Аломатҳои афсурдарӯҳӣ дар кӯдакон ва роҳҳои дармони он

38

Яке аз масоили муҳимме, ки хонаводаҳо нисбат ба он ҳассос ҳастанд ва дар равоншиносии кӯдак ба он таваҷҷӯҳ мешавад, таваҷҷӯҳ ба ошкор шудани аломатҳои афсурдарӯҳӣ (Депрессия) дар кӯдакон аст. Ин мавзӯъ то ҳадде аҳамият дорад, ки агар ба мавқеъ дармон нашавад метавонад паёмадҳои ғайри қобили ҷуброн дар кайфияти зиндагӣ ва ҳатто дар калонсолии кӯдак дошта бошад. Нуктаи муҳимме, ки аҳамияти ин мавзӯъро зиёд мекунад ин аст, ки шояд ҷолиб бошад бидонед афсурдарӯҳии кӯдакон ҳеҷ фарқе бо афсурдарӯҳии калонсолон надорад, аз ҳамин сабаб бо шинохти ба ҳангоми омилҳои он бояд зудтар барои дармон иқдом кард.

Чӣ кӯдаконеро афсурдарӯҳӣ таҳдид мекунад?

Афсурдарӯҳӣ яке аз мушкилоти рӯҳӣ ва равонӣ мебошад, ки имрӯза бисёре аз калонсолон онро дар замонҳои мухталифе аз зиндагии худ таҷриба кардаанд. Ин масала, ки дар ҳақиқат навъе бемории рӯҳӣ ва равонӣ ба шумор меояд дар кӯдакон низ ба сабабҳои мухталиф метавонад эҷод шавад, аз ҳамин сабаб гарчӣ дар ҳамаи син барои дармони афсурдарӯҳӣ тавсияҳои ҷиддӣ сурат мегирад, аммо ин мавзуъ ва аҳамияти ташхис ва дармон дар кӯдакон ду чандон аст.

Бурузи нишонаҳои афсурдарӯҳӣ дар кӯдакон агарчи умумият надорад, аммо ҷолиб аст бидонед бархе кӯдаконро ин бемории рӯҳӣ бештар таҳдид мекунад. Бисёре аз кӯдаконе, ки таҷрибаи буҳронҳое ба монанди аз даст додани азизон доштаанд беш аз дигар кӯдакон метавонанд ба афсурдарӯҳӣ таҳдид шаванд. Агарчи бархе бар ин боваранд, ки ошкор шудани аломатҳои афсурдарӯҳӣ дар кӯдакон наметавонад хатарнок бошад, аммо ғафлат аз ин мавзӯъ ва ташдиди он дар кӯдак метавонад мунҷар ба бурузи иқдомоте шавад, ки дар ниҳоят ба худкушии кӯдак хатм шавад, аз ҳамин рӯ ҳаргиз ин аломатҳоро нодида нагиред. Ба таври куллӣ метавон гуфт, кӯдакони зер беш аз соири кӯдакон ба афсурдарӯҳӣ таҳдид мешаванд:

Нобаробарӣ дар ҳормонҳои кӯдак

Омилҳои ҷойи зист монанди бархӯрдҳои номуносиби хонавода бо кӯдак, озор расондани дигарон ба кӯдак ва ғайраҳо.

Таҷрибаҳои талхи кӯдак

Таҷрибаи ҳодисаҳои талхе ба монанди талоқ, ихтилофоти хонаводагӣ, аз даст додани азизон, шароити зиндагии сахт ва…

Яке аз роҳкорҳои муносибе, ки метавонад ба дармони афсурдагии кӯдакон кумак кунанд, машварат гирифтани волидон бо коршиносони бо таҷрибааст. машварат метавонад ҳамроҳ бо ироаи роҳкорҳои муносибе бошад, ки дар ниҳоят ба дармони кӯдак ва раҳоии ӯ аз афсурдарӯҳӣ кумак кунад.

Нишонаҳои афсурдарӯҳӣ дар кӯдакон чист?

Ошкор шудани афсурдарӯҳӣ дар кӯдак ҳамороҳ бо нишонаҳоест, ки волидон ё муаллим онро фаҳмид бояд барои дармони кӯдак ва раҳоии ӯ аз ин мушкил талош кунад. Аз муҳимтарин нишонаҳои афсурдарӯҳӣ дар кӯдакон, ки ошкоро метавон онро ташхис дод иборат аст аз:

Ғамзадагии идомадор ва тӯлонимуддат дар кӯдак

Кӯдаки афсурда беҳавсалааст ва ҳамеша гӯшае танҳо менишинад ва алоқае барои ҳузур дар ҷамъ ва бозӣ надорад.

Надоштани завқу алоқаи кӯдакона

Кӯдаки афсурда ҳеҷ ангеза ва алоқае барои бозӣ бо ҳам сину солонаш надорад.

Коҳиш ё афзоиши шадиди вазни кӯдак

Кӯдаки афсурда дучори беиштиҳоии шадид ё пурхӯрии беш аз ҳад мешавад, ки пас аз муддате дучори коҳиш ё афзоиши вазни шадиди ӯ мешавад.

Ошкор шудани изтироб ва стресс

Кӯдаке, ки мубтало ба афсурдарӯҳӣ аст стресс ва изтироби доимиеро бо худ ҳамроҳ дорад, ки монеъ аз тамаркузи вай барои бозӣ ё дарс мешавад. Ин кӯдакон то ҳадди зиёде парешон ҳастанд.

Пайдо шудани мушкил дар хобравии кӯдак

Яке аз муҳимтарин вижагиҳои афсурдарӯҳӣ дар кӯдак, ки нишонаҳои онро метавон ошкоро мушоҳида кард пайдо шудани мушкил дар чигунагӣ ва соати хоби кӯдак аст. Шаббедориҳо ё хоби зиёд, сахт бедор шудан ва аз чанд маротиба хоб паридан пайдо шудани мушкил дар хоби кӯдакро ба ҳамроҳ дорад.

Волидон чигуна метавонанд афсурдагии кӯдакро ташхис диҳанд?

Шояд барои шумо таъаҷҷуб овар бошад, ки бидонед бисёре аз волидон наметавонанд нишонаҳои афсурдарӯҳӣ дар кӯдаконро ташхис диҳанд ва гоҳе онро ба рафторҳои кӯдак нисбат медиҳанд. Аз ҳамин рӯ ҳамеша таъкид мешавад волидон бештар дар бораи рафтор ва ахлоқиёти кӯдаки худ диққат ва мутолиа дошта бошанд. Аз муҳимтарин нишонаҳое, ки метавонад волидонро мутаваҷҷеҳи бурузи афсурдарӯҳӣ дар кӯдак кунад иборат аст аз:

-Коҳиши сатҳи энержии кӯдак ва хастагии мудовими вай.

-Дурии кӯдак аз ҷамъи хонавода ва дӯстону ҳамсолонаш.

-Коҳиши кайфияти тағзияи кӯдак бо ошкор шудани беиштиҳоӣ ё пурхӯрии зиёд.

-Муқовимати зиёд ва сахтгирии кӯдак дар баробари масоилу мушкилоташ.

-Надоштани созгории кӯдак бо масоилу мушкилот.

– Худбаҳодиҳии пасти кӯдак.

-Надоштани эътимод ба худ дар кӯдак.

-Бад рафторӣ ва пуртаниш будани рафторҳои кӯдак.

-Вокунишҳои ифротӣ ё бетафовутии зиёд нисбат ба масоили муҳимми марбут ба кӯдак.

Яке аз беҳтарини роҳҳо барои дармон ин аст, ки волидон бо мушоҳидаи ду ё чанд аломати афсурдарӯҳӣ ин мавзуъро бо як мушовири кӯдаки бо таҷриба ва дар миён бигузоранд то дар сурати таъйиди он, дармони афсурдарӯҳӣ дар кӯдак зуд оғоз шавад.

Беҳтарин равиш барои дармони афсурдагии кӯдакон чист?

Пас аз ташхиси нишонаҳои афсурдарӯҳӣ дар кӯдакон тавассути волидон ва муроҷиа ба равоншинос яке аз беҳтарин роҳҳо барои дармони афсурдагии кӯдак метавонад истифода аз равишҳои равондармонӣ бошад. Дар воқеъ дармони афсурдагии кӯдакон низ монанди дармони афсурдарӯҳӣ дар синни калонсолӣ аст. Дар сурате, ки афсурдагии кӯдак кам бошад метавон ба кумаки як коршиноси бо таҷриба барои дармони он иқдом кард.

Кӯдак тавассути коршинос таълим мебинад, ки чигуна барои ҳалли масоили худ иқдом кунад ва равишҳои созгорӣ бо муҳит ва танишҳоро меомӯзад. Дар шароите, ки афсурдарӯҳӣ дар кӯдак хело зиёд бошад мумкин аст тавсияи коршинос дору барои пешгирӣ аз пешрафти беморӣ бошад. Тайи солҳои ахир ба сабаби тағйирот дар сабки зиндагии хонаводаҳо ва ҷомеа, ошкор шудани афсурдарӯҳӣ низ дар синни поин бисёр ривоҷ ёфтааст. Аз ҳамин ру равоншиносон тавсия мекунанд хонаводаҳо диққати лозимро дар ташхиси сари вақти ин беморӣ дар кӯдакони худ дошта бошанд то бо шинохт ва дармон, кӯдак ин бемориро то синни бузургсолӣ бо худ ҳамл накунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.