Касе ки дархости шир додан аз ӯ шоиста нест

243

Паёмбари Худо (с): Кӯдакони худро аз шири занони бадкораву девона дур нигаҳ доред, зеро шир хусусиётро сироят медиҳад.

Паёмбари Худо (с): Аз зани аҳмақ ва зане, ки чашмаш заиф буда об резиш дорад, дархости шир накунед, зеро шир хусусиётро сироят медиҳад.

Паёмбари Худо (с): Аз зани аҳмақ дархости шир додан ба фарзанд накунед, зеро шир хусусиётро сироят медиҳаду фарзанд шабоҳат ба соҳиби шир мебарад, яъне дар ҳамоқату нодонӣ монанди доя мешавад.

Ҳаҳрати имом Ҳасан (рз): Барои кӯдак аз зани маҷус дархости шир додан макун, вале аз зани яҳудӣ ва масеҳӣ дархост кун, албатта набояд шароб бинўшанд ва бояд аз ин кор боздошта шаванд. Шири дояи аҳмақу зиштрў муносиб нест, вале шири зани покизаи зебо хуб аст.

Убайдуллоҳи Ҳалабӣ: Ба имом Содиқ (рз) гуфтам: Оё занеро, ки аз зино зода шудааст, ба унвони доя интихоб кунам?

Фармуд: На аз Ӯ ва на аз духтараш дархости шир накун.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.