Зиндагӣ дар бистари иқтисод

370

Таъсири мушкилоти иқтисодӣ бар коҳиши мизони ризоят аз зиндагии заношуӣ қобили китмон нест. Мизони норизоятии заношуӣ ба эътебори пойгоҳи иқтисодӣ дар абъоди мухталифе худро нишон медиҳад:

1- Ҳабси ниёзҳо: канор омадан бо шароити сахти молӣ дар ибтидо мумкин аст, аммо доимӣ шудани ин шароит сабаб мешавад, ки бисёре аз ниёзҳо бидуни посух бимонад ва ин масъала худ мушкилоти баъдиро дар пай хоҳад дошт ва анбошти ниёзҳо боис мешавад, ки баъд аз муддате дархости як ниёз, хостаи нобаҷо талаққӣ шавад ва дар ниҳоят мунҷар ба баҳсу мушоҷира гардад.

2- Ҳимояти молӣ аз тарафи хонавода: издивоҷ бо фарде, ки тавони молии кофӣ надорад ва баъд аз издивоҷ ҳамчунон ба хонавода такя дорад, имкони дахолати бештар аз сӯи онҳоро эҷод мекунад. Дар солҳои аввали зиндагӣ мушкили иқтисодии хоссе буруз намекунад ва ниёзҳои зиндагӣ тавассути волидайн таъмин ва ба ҳамон андоза ҳам иҷозати дахолат ба хонаводаҳо дода мешавад ва ин заминае барои мушкилоти байни ҳамсарон ва адами ризоят аз зиндагии муштарак мешавад.

3- Мудирияти номуносиби даромад ва маош: гоҳе вақтҳо шароити иқтисодӣ бад нест ва нисбатан муносиб аст, аммо шеваи ҳазина кардан ва пасандоз кардан маҳалли ихтилофи зану шавҳар мешавад. Намунаи возеҳи онро дар бисёре аз филму серялҳо ҳам метавон мушоҳида кард, ки ҳамроҳ ва ҳамфикр набудани зану шавҳар дар бораи наҳваи мудирияти умури молии хонавода заминаи мушоҷира ва ихтилоф дар равобити онон мегардад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.