Арзиш

48

images

Яке дигар аз масъалаҳои марбут ба иқтисод арзиш ва қимат аст. Дар иқтисодҳои мубодилаӣ[1] ҳар чизе, ки мавриди мубодилааст, як нарху қимати муайян дорад. Ин нархҳо пойину боло мераванд ва гоҳ аз якдигар боло ва ё пойин мешаванд. Дар ин миён баъзе вақтҳо қимату арзиши ҷинсҳо боло равад ҳам ба сабаби доштани пул зиндагӣ роҳат аст, вале гоҳ ба сабаби надоштани пул болоравии нархҳо сабаби сахтӣ дар зиндагӣ мегардад. Робитае, ки байни ин сахтии зиндагӣ бо болоравии нархҳо аст чист? Асосан арзиш худаш аз куҷо пайдо мешавад? Ин масъала худ масъалаи фалсафӣ аст. Ва матлаби дигар, ин ки иллату сабаби болоравӣ ва пойин омадани нархҳо дар чӣ метавонад бошад? Чи гуна рифоҳу осудагиро метавон эҷод намуд? Арзишу қиматҳои аҷноси мавриди ниёзро бо чӣ роҳе бояд собит нигоҳ дошта ва идора кард? Ин масоил ҳам дар оянда мавриди баҳс хоҳанд буд.

[1] Чунон ки гуфта шуд; иқтисод ё бо коркарди инсон ва масраф ва ё коркарди гуруҳе ва хариду фурӯш байни якдигар эҷод мегардад. Иқтисоди мубодилаӣ он аст, ки бо ҳамдигар доду ситад мекунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.