Омӯзиши баёну эҳсосу эътироз ба кӯдакон

119

Бархе аз фарзандон дар давраи кӯдакӣ ва ҳатто навҷавонӣ тавоноии баён ва эъломи эътирози худ нисбат ба бархе аз рафторҳо аз сӯи гурӯҳҳои дӯстӣ, ақвом ва ҳатто мураббиёну муаллимони худро надоранд. Аз ин рӯ ҳамеша шароите, ки мутобиқи майлашон нест ба онҳо таҳмил мешавад.

Волидайн гоҳе шоҳиди нороҳатӣ ва дилхуриҳои фарзандони худ ҳастанд, ки тавоноии бархурди дуруст дар муқобили дигаронро надоранд ва пайваста гила ва шикоят мекунанд, ки дӯстонашон сабаби нороҳатии ӯ шудааст, бидуни инки битавонад коре анҷом диҳад ин масъала боиси ранҷиши фарзанд ва нигаронии волидайн мешавад, ки наметавонад ҳаққи худро баён кунад.

Бархе аз кӯдакону навҷавонон дар баёни хостаҳои худ дучори мушкил мешаванд ва ба ҷойи ибрози вуҷуд ва доштани ҷасорати лозим рафтори нодурустро интихоб мекунанд ва эҳсоси тард шудан ва ғамгинӣ дар онҳо ба вуҷуд меояд ва ё инки ба далели эҳсоси тард шудан рафторҳои пархошгарона доранд. дар ин сурат бо рафторҳои номуносиб ҳуқуқи худ ва дигаронро нодида мегиранд. Баҷои инки нигарону музтариб шавед ва ӯро сарзаниш кунед метавонед ӯро дар ҳалли ин мушкил ҳамроҳӣ кунед.

 Ҳамдилӣ

Дар ибтидо барои мушкили пешомада бо ӯ ҳамдилӣ кунед, ба унвони мисол “дӯстонам маро дар гурӯҳи пажӯҳишӣ роҳ надоданд” дар ин ҳолат ба ӯ бигӯед: ” аз ин вазъият нороҳат ҳастӣ, шояд агар ман ҳам ҷойи ту будам нороҳат мешудам.” баъд аз инки кӯдак ва навҷавонатон эҳсос кард ӯро дарк карда ва фаҳмидаед оромтар мешавад ва аз ӯ бипурсед барои ин масъала, чӣ роҳи ҳалиҳо ба назараш мерасад. Яъне бо ҳамдилии худ ба кӯдак ва навҷавонатон нишон медиҳед, ки барои мушкили ӯ роҳи ҳалҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки ба фикру амал ниёз дорад, на эҳсоси дармондагӣ ва нотавонӣ.

 Намоиши мавқеиятҳо

Мавқеиятҳое, ки фарзанди шумо рафтори таҳмилшуда ё пархошгарона нишон медиҳадро бо якдигар бозсозӣ ва рафторҳои ҷасоратомезро тамрин кунед. Дар айни тамрин ба нигаронии фарзандатон низ гӯш диҳед ва ӯро ташвеқ кунед, ки тавоноии анҷоми рафтори муносибро дорад ва роҳи ҳалҳои мухталифро бо якдигар баён кунед. Ҳар чиқадар роҳи ҳалҳои бештареро баён кунед дар мавқеияти воқеӣ беҳтар метавонад амал кунад. Дар иҷрои мавқеиятҳо нуктаҳои зерро ба ӯ биёмӯзед:

Тавсифи мавқеият: ба тавсифи мавқеияте бипардозад, ки боиси нороҳатии ӯ шудааст. Ба унвони мисол “дӯсташ бар асоси қарори қаблӣ ба мавқеъ намеояд ва мудовим ин рафторро такрор мекунад ” ба ҷои нороҳатӣ ва ё инки рафторҳои пархошгарона, ба дӯсташ бигӯяд: ” аз инки мудовим бидуни ҳамоҳангӣ барномаҳояшро тағйир медиҳӣ боиси нороҳатии ман шуда аст”. Яъне шароити мавҷудро баён ва тавсиф кунад. Тавсифи дақиқи шароит боис мешавад, ки тарафайн бидонанд чӣ чизе ё чӣ омиле кудуратро ба вуҷуд меовард.

Баёни эҳсос: дар гоми баъдӣ эҳсоси худро баён кунад. Ба унвони мисол ” тағйири мудовими барнома бидуни ҳамоҳангӣ мӯҷиби нороҳатӣ ва ранҷиши ман шудааст.” дар инҷо бидуни инки тарафи муқобилро сарзаниш кунад эҳсоси худро баён кардааст. Дар воқеъ баёни эҳсос ба шакли дуруст мӯҷиб мешавад то дар фарди муқобил ҳолати дифоъ ба вуҷуд наёяд.

Хостори тағйири мухтасар шавед: дар гоми баъдӣ ба дӯсташ бигӯяд майл дорад ӯ чӣ чизеро дар худ тағйир диҳад. Тағйири барномаро ба ӯ ҳам хабар диҳад ва ё инки ба замони мулоқоти худаш пойбанд бошад. Яъне дақиқан хоҳон чӣ мавзӯе аст, ки тағйир дар он эҷод шавад.

Ин тағйир чӣ тафовути дар эҳсоси кӯдак ва навҷавон ба вуҷуд меовард: дар ин вазъият ба дӯсташ мегӯяд: ” агар мутобиқ бо хости ман амал кунӣ ва тағйири барномаро иттилоъ диҳӣ, камтар нороҳат мешавм” ва дӯсти фарзанди шумо ҳам медонад дақиқан чӣ коре бояд анҷом диҳад.

Бинобарин баъд аз шарҳу тавсифи баёни масъала ба шакли боло, барои инки фарзандатон беҳтар шавад мавқеиятҳои дигареро, ки натавонист ба хубӣ аз паси онҳо бароядро тамрин кунед. Ин мавқеиятҳо метавонад бисёр гуногун бошад. Ба унвони мисол мавқеиятҳое аз хона, мадраса, ҳамсолони ӯро бо якдигар тамрин кунед.

Замоне, ки дар рафтори фарзандатон тағйире эҷод мешавад, ки нишондиҳандаи ибрози вуҷуд аст, ӯро ташвеқ кунед ҳатто агар бисёр кӯчак бошад. Яке аз иштибоҳоти волидайн ин аст, ки мехоҳанд фарзандашон ба суръат тағйир кунад. Бинобарин пешрафтҳои кӯчакро нодида мегиранд дар ҳоле ки барои муваффақ шудан лозим аст пешрафтҳои кӯчак дида ва мавриди ташвеқу ҳимоят қарор гирад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.