Шаҳидони дашти Карбало – Марҳум Одина Ҳошим

194

Мусибати дашти Карбало Суруди машҳури Одина Ҳошим дар расои шаҳидони дашти Карбало махсусан сарвари шаҳидон имом Ҳусейн ибни Алӣ (а) Қиёмат дар замини Карбало шуд Аҷаб зулме ба дашти Карбало шуд Ҷудо карданд сари поки Ҳусейнро Фиғону нола то аршу само шуд Худовандо мекардӣ тамошо Ки ҷӯи хун зи ҳалқи шаҳ равон шуд Кабутар ғута мезад хуни он шаҳ Ба сӯи равзаи Аҳмад равон шуд Ба сӯи равза чун парвона мерафт Ҳусейни ту шаҳиди Карбало шуд Кӣ асб овард ба майдону ба хорӣ Баровард нолаву афғону зорӣ Ту ин ҷо омадӣ соҳиб куҷо шуд Зи пушти ту худовандат куҷо шуд? Ба ногоҳ хоҳарон аз пеш рафтанд Ба сӯи маркабаш дилреш рафтанд Яке Зайнаб рикобаш бӯса медод Яке Кулсум инонаш бӯса медод Гиристанд хоҳарону модараш зор Ба назди Ҳақ расидӣ ҷони модар Ҳусейно, нури дида ҷони модар Ҳусейно, сарбурида ҷони модар Саре хуфта шуда дар абр пинҳон Қади сарват хамида ҷони модар Ба нози Мустафо парварда будӣ Алиро нури дида ҷони модар Сарат бибрида бар найза гирифтанд Зи ҳалқат хун чакида ҷони модар Сарат бибрида он Шимри малъун Ба ту раҳме накарда ҷони модар Сагон дар Карбало сероб буданд Ту як дам ночашида ҷони модар Касе, ки он бигиряд дар азоят Дарояд дар биҳишт эй ҷони модар Ҳусейно, хору зорам бе ту имрӯз Ҳусейно, беқарорам бе ту имрӯз Чароғи хонадони ман ту будӣ Сияҳ шуд рӯзгорам бе ту имрӯз Ба болини ҷудоӣ сар ниҳодӣ Дигар сар барнадорам бе ту имрӯз!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.