Ниёзҳои махсуси даврони кӯдакӣ

Эҳтиёҷоти махсуси даврони кӯдакӣ ва хурдсолии фарзандон:

Ниёз ба бозӣ

Бозӣ барои кӯдакон як ҷаҳон аст. Ба ҳамин сабаб мо бояд заминаеро омода кунем, ки баччаҳо битавонанд ба осонӣ ва ба хубӣ бозӣ кунанд.

Барои бозӣ абзорҳо ва муқаддимаҳое ниёз аст:

  • Ҳамбозӣ
  • Муҳити мувофиқ
  • Бозичаи дуруст

Ниёз ба иртиботи маънавӣ

Яке аз хусусиятҳои муҳимме, ки ҷузъи вазоифи модар мебошад ин аст, ки як иртиботи маънавиеро байни фарзандаш ва Худованд эҷод кунад. Ин хело муҳим аст, ки модар дар муҳити хона аз ҳамон даврони хурдсолии фарзанд ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ дошта бошад.

Модаре, ки ҳатто дар ҳоли ширдодан ба фарзанд аст рӯ ба қибла бошад бисёр кумак кунандааст.

Ҳамеша ба ин асл таваҷҷуҳ дошта бошем, ки кӯдакон бар асоси дидаҳояшон тарбият мешаванд на он чизе, ки ба онҳо мегӯем. Тартиб додани ҳуҷраи фарзандон набояд ба тавре бошад, ки шахсияти онҳоро шакл диҳад. Модарон нақши муҳимме дар интихоби тасовири ҳуҷраи фарзандон доранд.

Ин нигоҳи баланде дар тарбият аст, ки хело ҳам муҳим мебошад, ва заминаеро фароҳам мекунад, ки вуҷуд, рӯҳ ва пӯсту гӯшти фарзандон аз ҳамон ибтидо бо Худованд пайванд дода шавад.

Гоҳе навоҳоеро дар хона пахш кунем, ки исломӣ бошанд монанди суҳбатҳи бузургон ва садои қориён, инҳо ҳам кумак кунандааст.

Таваҷҷуҳ ба ҳамсар

Ин ҳам аз вазоифи муҳимми модар аст. Модаре, ки ба падар нақши муҳиммеро медиҳад ва дар муҳити хона барои ӯ эҳтиром қоил аст сабаб мешавад то фарзандон ҳам дар оянда аз ин падар пайравии бештаре дошта бошанд.

Тавсия мекунем, ки модар ба унвони асоси тарбият, таваҷҷуҳ дошта бошад, ки ҳамсарашро дар нигоҳи фарзанд, кучак ва таҳқир накунад. Ихтилофоти падару модар ҳам набояд дар ҳузури баччаҳо бошад.

Аз ҳамон аввал бо худамон паймоне бибандем, ки дар ҳузури фарзанд ихтилофотамонро нагӯем ва ҳамин сабаб мешавад, ки дар оянда табдил ба одат дар муҳити тарбиятии хона бишавад.

кӯдакҳамсар
Comments (0)
Add Comment