Дар масрафи равғанҳои гиёҳӣ зиёдаравӣ накунед

Масрафи беш аз андозаи равғанҳои гиёҳӣ музир аст ва сабаби бурузи ҳамлаи қалбӣ мешавад.

Ба гузориши Presstv, ҳамвора истифодаи навъи равған ба сурати яке аз масоили муҳим ва таъсиргузор бар саломати инсон дар конуни тавваҷуҳи пажуҳишгарон ва донишмандон будааст.

Яке аз роҳҳое, ки барои коҳиши хатари ҳамалоти қалбӣ матраҳ шуда, истифода аз равғанҳои гиёҳӣ будааст, аммо баррасиҳои ахири пажуҳишгарон нишон медиҳад, ки истифодаи беш аз андоза аз равғанҳои гиёҳӣ сабаби афзоиши хатари бурузи ҳамалоти қалбӣ мешавад.

Бо онки масрафи равғанҳои гиёҳӣ сабаби коҳиши мизони холестирини хун мешавад, аммо равғани ишбоънашуда дар равғанҳои гиёҳӣ ба ҳангоми доғ шудан, уксида мешаванд ва моддаи ниҳоии ҳосил аз ин вокунишҳои химиявӣ барои бофтҳои инсонӣ хатарнок аст ва метавонад сабаби шаклгирии плакатҳои хунӣ шавад.

Пажуҳишгарон тавсия мекунанд, ки дар масрафи равғанҳои гиёҳӣ низ набояд бисёр ифрот шавад.

Манбаъ:Хуросон

Comments (0)
Add Comment