Амонатдории ҳамсарон

Амонатдорӣ яке аз сифатҳои барҷастаи инсонӣ аст ва бо доштани ин сифати малакутӣ аст, ки мешавад эътимоди умумиро ҷалб кард ва инсонҳои мунҳариф ва ғайри мусалмонро ба даври шамъи фурӯзони Ислом гирд овард ва ҷомеае мутмаине эҷод кард ва ононро дар масири камол пеш бурд.

Яке аз сифатҳои инсони мухолифи амонат, хиёнат аст, ки аз сифатҳои нописанд ва пасти инсонӣ аст, ки сабаби беэътимодӣ дар ҷомеа аст. Оятҳо ва ривоятҳое дар ҳамин бора вуҷуд дорад, ки фақат ба чанд оят ва ривоят ишора мешавад.

Амонатдории зан

Мард дар хона амонатдоре аст, ки ҳамсар амонати ӯст. Зан низ дар хонаи шавҳар, амонатдор аст. Амонате, ки шавҳар дар ихтиёри зан гузошта аст, ба ду навъ аст, ки бояд ҳарду амонатро ба таври некӯ ҳифз ва нигаҳдорӣ кунад ва нагузорад ҳайф шавад.

Қисми аввал; зан дар хона ва дар ғиёби шавҳар амонат аст. Зан бояд худро аз нигоҳи номаҳрам ва бегона маҳфуз бидорад ва дар ғиёби шавҳар бо мардон иртиботи номашруъ надошта ва шухӣ ва хандаҳое, ки сабаби ром кардани дили маризи ноаҳлон мешавад, нанамояд, дар ғайри ин сурат зан бузургтарин хиёнатро анҷом додааст.

Кору касби шавҳар дар берун аз хона аст ва бисёре аз соатҳо дар хона нест. Зан бояд дар ғиёби ӯ покдомании худро ҳифз кунад. Паёмбар (с) дар супоришҳое ба ҳазрати Алӣ (к) фармуд: “эй Алӣ! чаҳор чиз камаршикан аст: яке аз онҳо дар бораи зане аст, ки шавҳараш дар ҳифзи ӯ талош кунад ва ӯ ба шавҳараш хиёнат кунад.”

Қисми дувум; розҳои пинҳонии мард назди занаш амонат аст. Бояд ин розҳои хонаводагӣ (ҳамчун камбудиҳои иқтисодӣ, рӯҳӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва ҷисмӣ)-ро дар синаи худ ҳифз ва нигаҳдорӣ кунад ва набояд розҳои шавҳарашро ҳатто назди падару модараш фош созад. Ва низ ҳифзи сармоя ва дороии шавҳар дар хона бо ҳамсари ӯст, набояд бедуни иҷоза аз васоили зиндагӣ истифодаи нобаҷо намояд. Зан бояд дар ҳифзу нигаҳдории имконоти мавҷуд дар хона кӯшо бошад; набояд бедуни иҷозати шавҳар чизе инфоқ кунад ва ё садақа диҳад, зеро марди боэътимод ва итминон, амвол ва сарвати худро дар ихтиёри ӯ мегузорад ва ӯст, ки амонатдори шавҳараш мебошад.

Ҳикоят

Марде, ки ба ҷурми хиёнат дар амонат аз ҳамсараш шикоят кард.

Марде ба баҳонаи ин, ки занаш амвол ва дороияшро ба хонаводааш бахшидааст ва хиёнат дар амонат кардааст дархости талоқ кард.

Марди 43 сола, ки ба ҳамроҳи ҳамсараш ба додгоҳи хонавода омадааст, дар ҷаласаи расидагӣ ба парвандаи талоқаш ба додрас гуфт: 11 соли пеш издивоҷ кардам ва ду фарзанд дорам, ҳамсарам духтари амакам аст, шаш соли пеш барои сомон бахшидан ба зиндагиям ба хориҷ рафтам ва машғули кор шудам. Баъд аз муддате бародари ҳамсарам ва яке дигар аз хешовандон ва ҳамсарамро бо худ бурдам ва аз ин сабаб зиндагии онҳо беҳтар шуд ва баъд хуб шудани вазъи молияшон ба ватан бозгаштанд.

Ман чаҳор соли тамом шабу рӯз дар ғурбат кор кардам ва ҳосили дастранҷамро барои ҳамсарам фиристодам, аммо чӣ фоида, ки ӯ бо соддалавҳӣ ҳамаи пулҳоро ҳайф кард. Вақте ба кишвар бозгаштам ва фаҳмидам ҳатто дираме аз он пулҳо дар зиндагиам истифода нашудааст, бо занам дучори ихтилоф шудам, ки ба думболи ин ихтилоф ӯ хонаро тарк кард. Ҳоло ҳам ҳудуди ҳаждаҳ моҳ аст, ки ду фарзандамро дар хонаи хоҳарам нигаҳдорӣ мекунам ва худам як мошин аз мардум иҷора карда ва бо он кор мекунам.

Додрас: Ҳоло мехоҳӣ аз ӯ ҷудо шавӣ?

Мард: бале, оқои додрас, танҳо дар ҳолате тан ба идомаи ин зиндагӣ медаҳам, ки хона ва зиндагиямро баргардонад. Ман кор кардам ва пул фиристодам, то хонае ба номи худ бихарад, аммо ӯ бо пули ман барои падараш хона харидааст.

Додрас аз мард пурсид? Чиқадар пул фиристодаӣ?

Мард гуфт: даҳ ҳазор сомонӣ фиристодаам, аммо дираме баргардонда нашудааст. Оқои додрас! дилам месӯзад, ки аз тамоми ин пулҳо занам ҳатто як фарши се метра барои зиндагиаш таҳия накардааст, тамоми васоилиро ҳам фурӯхтааст.

Додрас (хитоб ба зан) : шумо хиёнат дар амонат кардаед, ҳаққу ҳуқуқи шавҳаратонро бидиҳед, то ба шумо эътимод кунад ва ба зиндагӣ идома диҳад.

Бале, яке аз вазифаҳои муҳими зан дар хонаи шавҳар ин аст, ки ҳофизи манофеи ӯ бошад ва аз ҳеҷ кӯшише барои беҳбуди вазъияти зиндагии хонавода дареғ накунад. Ислом ба ин нукта назар дорад ва ривоятҳое дар ин бора вуҷуд дорад.

Паёмбари Ислом(с) фармуд: “Оё хабар диҳам шуморо ба беҳтарин ганҷҳои мард (беҳтарин сарвати мард)? Зани шоистае, ки вақте шавҳар ба ӯ назар мекунад хушҳол шавад, вақте ба ӯ фармон дод, итоат кунад ва ҳангоми ғиёбаш амонати ӯро ҳифз кунад.”

Паёмбар(с) аз Худованд нақл мекунад, ки фармуд: “Вақте бихоҳам хайри дунё ва охиратро барои мусулмон гирд оварам, чаҳор чиз ба ӯ медиҳам (ва яке аз онҳо чунин аст): зани мӯъмине, ки ҳаргоҳ мард ба ӯ нигоҳ кунад, шод шавад ва дар набудани шавҳари худ амволашро ҳифз кунад.

ҳамсарҲикоят
Comments (0)
Add Comment