Ғалаба бар душвории ибрози ишқ

91

Иксири ишқ

Шояд шумо ҳам ин ҷумларо шунида бошед, ки мегӯянд «Оғоз кардани як робита кори чандон сахте нест, чизе, ки сахт аст нигаҳ доштани он робита аст». Мисоли воқеии ин ҷумларо мешавад дар издивоҷ дид. Барои инки як издивоҷ дар печу хамҳои зиндагӣ давом биоварад асбоб ва василаҳои зиёде лозим ҳастанд, ки яке аз муҳимтарин ва асоситарини онҳо ишқ байни зану шавҳар аст. Аммо худи ишқ ҳам барои давом овардан, ниёз ба чизе дорад ба исми «иброз шудан» «ошкор кардан», коре, ки анҷоми он барои хеле аз зан ё шавҳарҳо чандон осон ҳам нест.

  Чаро ибрози ишқ барои баъзе аз ҳамсарон сахт аст?

Решаи мушкили бисёре аз муроҷиакунандагон ба клиникҳои мушовира, ба хусус занҳо, ин гилоя аст, ки шавҳарашон ба онҳо ибрози ишқ намекунад. Душворӣ дар ибрози ишқ аз сӯи ҳамсарони ин афрод далоили зиёде дорад, ки чанд маврид аз барҷастатарини онҳо шомили нукоти зер ҳастанд:

  1. Онҳо аз маҳорати кофӣ барои ибрози эҳсосот бархурдор нестанд. Яке аз шоеътарин далоиле, ки хеле аз забони зан ё шавҳарҳои ин чунинӣ шунида мешавад ба унвони мисол ин аст, ки «чи кор кунам? Ман бештар аз ин наметавонам ва балад нестам».
  2. Боварҳои решадоре доранд, ки ҷилави ибрози муҳаббати онҳоро мегирад. Ин боварҳо ду дастаанд: дастаи аввал боварҳое ҳастанд, ки реша дар фарҳанги умумии ҷомеа доранд монанди инки ибрози эҳсосоти мард нисбат ба ҳамсараш, ба унвони нишонаи заиф будани мард ва истифодаи нодурусти зан дар оянда  мешавад. Дастаи дувум боварҳое ҳастанд, ки реша дар даврони кӯдакии фард доранд. Ба унвони мисол агар фард дар даврони кӯдакӣ аз тарафи падар ва модараш мавриди бетаваҷҷуҳӣ қарор гирифта бошад ё тард шуда бошад, ин бовар дар ӯ шакл мегирад, ки беҳтар аст эҳсосоташро нишон надиҳад то битавонад аз осеб дидани отифии худаш пешгирӣ кунад. Мусалламан чунин афроде дар оянда бо мушкилоте дар ибрози эҳсосот рӯбарӯ мешаванд.
  3. Ҳамсарашон завқашонро кӯр кардааст. Усулан ҳар рафторе агар бо бетаваҷҷуҳӣ ё таваҷҷуҳи манфӣ ҳамроҳ бишавад камранг мешавад ва чӣ басо, ки баъд аз муддате ҳам аз байн биравад. Гоҳе дар баррасии рафтори касоне, ки дар иброз (ошкор кардан)-и ишқ ба ҳамсарашон бо мушкил рӯбарӯ ҳастанд, мавридҳоеро мебинем, ки онҳо дар ошокор кардани ишқ нисбат ба ҳамсарашон хуб амал кардаанд аммо ба далели инки ҳамсарашон дар баробари ин ибрози ишқ рафтори муносибе бо ӯ надоштааст, бинобар ин дигар ошкор кардани ишқи худ нисбат ба ҳамсарашро такрор накардааст.
  4. Барои ба забон овардани ишқашон эҳсоси зарурат намекунанд. Баъзеҳо чун худашон аҳли амаланд, тасаввур мекунанд, ки ҳамсарашон ҳам бояд аз рӯи аъмол ва рафторҳои он бифаҳмад ки чи андоза бо ӯ ишқу алоқа дорад!

 Чигуна ибрози ишқ ба ҳамсарро барои худатон соддатар кунед?

Гуфтани «дӯстат дорам» ба ҳамсар, барои ҳама кори соддае нест. Барои касоне, ки забонашон барои баёни чунин эҳсосоте ба ҳамсаршон намечархад, мо чанд пешниҳод дорем:

  1. Тасмим бигиред. Агар шумо дар ибрози эҳсос ба ҳамсаратон мушкил доред аммо мехоҳед дигар интавр набошед, пас ба думбол эҷоди як тағйири мусбат дар худатон ҳастед. Вале аз онҷо, ки тағйир кардан кори сареъ ва осоне нест ва ниёз ба ирода ва пушткори зиёде дорад, пас шумо ниёз ба як роҳнамои ташвиқгар доред. Агар битавонед аз мушовир кумак бигиред ин масирро бо хаёли осудатар тай хоҳед кард аммо агар мехоҳед ин роҳро ба танҳоӣ бипаймоед беҳтар аст аз як ёддошти роҳнамо истифода кунед. Пешниҳод мешавад дар ин ёддошт ба ҳар забоне, ки роҳаттар ҳастед пойдорӣ ва тааҳҳуди худ нисбат ба тасмиматонро мавриди таъкид қарор бидиҳед ва ин ёддошти чандхатиро ҳамеша ҳамроҳ дошта бошед.
  2. Ҳамсаратонро аз тасмиматон бохабар кунед. Беҳтар аст ҳамсаратон аз ин тасмими шумо огоҳ бошад то ҳам бештар огоҳ шавад аз аҳамияте, ки ӯ ва зиндагӣ муштарактон барои шумо дорад ва ҳам инки мабодо аз рӯи беиттилоӣ талоши шумо барои тағйирро бо безавқӣ посух бидиҳад ва нохоста сабаби нимакора мондани тасмиматон бишавад.
  3. Аз корҳои соддатар шурӯъ кунед. Барои мисол, ба ҳамроҳи ҳамсаратон албоми аксро варақ бизанед ва дар бораи эҳсосе, ки дар замони гирифтани фалон акс хотираангез доштаед бо ҳамсаратон сӯҳбат кунед. Баъд кам-кам ҳарфро ба замони ҳол бикашонед ва аз эҳсоси ҳозираатон нисбат ба зиндагӣ ва ҳамсаратон сӯҳбат кунед.
  4. Ҳамсаратонро кашф кунед. Бардошти афрод аз ишқ мухталиф аст. Барои мисол баъзеҳо дӯст доранд ҷумлаи «дӯстат дорам»-ро бишнаванд. Баъзе дигар беҳтар медонанд аз тариқи ламс шудан ба ишқи ҳамсарашон нисбат ба худ пай бибаранд. Баъзе ҳам дӯст доранд ишқро ба чашми худ бубинанд. Барои инки битавонед ба ҳадаф бизанед аввал бояд бидонед, ки ҳамсар шумо ҷузъ кадом даста аз ин одамҳо аст.
  5. Шеваи ибрози эҳсосотатонро бо иктишофотатон ҳамоҳанг кунед. Мумкин аст масалан шумо фарди ламсӣ набошед аммо агар ҳамсаратон ҷузъи ин гурӯҳ аст, беҳтар аст шеваи ибрози ишқатон нисбат ба ӯро ба шеваи ламсӣ табдил кунед.

6. Забони баданро ёд бигиред. Ҳамсари шумо аз ҳар кадом аз гурӯҳҳои боло, ки бошад, агар байни каломи шумо ва ҳолати рӯй ё баданатон фарқияте бубинад мефаҳмад ва ҳамаи заҳматҳои шумо ба бод хоҳад рафт. Пас беҳтар аст дилу забонатонро ҳамоҳанг кунед ва ҳолати баданиатонро бо оҳанги дилатон ҳамҷиҳат кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.