Зиштии айбҷӯӣ ва айбгӯӣ

65

Ҳақиқат, он аст, ки инсон, беш аз инки токунун рушд карда, бояд рушд кунад то ба «ҷойгоҳи интиқодпазирӣ» бирасад; Ҷойгоҳе, ки агар айбҳо ва камбудиҳо ва бадиҳои воқеӣ ё эҳтимолиашро хайрхоҳона ва дӯстона ё дасти кам, беғаразона ба ӯ гуфтанд то онҳоро ислоҳ кунад, ошуб накунад. Бо ин миқдор аз рашодат ва камоли кунунии башар, сухан аз «истиқбол аз интиқоди созанда» ва «дӯсти ман он аст, ки айбҳоямро ба ман ҳадия кунад» ва ҳарфҳое аз ин қабил, шиорҳое беш нестанд. Набояд хештанро фиреб диҳем. Кадомяк аз мо метавонад иддао кунад ва дар иддаояш содиқ бошад, ки аз интиқод ва тазаккури муаддабонаи беҳтарин дӯсти худ намеранҷад? Кадомамон аз таҳти дил, ин сухани имом Содиқ (а)-ро дарбораи худ мепазирем,кӣ:

«Маҳбубтарин дӯстонам он кас аст, ки айбҳоямро ҳадиаам кунад?»

Оре, дар мақоми сухан, иддао, мавъиза ва навиштан, кӣ: фармудаи он ҳазратро қабул дорем ва бар дида мениҳем; Зиёдем аммо агар «маҳаки таҷриба ояд ба миён» ва касе, носеҳона ва мушфиқона ва дар хилват ва бо мурооти ҳамаҷонибаи «ҳадияи интиқоди», ба мо бигӯяд, ки болои чашммонат абруст, оё онро бо хушӣ қабул мекунем ва ошуфта намешавем ва кинаи ӯро ба дил намегирем ва дар камини вай наменишинем то дар фурсате, ба ӯ бифаҳмонем, ки болои чашмони ӯ, на як абру, ки ду абруст?!

Оре гоҳе мешавад касоне аз интиқод, баҳраҳое мебаранд ва дар ҳол ва кори худ, ислоҳоте анҷом медиҳанд аммо на онки аз интиқодкунанда, хушнуд шаванд ва дуояш кунанд; Балки кинаашро ба дил мегиранд ва мегӯяанд: «Аду шавад сабаби хайр агар Худо хоҳад»! ростӣ, ки одамӣ чӣ «худшефта» аст! ваҳ, ки инсон чӣ худпараст аст! оҳ, ки одамизод чӣ хом ва зиёнпеша аст!

Дар инҷо сухан, дар боби интиқод ва айбгӯии хайрхоҳона ва меҳрубонона аст; Аммо айбҷӯӣ ва айбгӯӣ ва интиқоди тунд ва душманона, ки аз он низ мешавад баҳраи оқилона бурд ба куллӣ аз баҳсамон берун аст ва аслан ҷой матраҳ шудан надорад!

Асли сухан

Суханамон дар боби фарҳанги зиндагии хонаводагӣ ва маҳоратҳои вусул ба ҳаёти фархунда аст. Яке аз абзорҳое, ки бархе (бисёре! ) аз ҳамсарон, ба вежа завҷҳои ҷавон, ки тоза зиндагии зану шавҳариро оғоз кардаанд ва дар марҳалаи таҷриба андузӣ ва уфтухезанд, бармегузинанд то ба василаи он якдигарро рушд диҳанд, «айбҷӯӣ ва айбгӯӣ» аст. Мехоҳанд бо ин абзор, ҳамсарашонро дар масири камол, ёрӣ намоянд ва бо ёфтани айбҳои ҳамсар ва тазаккур додан ба ӯ, вайро аз костиҳояш огоҳ кунанд ва айбҳояшро ба ӯ бинамоёнанд то ба ҷуброни костиҳо ва зудудани айбҳо иқдом кунад.

Мо ин абзор ва шеваро абзор ва шеваеи муфид намедонем, балки онро офати пурзиён барои вайрон кардани равобити неки ҳамсарон медонем; Офате, ки ба поя ва асоси бунёни конуни хонавода, осеби ҷидди мезанад ва гоҳе онро вайрон мекунад.

Завҷҳои ҷавон (ва ҳамагон) вазифа доранд, ки дар ислоҳи ахлоқ ва кирдори якдигар бикушанд. Амри ба маъруф ва наҳи аз мункар низ аз бузургтарин ва арҷмандтарин воҷибҳои динӣ ҳастанд, ки оёт ва ривояоти фаровоне бар вуҷуб ва лузуми анҷоми онҳо таъкид мекунанд он сухани имом Содиқ (а), ки мефармояд:

«Маҳбубтарин бародаронам он касе аст, ки айбҳоямро ҳадиаам кунад.» Низ ҳаққ аст аммо анҷоми онҳо роҳкорҳои муносибро металабад. «Андоза нигаҳ доштан» ва мурооти эътидолро намудан, шарти диндорӣ ва хирадмандӣ аст.

Ислом, як маҷмӯаи комил аст бархеро гирифтан ва бархе дигарро раҳо кардан, ҷафои ба Ислом аст ва гоҳе натиҷаи баръакс медиҳад. Ҳамон ислом, ки ислоҳи худ ва дигаронро ва низ амри ба маъруф ва наҳи аз мункарро воҷиб шумурда, роҳкорҳо ва чигунагии анҷоми онҳоро низ намоёндааст. Ҳамон ислом, айбҷӯӣ аз мардумонро накӯҳиш карда ва касонеро, ки магасгуна бар палидиҳо ангушт мениҳанд ва покиҳо ва некиҳоро нодида мегиранд, мазаммат намуда ва «тағофул» яъне «чашмпушии бузургаворона»-ро некӯ шумурда ва ба он фармон додааст:

«Чашмпушии бузургаворона, ними аз дин аст.»

Амри ба маъруф ва наҳи аз мункар, шароите дорад, ки бояд онҳоро омӯхт, ки инҷо фурсати баёни онҳо нест ва дар ҷои худ ба онҳо ишора кардаем. Касоне, ки масоил ва шароити ин ду фаризаи бузург ва чигунагии анҷоми онҳоро надонанд, дар иқдом ба онҳо ба хато меафтанд ва гоҳе амалашон амр ба мункар ва наҳи аз маъруф мешавад ва натиҷаи баръакс медиҳад.

Дар ислоҳи хатоҳои дигарон, бояд иззати нафси эшонро дар назар дошт. Мурооти ҳарими ҳурмати мардумон, воҷиб аст ва шикастани ин ҳарим, ҳаром.

Ҳамагон он шеваи фархундаи муаддабона ва латифи таълимӣ ва тарбиятӣ ва ҳидоятии имом Ҳасан ва имом Ҳусайн (а) дар тасҳеҳи вузӯи он марди куҳансолро медонанд. Он ду марди бузург, ки ба сол, кӯчак буданд вақте иштибоҳи он пирамардро дар вузӯ гирифтан мушоҳида намуданд, аз вай ба хоҳиш ва эҳтиром, даъват карданд, ки вузӯ гирифтани эшонро бубинад ва доварӣ кунад, ки кадомашон беҳтар вузӯ мегирад. Онгоҳ назди марди куҳансол вузӯ гирифтанд. Пирамард, бо мушоҳидаи вузӯи эшон, ба иштибоҳи хеш дар вузӯгирифтан огоҳ шуд ва назари доваронааш ин шуд, кӣ: Вузӯи ҳар дуи шумо дуруст ва хуб буд ва ин вузӯи ман аст, ки иштибоҳ аст.

Ҳамонсон, ки дар қаламрави тарбият, шеваи «ғайримустақим» ва «ғайрисареҳ» натиҷаи некӯтар медиҳад, дар ислоҳи айбҳо ва хатоҳои дигарон низ шева писандида ҳамин аст.

Агар рост кардани каҷ ба шикастани он бинҷомад, беҳтар ҳамон, ки каҷ бимонд. Бале, бо тадбир ва шикебоӣ мешавад ва мебояд каҷро рост кард аммо бо зӯр ва шитоб ва ношакебӣ, ҳаргиз.

Аз маъсумон, ки бигузарем, ҳеҷ кас беайб нест. Мо ва ҳамсарамон низ беайб нестем. Аз ин рӯ агар бихоҳем дар таомул ва робита бо дигарон, ба айбёби аз мардумон ва айбгӯӣ ба эшон бипардозем, бахши азиме аз неруҳои мусбатамон дар ин роҳ (каҷроҳа! ) табоҳ мешавад ва дигар неруе барои айбёбӣ аз худамон ва сохтан ва рушд додани равонӣ ва ахлоқии хештан боқӣ намемонад ва дар ин арса, аз вазифаи аслиамон, ки ҳамоно хештансозӣ аст бозмемонем; Ҳамон хештани рашиде, ки дар сохтани дигарон ба он сахт ниёзмандем.

Гуфта шуда: Гандӣ, раҳбари фақиди Ҳинд, ҳаргоҳ бо хабар мешуд касоне дар Ҳиндустон корҳое нописанд ва нораво анҷом додаанд, мегуфт: маълум мешавад, ки ман ҳанӯз худро хуб насохтаам, ки мардуми кишварам корҳои нораво мекунанд. Онгоҳ рӯза мегирифт ва ба ислоҳи бештари худ мепардохт.

Шеваи «худсозӣ барои дигарон созӣ» аз беҳтарин ва корсозтарин корафзорҳои ислоҳи ахлоқ ва рафтор аст. Чаро мо барои рафъи уюби ҳамсарамон, аз ин шеваи писандида баҳра наҷӯем? Мо, ки ҳамвора дар пеши чашмони ҳамсармонем, агар дорои ахлоқи ҳамида ва рафтори муаддабона ва сулуки бузургаворона бошем, бетардид ҳамсарамон аз мо таъсир мепазирад ва некӯрафтор ва муаддаб ва бузургавор мешавад.

Дар қаламрави ахлоқ ва тарбият, шеваи асаргузорӣ ва асарпазирии улгуӣ, аз арҷмандтарин шеваҳост. «Бӯи хуш гирифтани гил аз гул, бар асари ҳамнишинӣ» ва низ «Асар ниҳодани камоли ҳамнишин бар одамӣ» аз омӯзаҳои арҷдори динӣ ва адабии мост.

 Фарҷоми сухан

Ҳақиқат он аст, ки ҳамсари мо (чӣ зан ва чӣ мард) як фарди инсонӣ аст; Бо тамоми вежагиҳои як инсон;, ки айб доштан ва комил набудан ва маъсум набудан низ аз аҷзои сохтмони шахсияти ӯст. Рӯ ба камол будан ва ниёзманди мудоро ва ёри будан барои расидан ба камоли инсонӣ аз дигар мушаххасоти одамиён аст. Аз ин рӯ, ҳамсарон бояд нахуст якдигарро ҳамонгуна, ки ҳастанд бипазиранд, бо ҳама костиҳо ва камолҳо, айбҳо ва ҳунарҳо, бадиҳо ва хубиҳо, бетафкики авсоф, бе яксуянигарӣ, бебаҳонагирӣ, беайбҷӯӣ ва айбгӯӣ, беманфинигарӣ ва манфибофӣ, оре, пазириши якдигар ҳамонгуна, ки ҳастанд, онгоҳ бо маҳорат ва мушовират ва мудоро ва тағофул ва шакебоӣ ва ҳавсалаварзӣ ва ба тадриҷ, якдигарро дар роҳи эътилои ҷон ва ахлоқ ва равон ва беҳтар сохтани хеш, ёри кунанд.

Завҷҳои ҷавон, ки мухотабони аслии суханамонанд, барои боло бурдани сатҳи саодати зиндагии хонаводагӣ ва низ ислоҳ ва ҳидоят ва тарбияти ҳамсар ва аз байн бурдани камбудиҳои ҳамдигар, «Айбҷӯӣ ва айбгӯӣ»-ро ба куллӣ аз қаламрави зиндагониашон ҳазф кунанд!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.