Чигуна барои ҳамсар ибрози ишқ кунем?

212

 

Ошкор кардани ишқ ва дӯстӣ:

Ин, ки зан ва шавҳар якдигарро дӯст медоранд, ҷои ҳеҷ сухане нест; Вале дар мавориде, ба он иллат, кудурат падид меояд, ки онро бар забон намеоваранд ва дар ин ҳангом аст, ки нисбат ба якдигар мутазалзил шуда ва дар бораи дӯстии худ, ба шаку тардид меафтанд. Ислом аз мо мехоҳад, ки дӯстӣ ва муҳаббати худро нисбат ба ҳаркас, ки дӯсташ дорем, ошкор кунем.

Паёмбар (салаллоҳу алайҳи ва олиҳ) мефармоянд:

«Гуфтани ҷумлаи “туро дӯст медорам” аз тарафи шавҳар ба зан ҳаргиз аз ёди зан намеравад. Пайванди заношуӣ бо нишон додани муҳаббат ва алоқа мустаҳкам мешавад ва давом меёбд. Шумо медонед, ки дар зиндагии заношуӣ, дар айни вуҷуди инзибот, алоқа ва муҳаббат бояд ҳукумат кунад, на қонун ва муқаррарот.

  Худороӣ ва покиза будан:

Дар заминаи таҳкими равобит зарурӣ аст зан ва шавҳар худро барои якдигар биороянд ва аз либос ва сару вазъи зоҳирии худ, муроқибат кунанд.

Тавсияҳои Исломӣ дар заминаи мисвок кардан, ҳамом, равғанмолӣ, шона кардани мӯйи сар, нохун гирифтан, атр задан ва хуб либос пӯшидан аст ва ин корҳо сабаби рағбати ҳарду тараф нисбат ба якдигар мешавад.

Имом Мӯсобни Ҷаъфар (а) фармудаанд:

«Худороӣ ва омодагии мард, сабаби афзоиши иффати зан мешавад ва баъзе аз занон, ки дар рӯзгорони гузашта олуда шудаанд, аз ин бобат буда, ки шавҳаронашон худро намеоростанд».

Пас ҳамонтавр, ки мард ниёз ба ороиши зан дорад, зан ҳам чунин ниёзеро аз тарафи шавҳар эҳсос мекунад. Шумо ба унвони шавҳар иҷоза диҳед ҳамсаратон дарбораи либоси шумо изҳори назар кунад ва зеботарин либосро бар андоми шумо биписандад.

Расули Акрам (с) мефармоянд:

«Вазифаи зан ин аст, ки худро барои шавҳар биорояд ва дар канори ӯ хушбу ва муаттар бошад».

 Робитаи ҳамсарӣ ва идомадор будани он:

Дар сояи издивоҷ, ки зан ва шавҳар бо ҳифзи истиқлоли нисбии худ, тан ба ин робита медиҳанд, ҳам ба хотири ором кардани ғароиз ва ҳам ба хотири ҳифзи ваҳдат, идома додан ва бақои насл аст. Албатта доштани робита, танҳо ба хотири ҷанбаи ғаризии он, навъе ҳайвоният аст ва издивоҷ танҳо ба хотири расидан ба чунин ҳадафе сабаби падид омадани фоҷеаҳое мешавад, ки аз ҷумла бетафовутӣ нисбат ба ҳам пас аз ирзои ғариза аст.

Дар равобит бояд ҷанбаи маънавии он, ёди Худо, ҷалби ризоят ва анҷоми вазифаи илоҳӣ ва табаият аз ҳукм ва фармони Худо, ва низ иҷрои суннати Паёмбар дар назар гирифта шавад. Вуҷуди чунин эҳсос ва отифае, сабаби рушди шахсияти инсонӣ, ва мустаҳкам шудани бинои зиндагӣ аст.

  Иффат ва покӣ:

Ҳифзи иффат ва покдомнӣ, барои зан ва мард, сабаби ҳифзи ҳаёти завҷайн ва мустаҳкам шудани равобити хонаводагӣ аст. Барои доштани як зиндагии муштарак, зарурӣ аст мард худро аз ҳавасҳои ҳасодат омез дӯр нигаҳ дорад ва зан ҳам кӯшиш кунад иффати худро ҳифз кунад ва дар покдомнии хеш талош намояд; Он чунонки мард дарёбад муҳаббати фарде ҷуз ӯро дар дил намепарваронад. Ин амр, бо ин, ки вазифаи шаръии зан ва шавҳар аст, ононро дар доштани як зиндагии ором ва бино шуда бар ҳамдигарфаҳмӣ кумак хоҳад кард.

  Бақои насли инсон:

Яке аз муҳиммтарин натиҷаҳои издивоҷ, тавлиди мисл ва бақои насли инсон аст. Доштани фарзанд, ба зиндагии зану шавҳар тароват ва зебоӣ ва низ шодобӣ ва истеҳком мебахшад.

Қуръони Карим мефармояд:

«Падид оварандаи осмонҳо ва замин, барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид ва аз чорпоён ҳам ҷуфтҳо, то бар адади шумо биафзояд. Ҳеҷ чиз монанди ӯ нест ва ӯст шунавои бино» (сураи Шӯро, ояти.11)

Онон, ки ба тамаъи баҳрамандии бештар аз зиндагӣ ва дӯрӣ аз сахтиҳои кӯдакдорӣ дар солҳои аввали издивоҷ аз таваллуди фарзанд ҷилавгирӣ мекунанд, пас аз андак муддате мефаҳманд, ки зиндагиашон он тароват ва шодобиро надошта ва ба сардӣ руй оварда аст. Доштани фарзанд равобитро мустаҳкамтар ва давоми зиндагиро бештар мекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.