Иқтисоди солим

48

th2

Яке аз усули нахустини иқтисоди солим ҳаёт ва имконияти рушд ва пешрафти он аст. Чунон ки аз шароити аввалии як иҷтимои солим иқтисоди солим аст. Иқтисоди солим, яъне иқтисоде, ки побарҷо бар худ ва бе айбу ғайри вобаста ба дигарӣ аст. Ҷомеа бояд буния ва асоси солими иқтисодӣ дошта бошад, мубтало ва гирифтор ба камхунии иқтисоди набошад, ки агар интавр бошад ҳамчун бемори камхуне, ки дастгоҳи гӯворишии он нокор гаштааст, ҳамеша маризу бемор хоҳад буд. Ба назар намерасад ҳеҷ олим ва оқиле лозим будани иқтисоди солимро рад кунад. Аз назари Ислом ҳам аҳдофи он бидуни иқтисоди солим наметавонад таъмин гардад. Ислом дар ин маврид ҳам мехоҳад касе бар мусалмонҳо муставлӣ ва нуфузу қудрат надошта бошад, балки бояд иқтисодашон ҳам озод ва бо иззат бошад. Албатта ин дар ҳоле воқеъ мегардад, ки мусалмонон ба касе ниёзманду дасташон ба тарафи дигарон дароз набошад, худашон битавонанд ниёзҳои худро бароварда намоянд. Аммо агар ниёзманд бошанд яъне мулозим ва асири хостаҳои онҳо хоҳанд шуд. Чунон ки маълум аст, ҳар миллате, ки дасташ ба тарафи дигар миллат дароз бошад асирӯ бандаи онҳо хоҳад гашт. Ҳарчанд дар ному нишон ва равобити дипломатик онро сарпӯш гузоштанд ва рӯкашӣ намудаанд.

Алӣ(а) мефармояд:

إحتَج إلى مَن شِئتَ تَكُن أسِيرَهُ، وَاستَغنِ عَمَّن شِئتَ تَكُن نَظيرَه، وَأحسِن إلى مَن شِئتَ تَكُن أميرَهُ[1]

Муҳтоҷи ҳаркасе шудӣ асиру бандаи ӯ мегардӣ, бе ниёз аз ҳар кас шудӣ бо ӯ баробар хоҳи буд ва ҳар касеро эҳтирому икром кунӣ фармонравои ӯ хоҳи гашт.

Ба гуфтаи Неҳру[2]: Миллате мустақил аст, ки ҷаҳиши иқтисодӣ дошта бошад.

Агар миллате ёрӣ талабид ва миллати дигар ёрӣ расонд, бихоҳад ё нахоҳад дар баробари ёрирасон эҳсоси бандагӣ ва ӯро ба раисӣ ва оқоӣ мепазирад. Ҳимоқату гумроҳӣ аст, ки инсонҳо нафаҳманд озодӣ ва истиқлоли иқтисод чиқадар аҳаммият дорад ва дар ҳаёти миллӣ таъсири онро дарк накунанд. Матлаби дигар ин аст, ки Ислом ҳамеша равишу роҳкорҳои миёнаро дар назар гирифтааст, ки аз ҳамаҷониба будани моҳияти низоми Ислом аст. Ин дар ҳоле аст, ки ду равиши ифротгароӣ ва ё тафрит ҳам байни дигар тафаккурот дида мешавад. Яке аз онҳо дар асл бунёни иқтисодиро дарк намекунад ва тарафдори фақр аст ва ин фикрро дорад, ки фақр на барои фард балки барои ҷомеа ҳам айб нест. Дар ҳоле, ки фақр барои фард айб аст ва агар интавр ҳам набошад барои ҷомеа ҳатман айб аст. Аммо гуруҳи дигар арзиши иқтисод дар ҷомеаро дарк ва фаҳм кардааст, вале ҳама чизро дар асари аҳаммияти он фаромӯш мекунад ва аслро тамоюл ва хостаҳои башарӣ дониста, бар асоси тақозо ва хости мардум тавлидро танзим мекунад. Ба истиллоҳ арзаро[3] дар чорчубаи тақозо[4] қарор медиҳанд! Инҳо тақозоро иллати асосӣ ва заруратовари тавлид дониста ҳатто он чӣ барои ҷомеа муҳлик ва музир астро ҳам тавлид мекунад, чун тақозо дар бозор вуҷуд дорад. Аз ин қатор аст бозичаҳои беҳадаф, балки зарарнок барои кӯдакон ва ё хӯрокиҳои музир ва касаловар барои мардум. Ин гуна тавлидот ҳарчанд мавриди хости кӯдакону мардуми омма бошад, аммо назди аҳли донишу хирад бефоида ва ҳатто зарарнок мебошанд. Ин Масъала ҳамчун беморе аст, ки нисбати таоме майл нишон медиҳад, аммо табиб онро барояш зарарнок медонад. Ҷомеа маъмулан бемории хоссе нисбати доштани мошину хонаи шахсӣ дорад, чунон ки бемор ва ё тифле, ки ниёз ба оби бадан дорад ва бояд барои он молеро харҷ кунанд. Дар муқобил дорандаи он чиз аз ниёзи онҳо баҳраи худро мебарад ва сарвати худро афзоиш медиҳад. Мумкин аст болотар аз ин шахсе бошад, ки бо тавлиди маводди мухаддир(нашъамандӣ) ва зарарнок сарвати худро афзоиш диҳад ва бо зиёд шудани тақозоҳо тавлид зиёд мегардад ва дар баробари тавлиди он, тақозо ва масрафгарии он ҳам афзуда мегардад. Дар ҳар тавлиду тақозо касоне, ки аз он нафъи худро мебаранд барои таксири кори худ ҷоиза ва ҳадяи корӣ барои тавлидгарону масрафкунандагон дар назар мегиранд. Масалан ба фурушанда мегӯяд: агар харидорон чанд нафар афзуда шавад, чанд дарсади онро барои худат дар назар мегирам.

Аммо Ислом дар тиҷорат ва муомилоти иқтисодӣ ҳамчун дигар афъоли зиндагии инсонӣ муқаррароти хоссе дорад, ки аз ин гуна истифодаҳои козибу зарарнок пешгирӣ мешавад. Дар фиқҳи исломӣ дар мабҳаси макосиб(касбҳо), макосиби муҳаррама матраҳ мешавад ва ба унвони мисол хариду фурӯши бут, салиб, шароб, олатҳои қимор, олатҳои гумроҳкунанда ва ғино ва…-ро ҳатто барои харидори ғайри мусалмон касби ҳаром медонад. Дар ин шариат хариду фурӯши маҳсулоти фарҳангие, ки зарарнок барои ҷомеа аст ҳаром ва фурӯши силоҳ ба душманонро ҳам манъ намудааст. Шеъру сурудаҳои золла ва гумроҳкунанда ва лаҳву бефоида ва ҳамчунин хариду фурӯши тилло барои истифодаи мардро муҳаррам (касби ҳаром) медонад. Дар ин дин мадҳи дигарон, агар шаъни онро надошта бошад, дар канори итоату пайравӣ аз ҳокими ҷоиру золим ва ёрӣ ба онҳоро ҳаром дониста ва гирифтани аҷр дар баробари анҷоми воҷиботро манъ намудааст.

Ошкортарин матлаб дар ин бора дар Ислом ин аст, ки набояд манбаи даромадро хостаҳои мардум (тақозои бозор) ва тамоюлоти онҳо қарор дод, балки бояд умуми ҷомеаро дар ин кор дар назар бигиранд. Ба таъбири фиқҳӣ, бояд дар хариду фурӯш манфиати муҳаллалаи мақсуда[5] вуҷуд дошта бошад. Агар инро надошта бошад, козиб аст ва бо ахлоқу тарбияти башар берабт, лизо аз аҳдофи Ислом нахоҳад буд. Бар ҳамин асос аст, ки мегӯем Ислом таксир ва зиёд кардани сарватро тарафдорӣ намудааст, аммо онро василае барои таъмини ҳадафҳои олия медонад. Дар воқеъ сарватро асл ва ҳадаф нашуморидааст, лизо вобастагӣ ба онро манъ ва бандагии сарватро ҳаром донистааст.

Аммо дар иқтисоди моддигароёна ва сарватпарастона дигар ин гуна маҳдудияту муқаррарот маъно надорад, хусусан аз назари сармоядорон ва иқтисоди сармоядорӣ ё ҳамон Капитализм. Тафаккуру хости ин гуруҳро аз равиши кории онҳо метавон фаҳмид, ки дар баробари содироту воридот ба дигар кишварҳо чӣ корҳое мекунанд ва чӣ чизҳоеро хариду фурӯш мекунанд.

Матлаби дигар, чунон ки набояд барои расидан ба сарват аз ҳар роҳе истифода шавад, набояд системаи иқтисодӣ чунон барномарезӣ шавад, ки аз рушду пешрафти иқтисод пешгирӣ шавад. Аз ҷумла чизҳое, ки монеа барои рушд аст, назарияи кор ба қадри истеъдод ва махориҷ ба ҳадди ниёз ва эҳтиёҷ[6] мебошад.

Ин масъала, ки лозимааш дахолат дар манофеи якдигар аст чандин айб дорад.

Аввалан бар хилофи фитрати инсонӣ аст. Пайвастагии табиӣ мардум дар ҳадди аҷзо ва бахшҳои як пайкару ҷон нест, то ба ҳамдигар дар он ҳад наздику дахолат дошта бошанд.

Дуюман, ин ки ин кор аз нишоту фаолияти инсонҳо пешгирӣ мекунад. Инсонҳо вақте нишоти корӣ доранд, ки бидонад натиҷаи фаолияташ ба худаш мерасад. Чунон ки ин ҳолат дар миёни инсонҳои корманд дар идораҳо таъсир гузор будааст ва навъе беморӣ доранд ва ба сабаби дурӣ аз имон на кораш ва на фолияташ ба даромадаш дахл надорад. Ҳатто акси он воқеъ мегардад, вақте аз роҳҳои ғайри қонунӣ ва ғайри шаръӣ ва аз роҳи гирифтани Ришва бошад.

Хуш ба он иҷтимое, ки барнома ва системаи иқтисодиаш ба шакле бошад, ки даромадаш ба фаолияташ бошад ва асари фаолияту кори ҳар фард барои худаш бошад. Аммо вой бар ҳоли касоне аст, ки кор дар он иҷтимоъ асл набошад ва Бурс ва корҳои козиб ва ғайри тавлидӣ дар барои онҳо мақбул гардад. Дар ҳақиқат корҳои муфиду солим роҳи даромад қарор намегирад. Албатта он гуруҳе, ки роҳи ғайри машруъро мебандад, аммо роҳи ҳалолро ҳам барои худ боз намегузорад ва тавлиди сарвату кор намекунад ва ё назарияи кор ба қадри истеъдод ва махориҷ ба ҳадди ниёз ва эҳтиёҷ-ро қабул мекунад ҳамин ҳолро хоҳанд дошт.

Ислом аз ин ду мубарро аст, балки ҳам тарафдори моликияти ихтисосӣ аст ва ҳам тарбияти имонӣ дорад ва роҳи тавлиду интифоъ ва коркашии ғайри инсонӣ ва шаръиро бастааст.

Мо ҳеҷ гуна ниёзе ба он назария, ки аз он тарафи девори оҳанӣ ва ё он тарафи баҳрҳо (Ғарб) меояд надорем, назарияи Ислом комил ва кофӣ аст. Мо бояд бидонем, ки аз роҳи ҳалол ва машруъ касе ба мулку милки беҳад намерасад. Дар ҳадис аст, ки даҳ ҳазор дир ҳам аз роҳи машруъ ва ҳалол ба даст намеояд! Яъне касе наметавонад бо кору талоши ҳалол ба пулҳои беҳисобу китоб, ки баъзеҳо расидаанд бирасад. Албатта ин нисбат ба ҳисоби он рӯзӣ аст ва имрӯз ҳам метавон муносиби онро баён намуд. Албатта ин ҳам ба он маъно нест, ки агар касе ин молро касб кард, бояд аз ӯ гирифта шавад, ки ин тез ва назарияи таҳдид ва салби моликият аз афрод аст ва Ислом онро рад мекунад. Мо сари ҷавол(зарф)-ро боз гузоштем ва асли мин айна лака ҳозо(инро аз куҷо овардӣ)-ро фаромӯш кардаем. Ё аз роҳи маҳдудияти моликиятҳо ва ё аз роҳи иштироки ҳамаи инсонҳо дар моли ҳамдигар ворид шудаем.

Натиҷа ва хулосаи сухан дар ин аст, ки Ислом тарафдори тақвияту рушди асоси иқтисодӣ дар ҷомеааст. Аммо на ба унвони, ин ки иқтисод ва сарвату сармоядорӣ ҳадафи асосӣ қарор дода шавад. Иқтисод худ ҳадаф нест, балки барои расидан ба ҳадафҳои Ислом бояд аз роҳи иқтисод ва рушди ин соҳа истифода шавад. Ислом иқтисодро ҳамчун рӯкну поя дар ҳаёти иҷтимоӣ медонад ва дигар пояҳои иҷтимоиро ба хотири он зарба намезанад. Дар назарияи Исломӣ сарчашмаи даромадҳо ва барномаҳои иқтисодӣ тақозоҳои дуруғин ва тамоюлоти нохирадона нест, балки бар асоси масолиҳи олия ва умумии ҷомеа барномарезии иқтисодӣ ва макосибро танзим мекунанд. Хилофи онро дар ташриъ ва қонунгузорӣ дар канори дигар аҳком бо номи Макосиби муҳаррама[7] қайд намудааст.

Касбу кор ва даромадҳои машруъ ва ҳалол аз назари Ислом даромаде аст, ки натиҷаи фаолияту кори шахсии худаш бошад ва ё ҳадди ақаллаш нишоне аз истисмор набошад. Аз тарафе бояд тавлидот ба гунае бошанд, ки қобилияти масрафу арзиши қимматӣ дар онҳо таваҷҷӯҳ шуда бошад. Ҳамон чизе, ки дар ташреъи аҳкоми динӣ аз он ба Манфиати муҳаллалаи мақсуда ном бурда шудааст. Албатта ин матлаб дар назарияи сотсиалистӣ ба сурати зер унвон гаштааст: Дар иқтисод бояд ҳадаф манофеъ ва маслиҳати иҷтимоъ дар назар бошад, на пур кардани киссаҳои шахсӣ.

Саид Бурҳони Акбар

[1] Ғурарул ҳикам, донишгоҳи Теҳрон ҷ.2 с.584

[2] Ҷавоҳир Лаъл Неҳру аз раҳбарони истиқлолталаби Ҳинд ва аввалин Вазир дар давлати мустақили Ҳинд (15/8/1947м) буд, (14/12/1889 то 27/5/1964)

[3] Тавлиди коло ва ва тақсими он дар бозор

[4] Ниёзи ҷомеа ва хариди коло аз бозор

[5] Фоидае дар назар бошад, ки аз назари ақл ва шаръ саҳеҳ ва ғайри оддӣ ва номаъқул набошад. Масалан хариду фурӯши моддаҳои нашъамандӣ аз корҳои ғайри муҳаллала(ҳаром) ва хариду фурӯши нигоҳ кардан ба осмон ва… аз корҳои ғайри мақсуда(ғайри оқилона) аст.

[6] Ин назарияи Марксисм аст, ки дар натиҷа ҳар инсон ҳармиқдор метавонад бояд кор кунад ва дар истифода аз фоидаи он кораш бо ҳамдигар шарик ва ҳаркас метавонад дар ҳадди ниёз аз он истифода намояд. Касе наметавонад бигӯяд инро ман тавлид кардам пас ту истифода накун(моликияти иштирокӣ).

[7] Корҳое, ки ҳаром ва манъ ҳастанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.