Чой ва ончи хуб аст дар бораи он бидонед

28

Чой мазза ва хосиятҳои гуногун дорад, анвоъ, атру буйи чой сабаб шудааст, ки барои ҳар салиқае чой вуҷуд дошта бошад; аз тез ё ширин то камранг ё серранг.

Қариб 5 ҳазор сол аст, ки инсон чойро мешиносад. чой барои аввалин бор дар Чин кашф шуд ва аз он ба баъд ҷузъи режими ғизои инсон дар тамоми дунё шуд. Ин нӯшидании дилчасп яке аз пурмасрафтарин нӯшиданиҳои рӯи замин мебошад.

Чой чист?

Чой се навъи асосӣ дорад: чойи воқеӣ (true tea) дамнӯш ё чойи гиёҳӣ (herbal tea) ва чойи мааттар ва ҳамроҳ бо буй (flavored tea).

Анвои чой

Бисёре аз афроде, ки зиёд чой наменӯшанд мутааҷҷиб мешаванд вақте мефаҳманд, ки дамнӯшҳо ва чойҳои муаттар дар воқеъ чой нестанд, балки дамнӯшҳо ва чойҳои муаттар дар воқеъ дам кардаи гиёҳону гулҳо дар об ҳастанд, ки ба онҳо ҷӯшонда ҳам мегӯянд.

Бархе аз чойҳо монанди чойи сиёҳ баргҳояш дар зери нури хуршед қарор мегиранд, ки боис мешавад баргҳои он сиёҳ шавад, дигар анвои чой мисли чойи сафед ва чойи кабуд, рангашон камрангтар ва табиитар аст.

Чойи воқеӣ

Чой се навъи асосӣ дорад. чойи воқеӣ дам кардаест, ки аз баргҳои гиёҳи “Camellia sinensis” дуруст мешавад. Ин навъ чой ҳамон чойи суннатӣ аст, ки ҳазорон сол пеш кашф шуд. чойи воқеӣ панҷ навъ аст: чойи сафед, чойи кабуд, чойи оолонг , чойи сиёҳ ва чойи поер (ба тартиб дар тасвири боло нишон дода шудааст). Вақте донишмандон дар мавриди фоидаҳои ҷойи таҳқиқ ва мутолиа мекунанд, ҳадафашони ҳамин чой ҳо мебошад.

Ин чойҳо бо вуҷуд инки аз баргҳои як гиёҳ гирифта мешаванд; аммо аз назари атру буй ва зоҳир тафовути зиёде бо ҳам доранд. ҷойи сафед, ранги равшан ва шаффофасту ширинӣ мулоимӣ дорад;  аммо ҷойи сиёҳ серранг ва бо таъме қавӣ аст;  читавр мумкин аст ду чой, ки аз як барг таҳия мешаванд ин қадар бо ҳам мутафовит бошанд. Посухи ин савол дар фароянди тавлиди он ҳост.

Бархе аз чойҳои воқеӣ мисли ҷойи оолонг  ва ҷойи сиёҳ оксид шуда ҳастанд. Дар ин просес, экзимҳои мавҷуд дар баргҳои чой дар маърази кислорода қарор мегиранд, ки боис мешавад баргҳо сиёҳ шаванд. Дигар анвои ҷойи воқеӣ мисли ҷойи сафед ва ҷойи сабз ин раванди оксидшавиро пушти сар намегузоранд, дар натиҷа мулоимтар ва табиитаранд.

Чойи сафед

Чойи сафед чойи воқеист, ки камтарин коркард рӯи он анҷом шудааст;  чун қарор аст таъму зоҳири табиии худро то ҷое, ки мумкин аст ҳифз кунад. Баргҳои чой бо даст чидашуда ва сипас зери нури хуршед хушк мешаванд. Фақат ҷавонтарин баргҳои гиёҳи чой барои дуруст кардани ҷойи сафед истифода мешаванд. Тавлидкунандаҳои ҷойи сафед маъмулан фақат ду барги аввали ҳар ҷавонаро мечинанд.

Бештар ҷойи сафед дар вилояти Фавҷиёни Чин тавлид мешавад. Ахиран кишти ҷойи сафед дар Сериланка ва Африқо низ анҷом мешавад ва ин ҷойи сафеди ҷадид ба номи ҷойи сафеди сайлон ва Африқо ба фурӯш мерасад то аз ҷойи сафеди суннатӣ, ки дар Чин тавлид мешавад мутафовит бошад.

Чойи сафед ба таври куллӣ дорои таъми бисёр мулоиму каме ширин аст. Ин ҷой ранги зарди шаффоф ва равшан дорад;  аммо бархе аз анвои онки аз баргҳои бузургтар таҳия шуда ва соқа доранд мумкин аст таҳранги сабз дошта бошанд. ҷойи сафед илова бар маззаи ширини мулоиме, ки дорад дорои таҳмаззаи мева ва гул аст. Ин чойро одатан бо як буридаи лимӯ ё каме асал менӯшанд.

Чойи сабз ё кабуд

Чои сабз мисли ҷойи сафед аз баргҳои гиёҳи чой таҳия мешавад, ки бисёр кам тавлид шудааст. Баргҳои ҷойи сабз оксид намешаванд;  аммо нисбат ба ҷойи сафед, раванди каме тӯлонитар доранд. Баргҳои ҷойи сабз бо даст чида шуда ва фавран ба хати тавлид мунтақил мешаванд. Дар ин қисмат баргҳои чойро бо паҳн кардан мехушконанд. Ин марҳила аз раванди тавлид кумак мекунад то рутубати баргҳои чой камтар шавад. Вақте баргҳо ҷамъ шуданд дар ҷараёни ҳавои гарм қарор мегиранд то аз оксид шудани онҳо ҷилавгирӣ шавад.

ҷойи сабзи одатан ранги сабзи равшан ё зарди равшан дорад. ҷойи сабз вобаста ба навъи он мумкин аст таҳмазаи мева ё алаф дошта бошад. Ҷойи сабзро агар ба дурустӣ дам кунед таъми дилпазире хоҳад дошт.

Чойи оолонг

Чойи оолонг ҷойи тақрибан оксид шудааст. Баргҳои ин чой оксид мешаванд;  аммо фақат барои муддати кӯтоҳе. Рангу таъми ҷойи оолонг қавитар аз чойи сабз мебошад;  аммо нисбат ба ҷойи сиёҳ, рангу таъми мулоимтаре дорад.

Баргҳои ҷойи оолонг дар ҳадди мутавассит фароварӣ мешаванд: бардошт бо даст, пахш шудан, ҷамъ шудан, оксидосиони кӯтоҳмуддат ва хушк шудан.

Чойи оолонг ба таври густарда дар Чину Тайван тавлид мешавад ва бештар чойҳои оолонг тибқи ноҳияе, ки дар он рушд кардаанд даста бандӣ мешаванд. Ҳамин боис мешавад таъмҳои мутафовите дошта бошанд;  чун таркиботи хок, обу ҳаво дигар унсурҳои муҳитӣ бар мазаи чой асар мегузоранд.

Таъми чойи оолонг метавонад баста ба минтақаи кишти чой бисёр мутафовит бошад. Таъми ҷойи оолонг баста ба муддати оксид шудан низ метавонад мутафовит бошад. Ба таври кулӣ ҷойи оолонг таъми гул монанд дорад ва ранги он метавонад сабз ё ранги асал монанд бошад.

Чойи сиёҳ

Чойи сиёҳ навъе аз чойи воқеӣ аст, ки бештарин фароварӣ рӯи он анҷом мешавад. Ҷойи сиёҳ тайи фароянди тӯлонӣ фароварӣ шуда ва дар натиҷа таъму атру ранги қавӣ дорад. Ҷойи сиёҳ асосан дар Чину Ҳиндустон ва Сериланка ва Африқо истеҳсол мешавад.

Чойи сиёҳи дам кашида, қаҳваранг ё зарди қариб ба сурх аст. Ҷойи сиёҳи Осом таъме атрӣ алафӣ дорад ва ҷойи сиёҳи Дорҷилинг мулоимтар ва бо таъми мева аст. Ҷойи сиёҳи Саялон низ таҳмазае аз шоколад ва таъми тез дорад.

Чанд нукта дар мавриди чой

Обе, ки бо он чой дам мекунед муҳим аст. Инки об амлоҳ (моддаҳои ҳалшаванда)-и зиёд дошта бошад ё амлоҳи кам, бар маззаи чой таъсир мегузорад. Обе, ки зиёд амлоҳ дорад боис мешавад ҷоятон маззаи метал монанд бигираду обе, ки амлоҳ камтаре дорад боиси талхии маззаи чой мешавад.

Беҳтарин замон барои дамкашидани чой ба навъи чой вобастааст. Масалан ҷойи сабз одатан дар замони 2 то 4 дақиқа дам мекашад ва ҷойи сиёҳ бошад ниёз ба замони 6 дақиқаӣ дорад то дам кашад.

Бо тар кардани чой дар об метавонед мизони кофеини онро кантрол кунед. Барои инки ҷоятон қавитар бошад бояд муддатзамони дар об мондани чойро камтар кунед. Чой бештар дар об бимонад шуморо бедор ва ҳушёр мекунад. Барои кофеини камтар ҳам метавонед чойро фақат дар об тар карда ва дам кунед.

Афзудани шир ба чой кумак мекунад дандонҳоятон сиёҳ нашаванд. Каме шир ба ҷоятон илова кунед то монеи асари чой бар сафедии дандонҳоятон шавед.

Ҷойи сабз зиддисаратон аст. Тадқиқоти зиёде нишон додаанд, ки чойи сабз метавонад ҳуҷайраҳои саратони даҳонро нобуд карда ва аз ибтило ба саратони простат ҷилавгирӣ намояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.