Ниёзҳои отифӣ ва ахлоқии ҳамсарон чист?

   Ҳаряк аз мо ҳамонқадр, ки дар робитаҳои отифии худ бо атрофиён, хусусан дар муҳити манзил ва дар иртибот бо ҳамсар муҳаббат пардохт мекунем, интизори дарёфтҳам дорем дар матолибе дар мавриди, тафовутҳои эҳсоси отифӣ ва шинохти байни занон ва мардон ва парҳез аз шеваҳои худмағлубӣ матраҳ намудем. Инак дар идома мехонем….

   Таваҷҷӯҳ ба интизорот, хостаҳо ва ниёзҳои якдигар

   Ҳифзи робитае, ки шакл мегирад ниёзманди талоши мудовим ва мустамир аз сӯи ҳардутараф мебошад. Яке аз аслитарин пояҳои нигаҳдорандаи робита, таваҷҷӯҳ ба ниёзҳо, интизорот ва хостаҳои тарафи муқобил аст. Иттилоъ аз ниёзҳои тарафи муқобил, дар ҳар робита, хусусан дар зиндагии заношӯӣ ба мо имкон медиҳад битавонем аз бисёре суитафоҳумҳо ва мушоҷироти нохоста дар зиндагии рӯзмарраи худ бикоҳем. Ба унвони мисол ниёзҳои мардонро дар муҳити хонавода метавон ба дубахши асоси тақсим кард.

  • Ниёзҳои отифӣ

   Шояд битавон издивоҷро ба супурдагузори дар як бонк ташбеҳ кард. Яке аз мақсадзоии ҳаряк аз мо барои ифтитоҳи ҳисоб ва ё афзоиши мавҷудӣ, ҳаққи бардошт азон аст. Бисёр табии менамояд, ки дар равобити отифӣ низ доду ситаде вуҷуд дошта ва дарёфт ва пардохте даркор бошад. Ҳар як аз мо ҳамонқадр, ки дар равобити отифии худ бо атрофиён, хусусан дар муҳити манзил ва дар иртибот бо ҳамсар муҳаббат пардохт мекунем, интизори дарёфтҳам дорем. Пас лозим аст, ки ба мақсади эҷоди тавозуни отифӣ дар зиндагии муштарак ва пешгири аз эҳсоси зиён даряк тараф, аз ниёзҳои аслии якдигар бохабар бошем.

Аммо ниёзҳои отифии завҷайн чи ҳастанд?

Мақбулият:

Аз муҳимтарин ниёзҳои отифии ҳамсарон мақбулбудан ва мавриди пазириш қарор гирифтан аст. Хусусан тамоми мардон ниёзманди он ҳастанд то ба онҳо исбот шавад, ки дар муҳити хонавода, хостани ҳастанд на ба хотири шуғл, даромад ва ё мақом ва мавқеияти иҷтимоие, ки тамоман сурӣ ва мавқеи ҳастанд балки фақат бахотири вуҷуди худашон.

Эътимод:

   Аз дигар ниёзҳои асосии ҳамсарон, мавриди эътимодбудан аст. Агар марде дар муҳити хонавода бо ин эҳсоси нохушоянд рӯбарӯ шавад, ки ҳамсар нисбат ба ӯ эътимод ва итминони лозим ва кофиро (дар ҳар замина) надорад, эҳсоси бекифоятӣ, набуди эътимод ба нафс ва нохушнуди ба вуҷуди ӯ муставли шуда, эҳсос мекунад ҳомии хубе барои хонаводааш нест. Ҳатто тасвири инки зан, шавҳарашро белиёқат ва бекифоят бидонад ва дар вақтҳои сахтӣ ва ё ҳатто маъмулии зиндагӣ, онтавр ки бояд ӯро такягоҳ қарор надиҳад барои мард ба монанди марги отифӣ аст. Агар бардошти зан аз мард бо тавоноиҳо, имконот ва истеъдодҳои ӯ бетаассуб ва воқеъбинона бошад ва таваққуот ва интизороти худро бар мабнои воқиият танзим кунад, эҳсоси набудани амният ва итминон ва ё белиёқатиро ба шавҳар ва муҳити хонаводаи худ мунтақил намекунад. Чигуна мумкин аст фарзандон, падарро мазҳари қудрат ва такягоҳи худ бидонанд дарҳоле ки модар бо ҳаракатҳои хоста ва нохостаи худ, иқтидор ва кифоятро аз шавҳари худ салб мекунад? Чи хуб аст баҷои таназзул ҷойгоҳи мард дар хонавода ба манзилати асли ва воқии ӯ бияндешем ва онро ба шарики зиндагии худ ҳадя кунем то бо эҳсоси амнияти бештар, бар талоши худ барои дарки хонавода ва иртифои кайфият ва камияти иртиботот ва беҳбуди вазъияти рафторӣ ва ахлоқии худ бияфзоянд. Фарзандон низ бо итминон ба қудрати фикрӣ ва тавонойиҳои падар, худро дар ҷомеа танҳо ва беёвар ва бидуни пуштибон тасаввур намекунанд. Эҳсоси бепуштувонагии фарзандон сабаб мешавад то дидгоҳи манфи аз дунё , афрод ва мавқеиятҳои дар зеҳни онон шакл бигирад. Барои фарзанд муҳим аст падарашро мазҳари қудрат ва қаҳрамон тасаввур кунад. Илова бар ин ҳар марде дар аъмоқи вуҷуди худ мехоҳад дар назари хонаводааш қаҳрамони арзишманд бошад. Паҳлавоне ки дар ҳар шаройите мавриди итминони хонавода қарор дошта, ба унвони улгуе аз дониш ва чораандеши, ҳаллоли мушкилоти хонавода ва атрофиён аст. Дар мавриди занонҳам вазъ ба ҳаминшакл аст агар зан дар хона фақат нақши бартарафкунандаи ниёзҳои аввалияи манзилро дар мавриди ҳамсар ва фарзандонаш дошта бошад ва ба тадриҷ дучори яъс ва дилзадаги мешавад ва эҳсос мекунад нақше фаротар аз дари манзил бояд дошта бошад, ки ба он бетаваҷҷӯҳи шуда ва ин тоза аввали як носозгори дар хонавода аст, ки пуштивонаи мантиқӣ дорад ва бояд мавриди таваҷҷӯҳ қарор бигирад.

Ташвиқ:

   Ташвиқ низ яке дигар аз ниёзҳои ҳамсарон аст. Завҷайн барои умедвор будан ба зинадги, ба ташвиқи ҳамсари худ ниёзманд аст. Ташвиқ ва қадршиносӣ аз заҳамот ва талошҳои ҳамдигар, эҳсоси арзишманди ва ризоятро ба ӯ ҳадя мекунад. Таҳсини вижагиҳои мунҳасирбафард, истеъдодҳо, хулқуху, тавонои ва муқовимат дар муқобили сахтиҳои зиндаги барои дутараф, эҳсоси амниятро ҳадя мекунад. Ҳамаи мо қабул дорем рафторе ки мавриди ташвиқ қарор гирад такрор хоҳад шуд. Пас биёйед ба ҷои онки уюби тарафи муқобилро ба рухи ӯ бакашем ва ё нуқсон ва нотавоноиҳои ӯро ба таври ҳамеша ба худаш (ва ё дар ҷам) ёдовар шавем, аъмоли неку, нуқоти қувват ва тавонийишояҳро инбор нафақат дар танҳои, ки дар ҷамъ низ мутазаккир шавем то рафтори номуносиб ба шеваи зимнӣ ва ғайри мустақим коҳиш ёбад.

  • Ниёзҳои ахлоқӣ:

   Илова бар ниёзҳои зикршуда, завҷайн аз якдигар интизороти дигаре низ доранд, ки баднест аз онҳо ба унвони ниёзҳои ахлоқӣ ёд кунем. Хулқи хуш ва некуи хонуми манзил яке аз пояҳои нигоҳдоранда ва ҳатто шояд битавон иддио кард аслитарин сутуни зиндагии муштарак маҳсуб мешавад. Заноне ки нохоста дар муҳити манзил ва дар муқобили шавҳаронашон пархошгари мекунанд хуб аст мутаваҷҷеҳи ин нукта бошанд, ки агар гилояе аз шавҳарони худ доранд, бо лаҳни ором ва бо калимоти муносиб ва бидуни тавҳин ба шахсияти шавҳар, онро матраҳ кунанд. Аз тарафе мардон низ азин зовия ба қазия бингаранд ки пархошгари дар зан, натиҷаи эҳсоси адами амнияти отифӣ ва равонӣ дар ӯст. Чихуб мешуд агар ҳардутараф баҷои онки мисли куҳ, танҳо суратҳо инъикос дода ва фарёд бикашанд, иллати рафтори пархошгаронаро ҷуё шаванд.

   Аммо агар аз якдигар шикоят ё интиқоде доштем читавр ё чигуна баён кунем?

   Пеш аз ҳарчиз аз қазовати аҷулона бипарҳезед. Қабл аз иқдом ба ҳар амал ё ҳаргуна суҳбат хуб аст бидонем воқиан чи пеш омада аст. Бо дидгоҳи мантиқи ва воқеъбинона, абъоди гуногуни қазияро барраси карда, аз суи тафоҳум пешгири кунем. Дидан аз даричаи чашми дигаре ба маънои дарки авотиф, эҳсосот, андешаҳо ва афкори ӯст. Бадонгуна, ки пешинаи фарҳангӣ, тарбиятӣ ва хонаводагии ӯ, тайи солиёни мутамоди ба ӯ омӯхта аст.

Агар воқеан битавонем дар қазоватҳо, на танҳо худ, балки дигаронро низ дарназар бигирем зиндаги бисёр зеботар аз ончизе мешавад, ки интизор дорем.

   Нуктаи баъди риояти эҳтироми худ ва тарафи муқобили худ дар тамоми шууни зиндаги ҳатто тарҳи шикоятҳост. Агар аз амалкард ва навъи коркарди ҳамдигар интиқод кунем беҳтар аз он аст, ки бобакоргирии алфози тунд ва тавҳиномез, шахсияти якдигарро омоҷи ҳамла қарор дода, эҳсоси танаффур нисбат ба худамонро дар зеҳни тарафи мутақобил шакл дода, шиддат бахшем. Гоҳ дида мешавад бархе афрод барои исботи назари худ ва ё фурунишондани хашми ноши аз пешомаде (ки албатта тарафи муқобилро мусаббаби он вазъият медонанд) дар интиқодҳо ва ё суханони худ аз вожаҳое истифода мекунанд, ки мутмаин ҳастанд тарафи муқобилро маёзорад ва ё ҳаддиақал хашми ӯро бармеангезад. Биёйед фикр кунем. Бо ин амал чичиз ба исбот мерасад. Кадом вазъият беҳбуд меёбад? Чи натиҷае аз чунин рафторе насибамон мешавад? Оё ғайр аз ин аст, ки як одами хашмгин ва асаби табдил ба дунафар мешавад.

Агар тасаввур мекунем марде ба лиҳози моддӣ имконотеро ки интизор доштаем фароҳам накарда ва ё онгуна ки бояд дар ҷиҳати рифоҳ маънавии хонавода накушидааст, ҳақдорем ӯро бо дигарон, хусусан афроди муаяне ки ҳассосияти ӯро бармеангезад, муқойиса кунем? Оё чунин муқойисае таҳқири ошкори ӯ нест? Оё интизор дорем ҳама ба шеваи яксон амал кунанд? Оё меписандем худамон низ мавриди қиёс қарор гирем? Натиҷаи муқойиса, эҳсоси ҳақорат, камбуд, адами эътимод банафс ва хашм аст ва чигуна метавон дар тамоми тули зиндаги бо касе зери як сақф зиндаги кард, ки ҳарлаҳза барои шумо ёдовари эҳсосоти манфӣ ва хотироти талх ва номатлуб аст?

Биёед мушкилотро баҳам рабт нидиҳем. Агар мушкиле пеш омада, дар ҳамон замон ва макони худаш, ба рафъи он мубодират варзида ва як мавридро ба тамоми вақойеъи зиндаги муртабит накунем. Дарғайри инсурат як мушкили кучак онқадр доманадор мешавад, ки котурули авоқиби ноши аз он кори душвор хоҳад буд. Қарор нест як суитафоҳуми кучак бо иштибоҳи ночизе ки аз яке аз тарафайн бо бастагони ӯ сарзада дар мавқеият ё ҳар мушоҷира ё ихтилофи назар (барои гирифтани имтиёзи бештар аз тарафи муқобил) такрор шавад! Дар чунин мавқеияте натанҳо барои мушкили замониҳол чорае андешида нашуда ва натиҷае аз баҳси мавҷуд ҳосил намешавад балки захмҳои куҳна сар боз мекунанд ва фурсати илтиём даст намедиҳад. Илова бар инки мавриде низ барои идомаи мушоҷира ва шиддатёфтани он пайдо мешавад. Ин масири тулонӣ мутмаиннан ҳадафи аслии моро дар натиҷагири таъмин намекунад, бо тағйир дар суҳбаткардан ва ё ҳатто тағйири иборатҳои содда ба равобити бисёр матлубтар, самимонатар ва хушояндтар даст меёбем. Гоҳе вақтҳо тағйири улгуи рафтори дар зиндаги илзомӣ баназар мерасад. Истифода аз иборатҳо ва калимаҳо ва навъи баён, бо тағйир дар сабки гуфтори бамо имкон медиҳад аз мавқеиятҳои истересзо дури гузида, шаройитро ба шакли матлуб ба самти оромиш ва рифоҳи хонавода суқ диҳем. Забони хуш чизе нест ҷуз риояти эҳтироми тарафи муқобил ва ба коргирии алфоз ва иборатҳое ки камтарин мизон танишро мобайни тарафайн эҷод карда ва беҳтарин натиҷаро бабор меоварад. Ва тамоми инҳо мубайини як шеваи иртиботӣ аст: “иртиботи бидуни сарзаниш”.

   Дар охир лозим ба зикр аст, ки ёдовари шавад робитаи заношуйӣ як робитаи дутарафа аст ва наметавон аз занҳо интизор дошт, ки ниёзҳои ҳамсарашонро ҷомаи амал бипушонанд бидуни инки ба ниёзҳои худашон посухе додашавад бо таваҷҷӯҳ ба инки ҷинси зан отифитар ва ҳасостар аст, бояд мардон низ таваҷҷӯҳи хоссе ба ин нукта кунанд, ки таваҷҷӯҳ ва эҳтиром ба ниёзҳои ҳамсарашонро дар дараҷаи аввали аҳмият қарор диҳанд то аз дарёи муҳаббати онҳо баҳраманд гарданд.

ахлоқиздивоҷотифаташвиқҳамсарэътимод
Comments (0)
Add Comment