Бузургтарин монеи ҳалли ихтилофоти оилавӣ бемории ахлоқии худбинию худписандӣ аст. Мутаассифона бисёре афрод ба ин бемории мӯҳлик мубтало ҳастанд. Касоне, ки ба ин беморӣ мубтало бошанд чашми ақлашон кӯр аст.
Хубиҳои худашонро мебинанд ва бузург мешуморанд вале бадиҳояшонро аслан намебинанд. Вақте ин беморӣ бо бемории айбҷӯӣ аз дигарон илова шуд ғавғо мекунад. Гоҳе зан ва шавҳар ҳар ду мубтало ҳастанд гоҳе яке аз онҳо. Агар ҳарду нафар мубтало бошанд шубонаруз даъво ва интиқод доранд, ҳар кадом аз онҳо айби дигареро мебианд ва бузург ҷилва медиҳад ва интиқод мекунад вале вуҷуди худашро аз ҳар гуна айбу нақсе дур медонад. Ва агар яке аз онҳо мубтало бошад фақат аз дигарӣ интиқод мекунад вале худашро пок ва беайб мешуморад.
Дар сурате, ки зан ва шавҳар ба ин беморӣ мубтало бошанд ислоҳи онҳо бисёр душвор аст. Чун худашонро беайб медонанд ба панду андарз гӯш намедиҳанд. Ҳангоме ки ба барномаҳои хонаводаи садо ва симо гӯш медиҳанд агар айбе гуфта шуд, ки дар ҳамсарашон вуҷуд дорад, ӯро хуб мефаҳманд ва зуд ба рухаш мекашанд, вале агар айбе гуфта шуд, ки дар худаш вуҷуд дорад, аслан таваҷҷуҳ намекунанд ва худашро аз он пок медонад. Китобҳои ахлоқи хонаводаро мехарад ва ба ҳамсараш медиҳад, ки бихонд ва ба вазоифи худаш амал кунад лекин дар мавриди худаш ниёзе ба хондани китоб намебинад. Чун худаш ро сад дар сад беайб медонад. Худписандии баъзе афрод мумкин аст онқадар амиқ бошад, ки ҳатто бемории худписандии хешро низ набинанд.
Маълум аст, ки ислоҳ ва ҳалли мушкилоти чунин хонаводҳое бисёр душвор балки ғайри мумкин хоҳад буд. Бо чунин вазъе ё бояд то охири умр бо ихтилоф ва даъво ва кудурат ва ранҷу азоб зиндагӣ кунанд, ё ба талоқ ва ҷудоӣ ва авоқиби бади он тан диҳанд.
Бинобарин ба ҳамаи хонаводаҳое, ки ихтилоф доранд тавсия мешавад, ки аз худбинӣ ва худхоҳӣ даст бардоранд ва ҳадди ақал эҳтимол бидиҳанд, ки мумкин аст дар вуҷуди онҳо низ айб ва тақсире вуҷуд дошта бошад.
Дар фурсати муносиб, бе таассуб ва худхоҳӣ, ҳамонанди ду қозии бо инсоф ва амин бо ҳам бинишинанд, мавориди ихтилофро дар миён бигузоранд. Бе таассуб ва қасди дифоъ ба сухани якдигар хуб гӯш диҳанд. Ҳар як аз онҳо бо қасди ислоҳ ва бе чашмпушӣ айб ё айбҳои худро бинависад. Онгоҳ бо ҳам тасмим бигиранд, ки дар ислоҳи айбҳои худашон кӯшиш кунанд. Агар зарурати вуҷуди ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли ихтилофро воқеан эҳсос намоянд, бадин васила метавонанд ба тафоҳуми воқеӣ бирасанд ва сафо ва оромиш ва муҳаббат аз даст додаро дубора боз ёбанд.
Ва агар худашонро дар ин бора нотавон мебинанд метавонанд дар бо муроҷиа ба як довари огоҳ ва хайрандеш ва бо имон ва мавриди эътимод ва бо таҷриба тафоҳум намоянд. Ва агар ин довар ё доварон аз хешони наздикашон бошад беҳтар аст. Он гоҳ ба қасди ислоҳ ва бе пардапушӣ тамоми мавориди ихтилофро бе каму зиёд дар ихтиёри довар қарор диҳанд, ва аз ӯ бихоҳанд, ки дар бораи онон доварӣ кунад. Онгоҳ хуб ба суханонаш гӯш диҳанд ва агар ишколе доштандт аз ӯ бихоҳанд. Ба қасди амал назарҳои ӯро ёддошт намоянд, ва ҳамаро дақиқ иҷро намоянд. Ва сафо ва оромишро дубора ба хона боз гардонанд. Албатта тарки лаҷбозӣ ва худхоҳӣ ва тандодан ба чунин доваре кори осоне нест вале инсони андешаманде, ки ба бақо ва субот ва оромиш ва унси хонаводагӣ алоқа дорад метавонад чунин кореро анҷом диҳад ва аз самароти арзишмандаш баҳраҳманд гардад.
Падар ва модар ва хешони наздики арӯс ва домод ҳам агар ба ихтилофи онҳо пай бурданд, беҳтар аст бе доду фарёд ва ҷонибдорӣ аз як тараф ва зиёд кардани ихтилоф, мавзӯи ихтилофиро ба як довари амин ва бо таҷриба ва хайрандеш, дар миён бигузоранд ва дар ин бора ёришон диҳанд. То ба ёрии Худо ихтилофоташон бартараф гардад.
Худованд дар Қуръон мефармояд: Ва чунончи бими онро доред, ки ҷудоӣ ва низоъ дар байни зану шавҳар пайдо шавад як нафар довар аз хешони мард ва як нафар аз хшони зан интихоб кунед, ки агар қасди ислоҳ дошта бошанд Худо дар миёни онҳо тавофуқ ба вуҷуд хоҳад овард. Ва Худо ба ҳама чиз доно ва бар ҳама асрор огоҳ аст (1).
Талоқ
Бо инки талоқ дар назари Ислом як амри ҷоиз ва машрӯъе аст аммо дир айни ҳол, мабғузтарин ва бадтарин корҳо аст. Имом Содиқ (а) фармуд:
Тазвиҷ кунед вале талоқ надиҳед. Зеро аз вуқӯи талоқ арши Худо меларзад (2).
Ҳазрати Содиқ (а) фармуд: Худо дӯст дорад хонаеро, ки дар он арусӣ воқеъ шавад ва бадаш меаяд аз хонҳое, ки дар он талоқ воқеъ шавад. Назди Худо чизе мабғузтар аз талоқ нест (3).
Издивоҷ кафш ва ҷӯроб харидан нест, ки вақте онро дӯст надошт дӯраш биндозад ва кафши дигаре бихарад. Заношуӣ як паймони муқаддаси инсонӣ ва пайванди маънавӣ аст. Ду инсон бо ҳам аҳд в паймон мебанданд, ки то охири умр ёр ва ғамхори ва мӯниси ҳам бошанд. Ба эътимоди ҳамин паймони муқаддас аст, ки духтар падару модар ва хешонашро раҳо карда бо садҳо умед ва орзу ба хонаи шавҳар қадам мегузорад ва сармояи иффати хешро дар ихтиёри ӯ қарор медиҳад.
Ба эътимоди ҳамин паймони малакутӣ аст, ки мард маболиғи зиёде харҷи ақду арӯсӣ ва мураттаб сохтани асбоб ва лавозими зиндагӣ мекунад ва шубонарӯз бароии осоиши хонаводааш заҳмат мекашад. Издивоҷ ҳавасбозӣ нест то мард ва зан ба андак баҳонае онро барҳам бизананд. Дуруст аст, ки талоқи амри машрӯъе аст лекин соҳиби шариати Ислом аз он наҳи шадид кардааст.
Мутаассифона ҳамин амри мабғуз дар кишвари мо чунон шуйӯъ пайдо кардааст, ки бунёди хонаводаҳоро мутазалзил сохта эътимоди заношуиро салб намудааст.
Талоқ ҷоиз аст аммо ҷуз дар мавқеи зарурӣ набояд аз он истифода кард.
Пайғамбари Ислом (с) фармуд: Он қадар ҷабраил дар бораи занон ба ман суфориш кард, ки гумон кардам ҷуз дар мавриди иртикоби зино набояд ононро талоқ дод (4).
Аксари талоқҳое, ки байн мо воқеъ мешаванд маншаи дуруст ва қобили таваҷҷуҳе надоранд. Балки бо баҳонаҳои кӯдакона ва дар асари лаҷбозии зан ё шавҳар анҷом мегиранд. Яъне мавзӯъоти кӯчак ва беаҳамияте боиси талоқ мешаванд, ки арзиши онро надоранд, ки ба хотири онҳо конуни муқаддаси заношуӣ аз ҳам бипошад, лекин нодонӣ ва худхоҳии зан ё шавҳар як амри ҷузъиро чунон муҳим ҷилва медиҳад, ки созишро ғайри мумкин мегардонад.
Маншаи талоқҳо ғолибан аз ин қабил умури ҷузъӣ ва ғайри қобили аҳамият аст, ки агар зан ва шавҳар бо фикр ва оқибатандеш бошанд набояд ба онҳо таваҷҷуҳ кунанд.
Зан ва марде, ки қасди ҷудоӣ доранд набояд саросема шаванд. Беҳтар аст аз пеш натиҷаи ин кор ва ояндаи хешро ба хубӣ бисанҷанд сипас тасмим бигиранд.
Махсусан дар ду матлаб бояд комило биандешанд:
Матлаби аввал: Зан ва марде, ки ҷудо мешванд лобуд дар назар доранд баъдан бо дигаре издивоҷ кунанд. Мард фикр мекунад ҳамсарамро талоқ медиҳам ва бо зани дигаре, ки мутобиқи майл бошад издивоҷ мекунам, зан низ фикр мекунад аз шавҳарам талоқ мегирам ва бо як марди муносиб арӯсӣ мекунам. Лекин ин зан ва мард бояд бидонанд, ки дар сурати ҷудоӣ бадсобиқа мешаванд. Ҳавасбоз ва худхоҳ ва бегузашт ва бевафо муаррифӣ мешаванд. Мард ба хостгории ҳар зане биравад он зан пас аз таҳқиқ мефаҳмад, ки зани собиқашро талоқ додаасӣ бадин ҷиҳат ба ӯ боварии комил нахоҳад кард. Пеши худ фикр мекунд аз ду ҳол хориҷ нест ё зани собқаш талоқ гирифта маълум мешавад марди хубе набудааст ё инки ӯ ҳамсарашро талоқ дода маълум мешавад аҳду вафо надорад.
Зане, ки аз шавҳараш талоқ мегирад бояд бидонад, ки камтар марде ҳозир мешавад ӯро бигирад. Зеро мардҳо фикр мекунанд агар ин зан, зани хуб ва бовафое буд аз шавҳараш талоқ намегирифт. Бадин ҷиҳат мард барои хостгории ҳар зане биравад ғолибан дасти рад ба синааш хоҳад зад. Зан низ бояд дар интизори хостгор дар хона бимонад. Агар бо ҳамин ҳол то охири умр бимонанд бадбахт ва сияҳруз хоҳанд буд. Мард ночор мешавад то поёни умр танҳо ва парпешонаҳвол зиндагӣ кунад. Зан низ ночор аст то охири умр сарбори падару модр ё дигар хешон бошад. Ё танҳо ва бе мӯнис зиндагӣ кунад ва дар ҳасрати шавҳар доштан бисӯзад ва бисозд. Дар сурате, ки зиндагии инфиродӣ бисёр душвор ва хастакунанда аст. Ба тавре, ки гоҳе маргро бар он тарҷеҳ дода даст ба худкушӣ мезананд.
Бар фарз инки мард битавонад бо ба душ кашидани зарарҳои фаровон ва даводави зиёд зани дигаре бигирад вале маълум нест аз ҳамсари аввалаш беҳтар бошад балки аксаран бадтар хоҳад буд.
Ба тавре, ки агар аз мардум хиҷолат намекашид ва барояш имкон дошт ҳозир буд ҳамсари дувумашро талоқ бидиҳад ва бо ҳамсари аввалаш оштӣ кунад. Лекин маъмулан кор аз кор гузашта ва ин мавзӯъ имконпазир нест.