Гуноҳони занҷираӣ

107

Эй касоне, ки имон овардаед! аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед, чаро, ки баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст, ва ҳаргиз (дар кори дигарон) таҷассус накунед, ва ҳеҷяк аз шумо дигареро ғайбат накунад, оё касе аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрд? (ба яқин) ҳамаи шумо аз ин амр кароҳат доред, тақвои илоҳӣ пеша кунед, ки Худованд тавбапазир ва меҳрубон аст. (сураи Ҳуҷурот, ояти. 12)

 Бадгумонӣ ба Худо, мояи яъсу ноумедӣ

 Навъҳои бадгумонӣ;

Гоҳе вақтҳо дар зиндагӣ ба Худованд гумони бад дорем ба ин маъно, ки ӯро дар ҳамаи ҷиҳат қодир ва тавоно намедонем.

Як вақт бадгумонӣ ба мардум пайдо мекунем ва гоҳ нисбат ба худ, дар мо бадгумонӣ эҷод мешавад.

1- Бадгумонӣ ба Худо бад аст. Гоҳе мебинем, ки афроде аз тарси фақр ва надоштани мол издивоҷ намекунанд, дар ҳақиқат инон афроде ҳастанд, ки ба Худо гумони бад доранд ва қудрати Худоро маҳдуд медонанд.

Яке аз шароити дуо ва истиҷобат он аст, ки вақте дуо мекунем, мутмаин бошем, ки дуоямон мустаҷоб мешавад.

Ҳадис дорем Худованд мефармояд: “Ман дастеро, ки ба сӯи ман боло омада, холӣ бар намегардонам.” 2

Пас гумони бад ба Худо ҳеҷ ҷойгоҳи писандидае надорад.

3- Бадгумонӣ ба мардум, омили ихтилоф ва тафриқа аст.

Бадгумонӣ ба мардум бад аст. Албатта ривоят дорем агар умум ҷомеа фосид буданд, бадгумонӣ ирод надорад. Дар ҷомеаи солеҳ инсон набояд гумони бад дошта бошад ва ба дигарон бадбин бошад. Бисёре аз ихтилофоти хонаводагӣ низ бар ҳамин мавзӯъ, эҷод мешавад; Зан ва шавҳар нисбат ба ҳам эътимод надошта ва бадбинӣ пайдо мекунанд.

4- Бадгумонӣ ба худ, сабаби дӯрӣ аз ғурур ва такаббур

Танҳо мавриде, ки бадгумонӣ хубу писандида аст, дар ҷое аст, ки инсон ба худ гумони бад пайдо кунад ва доим дар ҷустуҷӯи айбҳои худ бошад.

Дар китоби Наҳҷулбалоға, хутбаи Ҳамом дорем, ки Ҳамом аз Алӣ(а) савол мекунад, ки инсони муттақӣ чӣ касе аст ? Ҳазрати амир муфассал вежагиҳоеро барои фарди муттақӣ баён карда ва мефармоянд: касе аст, ки ба худашон бадгумон бошанд ва ҳеҷ гоҳ ба худ мағрур нашудаанд. 3

Ҳадис дорем Худованд мефармояд: “Ман дастеро, ки ба сӯи ман боло омада, холӣ бар намегардонам.” пас бадгумонӣ ба Худо ҳеҷ ҷойгоҳи писандидае надорад

Бадгумонӣ, модари таҷассус

Чаро дар идомаи баҳси бадгумонӣ, мавзӯи таҷассус ва ғайбат матраҳ шудааст ?

Дар ҷавоб бояд гуфт, ки: одамӣ дар ибтидо бадбин мешавад; Ва дар идома дар мавриди он мавзӯе, ки бадбин шуда, таҷассус мекунад ва дар ниҳоят ба думболи айби дигаре меравад ва вақте айбро пайдо кард, он вақт шурӯъ ба ғайбат ва бадгӯӣ мекунад.

Пас ин мавзӯъот, силсилавор ҳар кадом зоду валад мекунанд; Ба иборате бадгумонӣ модари таҷассус, ва таҷассус заминаи ғайбат мешавад.

 Ғайбат, хӯрдани гӯшти бародари мурда

Дар оёт ва ривояот, масали ғайбаткунандаро ба хӯрдани гӯшти мурда, ташбеҳ кардаанд.

Ҳол чаро ба гӯшти мурда ташбеҳ шудааст ?

Шояд яке аз ваҷҳи шабоҳатҳои он ин бошад, ки вақте гӯшти зиндаро биканем, ҷояш пур мешавад, аммо гӯшти мурда дигар ҷояш пур намешавад; Ғайбат низ чун боис мешавад обрӯи фарде рехта шавад ва бо ин кор обрӯ дигар сари ҷояш бар намегардад, ин ташбеҳ ба кор бурда шудааст.

Шояд далели дигар дар ин навъ ташбеҳ ин бошад, ки; Чун мурда ҷон надорад, ки аз худ дифоъ кунад, он касе ҳам, ки ғайбаташро мекунем, ҳузур надорад, ки аз худаш дифоъ кунад, чунин ташбеҳе зада шудааст.

Умедворам, ки ин ояти нурро дар зиндагӣ сарлавҳаи маниши худ қарор дода ва заминае барои эҷод ва густариши гуноҳони занҷираӣ набошем.

Пайнавиштҳо:

1- сураи Ҳуҷурот, ояти.12

2- Баҳоруланвор, ҷ 52, саҳ. 554

3- Наҳҷулбалоға, хутбаи. 193

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.