Фарзандон ва тарбияи хонаводагӣ

Тарбияти фарзанд аз дидгоҳи Ислом

Ҷойгоҳи фарзанд дар Ислом:

Шояд ҳануз ҳам бисёре аз падарон ва модарон он чунон ки бояд фарзандони худро нашинохта бошанд ва ба амри парвариш ва тарбияти онҳо таваҷҷӯҳи кофӣ накунанд, зеро ин рӯшан аст, ки то инсон ба кунҳ ва ҳақиқати чизе пай набарад ва онро чунон ки ҳаст ва бояд нашносад ба арзиш ва аҳамияяти он воқиф намешавад; ҳамчунон ки ҳазроти Алӣ(к) фармуд:[النَّاسُ أَعْدَاءٌ لِمَا جَهِلُوا]ʺМардум душмани надонистаҳои худ ҳастанд.” [1]

Аз ин рӯ мумкин аст падарон ва модароне низ ба далели нашнохтани рӯҳия ва шахсияти фарзандони худ ва саҳлингорӣ дар тарбияташон, онҳоро душмани худ тасаввур кунанд.

Ба ҳамин хотир зарурӣ менамояд, ки бо истифода аз Қуръон ва ривоёт, ҷойгоҳ ва манзалати фарзандонамонро бишносем, то нисбат ба вазоифи худамон дар баробари онҳон бетаваҷҷӯҳ набошем, балки гавҳаршинос бошем ва ба кӯдакон ин гавҳарҳои нафиси зиндагӣ, ишқ биварзем.

Қуръони Маҷид дар бархе оёт аз фарзандон бо унвонҳое ҳамчун: “нури чашм”[2], “зиннатбахши зиндагӣ”[3], ва “фитна ва василаи озмоиши башар”[4] ёд кардааст.

Фарзандон, мунис ва умеди волидайн ҳастанд. Шояд ба ин далел аст, ки ҳазрати Закариё(а) яке аз паёмбарони Худованд дархости фарзанде мекунад, то ӯро аз танҳоӣ берун оварад. Қуръони Маҷид мефармояд:وَ زَكَرِيَّا إِذْ نَادَى‏ رَبَّهُ رَبّ‏ِ لَا تَذَرْنىِ فَرْدًا وَ أَنتَ خَيرُْ الْوَارِثِين

Ва (ёд кун) Закариёро ҳангоме, ки Парвардигорашро нидо дод: Парвардигоро! Маро танҳо магузор (ва фарзанде ба ман ато кун!) ва ту беҳтарин ворисонӣ.[1]

Ва аз забони пешвоёни мо ривоёти фаровоне дар ин замина нақл шудааст, ки ҳар як нишондиҳандаи ҷойгоҳ ва манзалати кӯдак дар зиндагӣ аст. Бисёр хуб аст, ки падарон ва модарон ин ривоётро аз назар бигузаронанд ва бо огоҳии бештар дар тарбияти кӯдакон ин меваҳои зиндагӣ, эҳтимоми бештаре варзанд:

Хонаи бе фарзанд баракат надорад:

Паёмбари Бузургвори Ислом(с) ба ибни Аббос фармуданд:

[بَيْتٌ لا صِبْيانَ فِيْهِ لابَرَكَةَ فِيْهِ…يا ابْنَ عَبّاسْ]“Эй ибни Аббос! Хонае, ки дар он кӯдак набошад, хайр ва баракат надорад.”[5]

  1. Гуле аз гулҳои биҳишт:

Сакунӣ аз Паёмбари Акрам(с) чунин ривоят мекунад:

[الْوَلَدُ الصّالِحْ رَيْحانَةٌ مِنْ رَياحِينِ اْلجَنّة]“Фарзанди солеҳ гуле аз гулҳои биҳишт аст.”[6]

  1. Ҷигаргӯшаи мӯъмин:

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

[الْوَلَدُ كَبِدُ الْمُؤْمِنِ إِنْ مَاتَ قَبْلَهُ صَارَ شَفِيعاً وَ إِنْ مَاتَ بَعْدَهُ يَسْتَغْفِرُ اللَّهَ لَهُ فَيَغْفِرُ لَه]

Фарзанд ҷигаргӯшаи мӯъмин аст. Агар пеш аз падар бимирад, барояш шафоат мекунад ва агар баъд аз падар бимирад, барояш истиғфор мекунад ва Худованд дар асари истиғфори фарзанд, падарро мебахшад.”[7]

  1. Меҳр варзидан ба фарзандон роҳи расидан ба дараҷот ва неъматҳои биҳишт:

Паёмбари Бузургвори Ислом(с) фармуданд:

قَبِّلُوْا أوْلادَكُمْ فَإنَّ لَكُمْ بِكُلِّ قُبلَةِ دَرَجَةٌ فِي اْلجَنَةِ ما بَيْنَ كُلِّ دَرَجَتَيْنِ خَمْسَمائَةِ عامٍ

“Фарзандони худро бибӯсед, зеро барои ҳар бӯсае, ки ба фарзандон мезанед, як дараҷа дар биҳишт хоҳед дошт, ки фосилаи ҳар дараҷа, то дараҷаи дигар ба андозаи пансад сол роҳ аст.”[8]

  1. Аҷри маънавӣ ва подоши ухравӣ дар рафъи ҳоҷати фарзандон:

Ибни Умар аз Паёмбари Акрам(с) нақл мекунад:

مَنْ سَقِىَ وَلَدَهُ شُرْبَةَ ماءٍ فِى صِغَرِهِ سَقاهُ اللهُ سَبْعِينَ شُرْبَةِ مِنْ ماءِ الكَوْثَر يَوْمَ اْلقِيَامَةِ

“Ҳар кас ба фарзанди хурдсоли худ ҷуръае об бинӯшонад, Худованд ба подоши ӯ дар рӯзи қиёмат ҳафтод ҷуръа аз оби кавсар ба ӯ менӯшонад.”[9]

  1. Масрур сохтани фарзандон мояи шодмонӣ дар рӯзи қиёмат:

Имоми Содиқ(а) фармуд:[مَنْ فَرَحَ وَلَدَهُ فَرَحَهُ الله يَوَمَ اْلقِيامَةِ]

Ҳар кас фарзанди худро хушҳол кунад, Худованд дар рӯзи қиёмат хушҳолаш менамояд.”[10]

  1. Некӣ ба фарзанд некӣ ба падару модар аст:

Марде аз ансор ба имоми Содиқ(а) арз кард:

[مَنْ اَبَرَ؟ قالَ: والِدَيْكَ. قالَ قَدْ مَضَيا. قالَ: بِرّ وَلَدََكَ]

“Ба чӣ касе некӣ кунам? Имом(а) фармуд: Ба падар ва модарат. Гуфт онон аз дунё рафтаанд. Ҳазрат фармуд: Ба фарзандат некӣ кун.”[11]

  1. Лутфу раҳмати Худо ба волидайн дар партави муҳаббати онҳо ба фарзандон:

Аз имоми Содиқ(а) нақл шудааст, ки фармуданд:

[إنَّ اللهَ لَيَرْحَمَ اْلوالِدَ لِشِدَّةِ حُبِّهِ لِوَلَدِهِ] “Марде, ки нисбат ба фарзанди худ муҳаббати бисёр дорад машмули раҳмат ва инояти Худованди Бузург мебошад.”[12]

  1. Нигоҳ кардани падар ба фарзанд:

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

[نَظَرُ الْوَالِدِ إِلَى وَلَدِهِ حُبّاً لَهُ عِبَادَة]“Нигоҳ кардани падар ба фарзанд аз рӯи меҳру муҳаббат,ба ӯ ибодат аст.”[13]

  1. Аҷри маънавии таваҷҷӯҳ ва инояти волидайн ба фарзандон:

Паёмбари Бузургвори Ислом(с) фармуданд:

     إذا نَظَرَ اْلوَالِدُ إلى وَلَدِهِ فَسَرَّهُ كانَ لِلْوَالِدِ عِدْلُ عِتْقِ نَسَمَةٍ، قيْلَ: يا رَسُولَ اللهِ وَإنْ نَظَرَ ثَلاثَمَائَةٍ وَسِتِيْنَ نَظْرَةً؟ قالَ: اللهُ أكْبَرُ

“Агар падар нигоҳе ба фарзанди худ бияфканад ҳамонанди он аст, ки бандае озод кунад. Арз шуд: Эй Паёмбари Худо(с)! Ва агар сесаду шаст нигоҳ кард? (Паёмбар(с) аз шигифтӣ ва барои нишондодани подоши азими меҳр ва инояти ин падар ба фарзандаш ва тақдир аз чунин падаре) фармуданд: Аллоҳу акбар.”[14]

 Аҳаммият ва зарурати тарбияти фарзанд аз назари Ислом:

Аҳммият ва зарурати тарбияти одамӣ, бар касе пӯшида нест. Мазҳаб ва гурӯҳе нест, ки аҳаммият ва зарурати тарбияти одамиро инкор кунад, ихтилофот ҳама дар аҳдоф ва равишҳои тарбияти одамист, зеро аз вижагиҳои одамӣ тарбият пазирии ӯст. Нозил шудани китобҳои осмонӣ ва фиристодани расулон ва паёмбарон барои тарбият ва ҳидояти ӯст.

Пешвоёни мо дар ривоёти мутааддиде бар зарурат ва аҳаммияти тарбият дар ин даврон таъкид кардаанд.

Паёмбари Акрам(с) мефармоянд:

[مَا نَحَلَ وَالِدٌ وَلَدَهُ نُحْلًا أَفْضَلَ مِنْ أَدَبٍ حَسَنٍ]“Ҳеҷ падаре ҳадияи беҳтар аз тарбияти некӯ ба фарзандаш надодааст.”[15]

Ва ҳамчунин имоми Содиқ(а) мефармояд:

وَ تَجِبُ لِلْوَلَدِ عَلَى وَالِدِهِ ثَلَاثُ خِصَالٍ اخْتِيَارُهُ لِوَالِدَتِهِ وَ تَحْسِينُ اسْمِهِ وَ الْمُبَالَغَةُ فِي تَأْدِيبِه

“Фарзанд бар падар се ҳақ дорад: Интихоби модари муносиб барои ӯ, (модари воҷиди шароит ва ҳамшаън) номи нек ниҳодан бар ӯ ва ҷиддияту талош дар тарбияти ӯ.”[16]

Муносибтарин замони тарбият

Ривоёт бар тарбияти фарзанд дар даврони кӯдакӣ, навҷавонӣ ва оғози ҷавонӣ таъкиди фаровон дорад. Аммо чаро тарбият дар ин даврон инқадар аҳаммият дорад?

Нахустин ва муҳимтарин далел бар аҳамияти тарбият дар даврони кӯдакӣ ин аст, ки қалби кӯдак, ки бояд арши раҳмон бошад дар ин даврон ҳануз ба сиёҳӣ ва палидии гуноҳон олуда нашудааст. Монанди заминест, ки ҳануз базре дар он кишт нашудааст ва мо метавонем ҳар гуна сифоти ахлоқӣ ва иҷтимоиро, ки бихоҳем дар он кишт кунем. Қалбе, ки холист, ҳам метавонад арши раҳмон шавад ва ҳам манзили шайтон.

Ҳазрати Алӣ(к) дар номае хитоб ба фарзандаш имом Ҳасан(а) сабаби ин амрро ин тавр баён мекунад:

وَ إِنَّمَا قَلْبُ الْحَدَثِ كَالْأَرْضِ الْخَالِيَةِ مَا أُلْقِيَ فِيهَا مِنْ شَيْ‏ءٍ قَبِلَتْهُ فَبَادَرْتُكَ بِالْأَدَبِ قَبْلَ أَنْ يَقْسُوَ قَلْبُكَ وَ يَشْتَغِلَ لُبُّك

“Чун қалби кӯдакон монанди замини холист, ки ҳар базр ва донае дар он бикоранд мерӯяд. Ман тарбияти туро дар кӯдакӣ ва қабл аз ин ки, қалбат сахт ва зеҳнат машғул шавад оғоз кардам.”[17]

Дуввумин далели аҳамияти тарбият дар даврони кӯдакӣ ин аст, ки ҳанӯз зеҳни кӯдак ба омӯзишҳои бефоида, мисли васоили маъишатӣ ва дунявӣ аз қабили зан, фарзанд, ҷамъи мол ва ғайра, машғул нашудааст. Кӯдаки фориғ аз ҳамаи ин афкор метавонад ба роҳатӣ омӯзишҳо ва тарбияти лозимро пазиро шавад, зеро дар ин давра кӯдак фақат падар, модар ва муҳити хонаводаи худро мешносад ва ба истилоҳ гӯшу чашми ӯ бастааст ва танҳо таҳти пӯшиши шахсияти худ тағзияи рӯҳӣ ва фикрӣ мешавад. Дар ин давра рӯҳи кӯдак фавқулода ҳассос ва асар пазир аст ва монанди дурбини филмбардорӣ, ҳамаи рафторҳоро дар худ забт мекунад ва оҳиста − оҳиста дар дароз муддат он чиро, ки дидааст, буруз медаҳад. Агар падару модар дар ин давра, дар тарбияти фарзанд саҳлингорӣ ва кутоҳӣ кунанд ва худ амалан улгӯи тарбияти шоистае барои кӯдаки хеш набошанд ва танҳо ба амру наҳейҳои хушку холӣ иктифо кунанд, кӯдакон бетаъсир аз чунин тавсияҳои хушку холӣ, ба рафторҳо ва хулқиёти номатлуб гароиш хоҳанд ёфт ва берун аз хона бо улгӯҳои манфии ахлоқӣ рӯ ба рӯ мешаванд, иқбол ва асар пазирӣ бештаре аз худ нишон хоҳанд дод.

[1]. Алломаи Маҷлисӣ, Биҳоруланвор, ҷ.1, саҳ. 94.

[2]. Сураи Фурқон, ояти 74.

[3]. Сураи Каҳф, ояти 46.

[4]. Сураи Анфол, ояти 28, ва Сураи Тағобун, ояти 15.

[5]. Ҷалолуддини Суютӣ, Ҷомеулаҳодис, ҷ.9, саҳ. 118.

[6]. Алломаи Табарсӣ, Макоримул ахлоқ, саҳ. 218, Муттақии Ҳиндӣ, Канзулуммол, ҷ.16, саҳ. 270.

[7]. Мустадрак, ҷ.15, саҳ. 112.

[8]. Макоримулахлоқ, саҳ. 220.

[9]. Ҷалолуддини Суютӣ, Ҷамъулҷавомеъ ва Ҷомеъулкабир, ҷ.7, саҳ. 176.

[10]. Ибни Фаҳди Ҳиллӣ, Иддатуддоӣ, саҳ. 88.

[11]. Иддатуддоӣ, саҳ. 88, Канзулуммол, ҷ.16, саҳ. 818.

[12]. Иддатуддоӣ, саҳ. 88, Макоримулахлоқ, саҳ. 219.

[13]. Мустадрак, ҷ.15, саҳ. 170.

[14]. Табаронӣ, Алмуъҷамулкабир, ҷ.11, саҳ. 239.

[15]. Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ.27, саҳ. 265, Сунани Тирмизӣ, ҷ.4, саҳ. 338.

[16]. Биҳоруланвор, ҷ.75, саҳ. 236.

[17]. Наҳҷулбалоға, номаи31.

биҳиштнеъматтрбияфарзандонхонавода
Comments (0)
Add Comment