Издивоҷ сабаби оромиш

105

Издивоҷ сабаби оромиш:

Дар Қуръон иллати хилқати завҷ (ҳамсар)-ро ба унвони оромишбахш будан барои якдигар баён фармудааст ва оромишро аз ҳамбистарӣ бо завҷи худ баён намудааст.

… لِيَسْكُنَ إِلَيْهَا…[1]

”То дар канораш оромиш ёбад”

Хонум Барбара Пиз дар китоби «Ончи занон ва мардон намедонанд», осори созандаи рӯҳӣ-ҷисмии ирзои комили ҷинсиро ингуна баён мекунад.

Далелҳои мустаҳкам вуҷуд дорад, ки иртиботи ҷинсӣ барои саломатӣ муфид аст. Ин робита мизони Тестостерон ро боло мебарад ва ба воситаи он устухон ва моҳичаҳо қавӣ мешавад ва таъмини Холестерини муфид тазмин мегардад.

Муҳаққиқи масоили ҷинсӣ, хонум доктор Беверли мегуяд:

Дар ҳини робитаи ҷинсӣ Эндорфины, ки моддаи табиии зидди дард дар бадан аст, тарашшӯҳ мешавад ва таъсири хубе бар сардард, саргиҷа ва артроз дорад.

Каме пеш аз авҷи лаззати ҷинсӣ, ҳормони (dhea) тарашшӯҳ мешавад, ки идрокро тақвият мекунад, системи эминии баданро қавӣ месозад ва аз эҷоди тумур ҷилавгирӣ ва ба устухонсозӣ кумак мекунад. Дар ин ҳангом миқдори зиёде Окситоцин дар бадан озод мешавад, яъне ҳормоне, ки боиси ба оромиш расидан мешавад.

Доктор Блум, Харолд дар китобаш (Қудрати панҷум) тавзеҳ медиҳад, ки Эстроген то чӣ ҳад ба истеҳкоми устухон ва фаъолияти беҳтари гардиши хун кумак мекунад. ҳормонҳо аз қалб муҳофизат мекунанд ва бар тӯли умр меафзоянд. Ба ҳамин ҷиҳат иртиботи ҷинсӣ яъне тӯли умри бештар ва изтироби камтар.

Набуди ирзои ниёзҳои ҷинсӣ, омили дигар барои ихтилофи зан ва шавҳар аст. Бетаваҷҷуҳӣ ба ниёзҳои ҷинсии якдигар, ки ба нотавонӣ, бемайлӣ ё сардмизоҷии фард марбут мешавад, бо латма задан ба равобити зан ва шавҳар афродро дучори асабоният, дилсрдӣ нисбат ба ҳамсар ва зиндагӣ, бурузи рафторҳои пархошгарона, ва дар ниҳоят афсурдагӣ хоҳад намуд.

[1]. Сураи рум, ояти.21, сураи Аъроф, ояти.189

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.