон ба армағон меовард. Албатта рушди талоқ дар кишварамон танҳо ба ноогоҳии завҷайн пеш аз издивоҷ бастагӣ надорад балки бархе қавонин афзоиш диҳандаи омор талоқ, ки ба мард иҷоза ин иқдомро медиҳанд низ дар афзоиши талоқ муассир аст, ва ҳамин амр, худ ниёз ба таъдил ва ислоҳи ингуна қавонинро илзомӣ менамояд. Баъзе аз соҳибназарон илати ба вуҷуд омадани талоқро саҳлангорӣ дар интихоби ҳамсар, бекорӣ, эътиёд, тааддуди завҷот ва набуди ҳамдигарфаҳмӣ миёни ҳамсарон баршумурда аст”. Барои берун рафтан азоин буҳрон бояд бо афзоиши огоҳиҳои умумии оила аз тариқи омӯзиши мабоҳиси ҳуқуқӣ, равоншинохтӣ ва беҳдоштии қабл аз издивоҷ, духтарон ва писаронро барои ташкили оилаҳое гарм ва мустаҳкам тавонманд сохт ва ононро барои рӯёрӯӣ бо мушкилот ва масоили фардӣ ва иҷтимоӣ омода кард. Чӣ дар ғайр ин сурат дер издивоҷ кардан роҳро барои осебҳое аз ҷумла рӯй оварӣ ба равобити ҷинсии озод ҳамвор месозад, омӯзишҳои муфид, ки ҳамвора нигоҳе ба оянда дошта бошанд ҳам инак аз малзумот низом омӯзиш ва парвараши мост, духтарон ва писарони имрӯз модарон ва падарони фардоянд, барои доштани оилаҳои тавонманд, пӯё ва пур аз муҳаббат дар оянда бояд омӯзишро аз мактаб шурӯъ кунем ва онро ҷиддӣ бигирем, бо омӯзишҳои лозим тавон ва таҳаммули мушкилотро дар ҷавонон боло бибарем то ҳамин ҷавонон дар зиндагии муштарак бо ошкор шудани мушкилот танҳо роҳи чораро дар талоқ ҷустуҷӯ накунанд, балки бо эътимод ба нафс ва навоварӣ ва бо тавассул ба мушовира бо аҳли фан ба рафъи мушкили хеш иқдом намоянд. Ҳаминак омори талоқ нигаронкунанда аст, ин вазъият ба вежа бо таваҷҷуҳ ба бофти фарҳангии ҷомеаи мо, ки оиларо бисёр арҷ мениҳад, барҷастатар мешавад. Зиндагии солим ва дӯр аз дағдаға ва ҳамроҳ бо умед ва ишқ ҳаққи ҳар инсоне аст, ин ҳаққ бо сарфи ҳазинаҳои андаке назири омӯзишҳои лозим қобили таъмин аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.