Фарзандон бояд бидонанд…

136

Ба фарзандони кӯмак кунем то ёд бигиранд, ки:

1- Ҳеҷекас мисли каси дигар нест

 Ҳеҷкадом аз инсонҳо дар тӯли таърих шабеҳи ҳам набуда ва нахоҳанд буд ва кӯдак бояд дар давраи аввали зиндагии худ бояд инро фаҳмида ва ба худ бигӯяд «ҳеҷкас шабеҳи ман нест, ман ончиро, ки ҳастам дӯст дорам ва эҳсоси хубе нисбат ба худам дорам»

 2- Худшиносӣ

 Кӯдакон нуқтаҳои заъфу қуввати худро бар асоси воқеиятҳо бишиносанд ва бо шинохтани худ, худро беҳтар дарк карда қабул кунад.

 3- Пазириши маҳдудитҳо ва тавонмандиҳо

 Кӯдак нуқоти заъфи худро бидуни нигаронӣ ва нороҳатӣ пазируфта ва аз онҳо эҳсоси гуноҳ ва шармсорӣ накунанд, чун ҳеҷкас наметавонад инсони комил ва ба ҳама чиз доно ва ба ҳама кор тавоно бошад ва бо огоҳӣ ва пазириши нуқоти мусбат ва заъфи худ эҳсоси ризояту хушнудӣ мекунад.

 4- Расидан ба аззати нафс

Агар инсоне мароҳили сегонаи қаблро омӯхт, бовар хоҳад кард, ки боарзиш аст, фақат бояд нукоти мусбат, муфид ва боарзиши худро кашф карда ва ба он арзиш бигузорад ва агар мо низ инчунин бошем саъй мекунем «худумон бошем на каси дигар»

 Қӯдак бояд бояд ҳамеша дар худ ин ҷумларо парвариш диҳад, ки: “ман ҳамеша талош мекунам то худро ҳар рӯз беҳтар аз пеш бисозам, аммо ончиро, ки имрӯз ҳастам дӯст медорам”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.