Камбуди рибофлавин ё витамини В2 боиси илтиҳобҳои пустӣ, сурхӣ ва хушкии пуст ва эгзимо мешавад .
Беҳтарин манбаи рибофлавин шир аст, ҳамчунин дар тамоми ҳубубот (донагиҳо) ва ғаллот монанди ҷавонаи гандум ва мош ба фаровонӣ ёфт мешавад .
Рибофлавин ба шиддат бо нур дар таззод аст.Нури хуршед боис мешавад рибофлавин таҷзия шавад; дар натиҷа беҳтар аст аз рехтани шир дар шишаҳои шаффоф худдорӣ шавад.
Рибофлавин ё витамини В2 дар об ҳалшаванда аст ва дар натиҷа бо истеъмоли маводи зикршуда дар муддати қариб як моҳ метавон ин камбудро ҷуброн кард.