Мавонеи оромиши ҳамсарон

78

Барои доштани саодату оромиши матлуб дар зиндагии зану шавҳарон, иртиботи солиму созанд миёни зану мард, ниёзи аслӣ аст ва ҳарфи аввалро мезанад.

Аммо дар баъзе маворид аз иртиботи зану шавҳарӣ мавонее сари роҳ қарор мегирад, ки албатта рафъи онҳо ба худи ҳамсарон бастагӣ дорад ва коми лан дутурафа аст. Дар ин навиштор ба баёну баррасии бархе аз онҳо мепардозем:

Сахтгирӣ

Сахтгирӣ дар хонавода масодиқи мухталифе дорад. Аз ҷумлаи онҳо метавон ба баҳонагирӣ дар умури хона ишора кард. Таҷриба собит кардааст, ки ин амал ҷуз нороҳатии худ ва дилсардии ҳамсар нитҷае дарбар нахоҳад дошт. Сифати сахтгирӣ ҷузъе аз манфинигарӣ аст, ки аз назари дин ва ахлоқ мазмум шумурда шудааст. Зеро заминаро барои рушди ихтилофоти дигар ва нсозгориҳо фарҳам месозад. Дар гуфтор ва кирдори одамӣ ҳамеша айбу нақсҳо вуҷуд дорад. Ҳар андоза инсон манфинигар бошад, аз заминаи мавҷуд барои баҳонагирӣ бештар баҳра меҷӯяд.

Суханони фитнаангез

Яке аз муҳимтарин ихтилоф байни зану шавҳар, ин аст, ки яке ё ҳар ду хубиҳои худро ба рухи ҳамдигар бикашанд. Ин гуна муқоисаҳои ноаҷо фитнаангезии бузурге дар зиндагӣ эҷод хоҳад кард ва ҷуз талхию сардии конуни хонавода натиҷае дар пай нахоҳад дошт.

Таассуб ва беэътимодӣ

Гоҳе дар асари авомили мухталифе аз қабили алоқаи ифротӣ ва ё бадбинӣ мумкин аст зан ё мард нисбат ба ҳам ҳассосияти бемаврид пайдо кунанд. Ба тавре ки дар ҳифз ва покдомании ҳам дучори васвос ва саътгирии беҷо шаванд. Ин гуна рафторҳо ва назоратҳои ифротӣ заминаи равониро барои суқути инсон ба самти фасод ва беқайдӣ фароҳам мекунад. зеро руҳи инсон дар баробари фишор аксуламал нишон медиҳад ва шона холӣ мекунад. паёмбари Акрам(с) дар ин робита мефармоянд: Таълим диҳед ва осон гиред. Сахт нагиред ва навид диҳед ва дигаронро тард накунед.

Туршрӯӣ

Дуруст аст касе, ки нороҳатӣ ва хастагии руҳ дорад, нохудогоҳ осори он дар чеҳрааш намудор мешавад. Вале ислом ба пинҳон доштани дарди дарун дастур медиҳад. Нитиқоли нороҳатии масоили берун аз манзил ба ҳамсар ва ё баръакси он дар иртиботи ҳамсарон монеи бузурге дар ҳифзи оромиши хонавода хоҳад буд. Имом Алӣ(а) дар ин робита мефармояд: Хушрӯии мӯъмин дар чеҳраи ӯ ва андӯҳаш дар дили ӯст.

Носазогӯӣ

Ин амал агар барои равобити бегона шоиста набошад, дар мавриди зану шавҳар ба маротиб ношоистатар аст. Зеро онҳо мехоҳанд умре бо самимият дар канори ҳам зиндагӣ кунанд. Дар равобити занушавҳарӣ агар гоҳе кудурате пеш омад, набояд бо калимоти тунду номуносиб бар оташи қаҳри он доман зад. Бояд мувозиб буд, ки суане аз даҳон парида нашавад, ки баъдан мӯҷиби хиҷолату шармсорӣ аз тарафи муқобил гардад. Ба таври куллӣ ахлоқ дар калом, яке аз пуштибонҳои тазминкунандаи равобити зану мард ба шумор меравард.

Беэҳтиромӣ

Худованд тавҳину беэҳтиромӣ ва озори мӯъминро эъломи ҷанг бо худ ба ҳисоб овардааст. Озори забон бадтарин озорҳост. Зану шавҳар дар сояи издивоҷ аз иртиботи пайваста бархурдор мешаванд ва бинобар ин барои ҳифзи ҳурмати мӯъмин бояд комилан мувозиб бошанд, ки мабодо ҷумлае бар забон ҷрӣ шавад, ки боиси озори дигарӣ шавад. Сарзаниш, тӯҳмат, дашном ва дуруштӣ ҳар кадом мӯҷиби озори дигарӣ мешавад, ки илова бар кайфари илоҳӣ ва уқубати ухравӣ, оромиш ва саломати зиндагиро ҳам баҳам мерезад.

Худхоҳӣ

Гоҳе худхоҳӣ ва худбартарбинӣ ихтилофоти бузург ва мавонеи сахтеро дар иртибот бо ҳамсар эҷод мекунад. Гоҳе мард мехоҳад бузургӣ ва тасаллути худро бар зан собит кунад. Агар иттилооти ноқис ва сатҳӣ аз дин дошта бошад, бидуни иҷозати ӯ аз хона берун рафтани занро пеш мекашад ва муғолата мекунад. ҳамсарашро асурдаву ғамгин мекунад ва худашро низ нороҳату хашмгин месозад. Дар сурате ки дин мегӯяд ҳамаи инҳо баҳона аст ва решаи он ҳамон васвасаи шайтонист, чизе ҷуз ғуруру худхоҳӣ нест. Гоҳе низ зан ба воситаи ҷамолу ҳунаре, ки дорад ё ба далели ҳар бартарии дигаре, ки дар худ эҳсос мекунад, бар ҳамсари худ фахр мефурӯшад. Решаи ин рафтор ҳам ҳамон нуфузи шайтон бо сифати ғурур дар руҳи ӯст. Дар ҳар сурат равобити зану шавҳарии солим ва исломӣ ба ҳеч ваҷҳ дар фазои ҳокимияти шайтон мумкин нахоҳад буд.

Сомонаи интернетии “Хонаводаи намуна”

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.