Чигуна аз мағз муҳофизат кунем?

Оё маедонистед ҳар чизе, ки барои саломатии қалб фоиданок бошад дар саломатии мағз ҳам нақши асосӣ дорад?

Анҷоми баъзе фаъолиятҳо метавонад ба ҳифзи саломатии мағз ва зиҳн кӯмак кунад.

Доктор Блик, раиси бахши ҷарроҳии аъсоби маркази пизишкии Cedars- sinai дар ин бора мегӯяд: “Генҳо ва шароити зиндагии афрод дар коҳиши қудрати ҳофиза, бофтҳои мағзӣ, сакта ва дигар мушкилоти мағзӣ нақш доранд, аммо ба таври куллӣ ҳифзи саломатии мағз аз контроли афрод хориҷ нест.

Вай мегӯяд: “Роҳҳое вуҷуд дорад, ки метавон хатари бемориҳои мағзӣ ва садамҳои ворида ба мағзро коҳиш дод.

Яке аз ин роҳҳо истифода аз кулоҳи эминӣ вақти дучарха ё моторсаворӣ ва ҳатто ҳангоми варзиш аст.

Ба ёд дошта бошад тамом мавориде, ки барои ҳифзи саломатии қалб фоиданок аст барои ҳифзи саломатии мағз ҳам нақши асосӣ доранд. Омилҳое, ки сабаби ҳамлаҳои қалбӣ мешавад метавонад сабаби сактаҳои мағзӣ низ шавад.

Контроли холестерин, фишори хун ва анҷоми фаъолитҳои варзишӣ ва риояти режим ғизоии муносиб ҳамон тавр, ки барои қалб муфид аст барои мағз ҳам фоида дорад.

Дар режими ғизоии худ аз меваҳо ва сабзиҷот, гандум ва протеин истифода кунед.

Нӯшиданиҳои спиртӣ масраф накунед, сигор накашед, хоби кофӣ дошта бошед ва ихтиробҳои худро бо фаъолитҳои оромбахш, тамаркуз ё варзиш коҳиш диҳед.

Нишонаҳои сактаҳои мағзиро бидонед. Агар мутобиқи нишонаҳо эҳсоси сакта кардаед иқдомот лозимро ҳатман анҷом диҳед.

Фиреб нахуред, ки дар синни ҷавонӣ сакта иттифоқ намеафтад, 25 дарсади сактаҳо дар синни камтар аз 65 сол иттифоқ меафтад ва ҳатто ҷавонону кӯдакон ҳам мумкин аст дучори сакта шаванд.

Мағзи худро бо ҳалли ҷадвал ва анҷом бозиҳои фикрии мавриди алоқа, мутолиа, ёдгирии забони ҷадид ё анҷоми кори ҳунарӣ ва варзиш тақвият кунед.

Пажӯҳишгарон бар ин бовар ҳастанд, ки даргир кардани мағз бо фаъолиятҳои мухталиф дар синни боло метавонад аз заиф шудани ҳофиза ҷилавгирӣ кунад.

Вақте бо телефон сӯҳбат мекунед аз гӯшмонакҳо истифода кунед. Амвоҷи телефон эҳтимоли ибтило ба мушкилоти мағзиро афзоиш медиҳад, ки дар даҳаҳои баъдии зиндагӣ нишонаҳои худро ошкор хоҳад кард.

мағзи инсонпротеинсаломатии қалбсаломатии мағзтелефон
Comments (0)
Add Comment