Нишастани дарозмуддат мамнӯъ

Нишастанҳои дарозмуддат ва камтаҳаррукӣ аз боядҳои иҷтинобнопазири зиндагии мо шудааст; дар ҳоле, ки агар оисебҳои бисёри нишастанҳои дарозмуддатро мисли инки боиси маҳдуд шудани ҷараёни хун ва нарасидани оксижен ба мағз мешавад, бидонем инқадар чашму диламон думболи ҷои хуб барои нишастани тулонӣ намегардад. Пажӯҳишҳо мегӯяд занони миёнсоле, ки бештар аз ҳафт соат дар рӯз менишинанд, ба эҳтимоли зиёд нишонаҳои афсурдагии бештаре нисбат ба афроди дигар хоҳанд дошт.

Илова бар ин, беҳаракатӣ боиси заиф шудани устухонҳо шуда ва маводи маъдании мавҷуд дар онро коҳиш медиҳад; бинобарин барои ҳифзи саломатии худ саъй кунед дар байни кор аз ҷои худ баланд шавед ва мавқеияти худро тағйир диҳед. Агар наметавонед аз ҷои худ баланд шавед беҳтар аст як истироҳати 15 дақиқаӣ барои худ дар назар бигиред. Панҷ сония аз замони худро барои тамаркуз бар рӯи ҳаракати бахшҳое аз бадани худ ихтисос диҳед. Мучи поро ҳаракат диҳед, сари худро бичархонед, ангуштони дасти худро бозу баста кунед ва дароз бикашед.

дарозмуддатистироҳатнишастанҳаракат
Comments (0)
Add Comment