Аввалин ибрози ишқ бо навозиш

203

Аввалин марҳилаи бедор ва фаъол кардани ҳисси ломиса дар навзодон , навозиш ва дар оғӯш гирифтани онҳо аст. Бо ин амал ба навзодамон ин ҳисро мунтақил мекунем, ки дӯсташ дорем ва ҷояш амн аст. Аввалин эҳсоси амният, ки поягузори бисёре аз тавонмандиҳои оянда аст аз ҳамин замон шакл мегирад.

Аввалин робитаи навзод бо дунёи хориҷ аз тариқи ламс кардан мебошад ва ин ҳисро навзод аз тариқи пӯст ва сипас ба василаи даҳон таҷриба мекунад.

Дар даврони ҷанинӣ ба далели вуҷуди кисаи обе, ки дар он қарор дорад ва ба василаи девораи батни модар, ҷинин ба ин эҳсоси оромиш ва амният даст меёбад вале бо таваллуд, ин робитаи физикӣ аз байн меравад ва инҷост, ки навзод, ниёз ба навозиш пайдо мекунад то набуди робитаи физикии даврони ҷаниниро ҷуброн кунад ва волидайн бо як барномарезии муносиб метавонанд ин ҷои он робитаро пур кунанд.

Аввалин марҳалаи бедор ва фаъол кардани ҳисси ломиса дар навзодон, навозиш ва дар оғӯш гирифтани онҳо аст. Бо ин амал ба навзодамон ин ҳисро мунтақил мекунем, ки дӯсташ дорем ва ҷояш амн аст.

Дар айни ҳол, ки масаж барои навзод лаззатбахш аст, ҳисси ломисаи кӯдакро низ тақвият мекунад.

Масаж боиси нармии пӯст, мафосил(пайвандҳо) ва аз банйн рафтани хастагии навзод мешавад. Барои шурӯи ин кор волидайн ниёз ба миқдоре иттилоот доранд то беҳтар ва муассиртар навзодашонро ором кунанд.

 Барои расидан ба ин ҳадаф риояти нукоте илзомӣ мебошад.

Шумо бояд оромиш дошта бошед то битавонед аз тариқи дастҳоятон оромишро ба фарзандатон мунтақил кунед. Замоне, ки нигарон ва хавотир ҳастед аз анҷом додани ин кор парҳез намоед.

  • Беҳтарин замонро барои масажи кӯдакатон интихоб кунед, ки дӯр аз ҳар гуна чизи халалрасон ҳамчун занги телефон, садои телевизион ва ғ бошад.
  • Ба ёд дошта бошед, ки ибтидо шумо бояд оромиш дошта бошед то битавонед аз тариқи дастҳоятон оромишро ба фарзандатон мунтақил кунед. Замоне, ки музтариб (парешонхотир) ҳастед аз анҷом додани ин кор парҳез намоед.
  • Ҳеҷ гоҳ замоне, ки кӯдак лаҳзае пеш шир хӯрда ё ҳангоме, ки гурусна аст ин корро анҷом надиҳед. Фаромӯш накунед, ки барои шурӯъ аввал кӯдакатонро бараҳна кунед. Бояд таваҷҷуҳ шавад, ки ҳарорати утоқ муносиб бошад. Як сарчоқи покиза ва нарм рӯйи замин паҳн карда ё инки кӯдакро рӯйи поятон ё миз қарор диҳед. Қабл аз шурӯи масаж, зеваролотро аз дастатон бигиред то бадани кӯдак осеб набинад. Ҳатман дастҳоятонро қабл аз масаж хуб бишуед.
  • Метавонед дастҳоятонро 3 то 4 дақиқа дар оби гарм қарор диҳед.

Барои масаж метавонед аз равғани бодоми ширин ё равғани зайтун ҳам истифода кунед. Беҳтарин равған барои масажи кӯдакон ва навзодон, равғани устухудус мебошад.

  • Масажро бо суръат анҷом надиҳед. Аввал аз пушти гардан шурӯъ кунед ва баъд бозӯҳо ва дастҳоро масаж диҳед. Шиками кӯдакро ҳамеша ба сурати доираҳои кӯчак масаж диҳед.
  • Дар марҳалаи баъд навбат ба поҳо ва рӯи навзод мерасад. Бо ангуштон рӯяшро ба оромӣ ба шакли доиравор навозиш кунед ва ҳамзамон ҳангоми масаж додан бо кӯдакатон сӯҳбат кунед. Дар ниҳоят, ба ороми коратонро ба поён бирасонед.
  • Истифода аз равған боис мешавад, ки байни дастони шумо ва бадани кӯдак истикок (соидагӣ) эҷод нашавад ва пӯсти нозуки кӯдак осебе набинад.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.