Маҳоратҳои зиндагиро ёд бигирем (2)

179

Маҳорати муқобила бо фишори асабӣ

Зиндагӣ дар дунёи модерн бо фишорҳои рӯҳӣ ва равонии бисёре ҳамроҳ аст. Агар ин фишорҳо беш аз ҳадд ба тӯл анҷомад, бар зиндагии афрод таъсири манфӣ мегузорад ва заминасози бурузи мушкилоти ҷиддӣ мешавад. Бо омӯхтани ин маҳорат, афрод ҳаяҷонҳои мусбат ва манфиро дар худ ва дигарон мешиносанд ва саъй мекунанд вокунише нишон диҳанд, ки ин авомил мушкиле барои онҳо эҷод накунад.

Маҳорати мудирияти ҳаяҷон

Ҳар инсоне дар зиндагии худ бо ҳаяҷонҳои гуногуне аз ҷумла ғам, хашм, тарс, хушҳолӣ, лаззат ва мавориди дигар мувоҷеҳ аст, ки ҳамаи ин ҳаяҷонҳо ба зиндагии ӯ таъсир мегузорад. Шинохт ва маҳор ин ҳаяҷонҳо, ҳамон мудирияти ҳаяҷон аст. Барои касби ин маҳорат, фард ба таври комил бояд битавонад эҳсосот ва ҳаяҷонҳои дигаронро низ дарк ва ба навъе ин ҳаяҷонҳоро маҳор кунад.

Маҳорати ҳалли масъала

Зиндагӣ саршор аз масоили содда ва печида аст. Бо касби ин маҳорат, беҳтар метавонем мушкилот ва масоилеро, ки ҳар рӯз дар зиндагӣ бароямон рух медиҳанд, аз сари роҳи зиндагиамон бардорем.

Маҳорати тасмимгирӣ

Барои бардоштани ҳар қадаме дар зиндагӣ бояд тасмимгирӣ кунем, масири зиндагии инсонро тасмимгирӣ кунем, масири зиндагии инсонро тасмимгириҳои ӯ мушаххас мекунад. Бо омӯхтани ин маҳорат, аҳдофи худро воқеъбинона таъйин ва аз миёни роҳи ҳалҳои мавҷуд беҳтаринро интихоб мекунем ва масъулияти авоқиб онро низ ба ӯҳда мегирем.

Маҳорати тафаккури халлоқ

Тафаккур яке аз муҳимтарин маҳоратҳои зиндагӣ аст. Маҳорати тафаккури халлоқ, ҳамон қудрати кашф, навоварӣ ва халқи идаҳои ҷадид аст то дар мавориди гуногун битавонем роҳи ҷадид ва муассир биёбем. Бо омӯхтани тафаккури халлоқ, ҳангоми мувоҷеҳа бо мушкилот ва душвориҳо эҳсосоти манфиро ба эҳсосоти мусбат табдил мекунем. Ҳангоме, ки тафаккури халлоқро меомӯзем, дигар мушкилоти зиндагӣ музоҳими мо нестанд, балки ҳар кадом фурсате ҳастанд то роҳи ҳалҳои ҷадид биёбем ва мушкилотро ба гунае ҳал кунем, ки касе токунун ин корро накарда бошад.

Маҳорати тафаккури интиқодӣ

Маҳорати тафаккури интиқодӣ сабаб мешавад ҳарчизеро ба содагӣ қабул ё рад накунем ва пеш аз он, мавзӯи маврид назарро ба хубӣ мавриди баррасӣ қарор диҳем ва пас аз он, дар мавриде рад ё пазириши он тасмимгирӣ кунем. Бо омӯхтани тафаккури интиқодӣ фиреби дигаронро намехурем ва ба оқибати корҳо ба хубӣ фикр мекунем ва дақиқу дуруст тасмим мегирем ва иртибототи дурусте барқарор мекунем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.