Шеваҳои силаи раҳм

118

Шеваҳои силаи раҳм

Силаи раҳм танҳо рафтани ба хонаи бастагон нест, балки намунаҳои фаровоне дорад ва намунаи комилаш ин аст, ки пеш аз дигарон ниёзи ононро бартараф ва ононро хушҳол созад, пас силаи раҳм ва пайванд бо ҳар хешованд мутаносиб бо шаъни ӯст, чунон ки гоҳ танҳо бо салом кардан ба ӯ ё посухи неку додан ба саломи ӯст, зеро вай ба кумаки молӣ ниёзе надорад.

Бархе шеваҳо ва намунаҳои силаи раҳм иборатанд аз тарки озори хешовандон, салому такрим, таом додан гарчи ба ҷуръаи обе бошад, аёдат аз бемор, ширкат дар маросими азо, зиёрат ва дидор, ҳадия додан ва таъмини ниёзҳои онон пеш аз дигарон.

Эмом Содиқ(а) дар аҳодисе чунин фармуд:

Силаи раҳм кунед гар чанд бо салом кардан бошад, бо хешонат пайванд барқарор кун, ҳар чанд бо додани ҷуръаи об. Бо хешовандони худ силаи раҳм кунед ва дар ташйиъи ҷанозаи онон ҳозир шавед, аз беморонашон аёдат ва ҳуқуқи ононро риоят кунед, бартарин хешовандӣ ин аст, ки аз озорашон худдорӣ шавад.[1]

Марзи силаи раҳм

Пайванди хешовандӣ танҳо ба бастагони хуб ва бо эмон ихтисос надорад, балки вазифаи ахлоқӣ ва илоҳӣ аст, ки фарогир аст, аз ин рӯ чунончи падару модар ва дигар хешовандон муъмин низ набошанд эҳтиромашон лозим ва бар рафъи ниёзҳои онон таъкид шудааст; лекин ин иртибот то ҷое аст, ки ба дигар аҳкоми динӣ осебе нарасад; вале агар бар асари ин иртибот дигар аҳкоми дин дар хатар қарор гирад, на танҳо бо ғайри диндорон лозим нест, балки ҷоиз ҳам нест.

Худои субҳон фармуд:

… супориши мо бар инсон ин буд, ки ба вай фармон додем, ки падар ва модаратро сипосгузор бош, ҳамонгуна фармонаш додем, ки маро шукргузор бош: мабодо фармон набарӣ ва сипосгузорӣ накуни, ки бозгашти ҳамагон ба сӯи ман аст ва агар падару модарат талош карданд, ки чизеро ки бадон илм надорӣ  аз он рӯе ки вуҷуд надорад шарики ман созӣ, аз онон пайравӣ макун. Албата дар корҳои дунё бо онон бо некӣ муошират кун.[2]

Эмом Содиқ(а) фармуд: Марде назди Расули Худо(с) омад ва арз кард: эй Расули Худо! хешовандоне дорам, ки ҷуз ситам, қатъи раҳм ва дашноми ман, коре намекунанд, оё ононро раҳо кунам? фармуд: дар ин сурат Худо ҳамаи шуморо тарк хоҳад кард. Пурсид: пас чи кунам? фармуд: бо касе, ки пайванди худро бо ту гусаста, пайванд барқарор кун ва ба он, ки туро маҳрум сохта ато кун ва аз он, ки бар ту ситам карда бигузар. Ҳар гоҳ чунин корро кардӣ Худо пуштибони ту аст.[3]

Ҷаҳм бин Ҳумайд аз эмом Содиқ(а) пурсид: хешовандоне ки хилофи ақидаи динии ман ҳастанд оё ҳаққе бар уҳда дорам? фармуд: Оре, ҳаққи хешовандӣ доранд, ки ҳеҷ чизе онро қатъ намекунад ва агар бо ту ҳамақида бошанд, ду ҳақ доранд: ҳаққи раҳм ва ҳаққи Ислом.[4]

Мартабаи хешовандӣ(авлавият дар силаи раҳм)

Бо таваҷҷуҳ ба густараи пайванди хешовандӣ аз як су ва нотавонии инсонҳо дар риояти он бо ҳамаи хешовандон аз суи дигар, дар оёт ва ривоят ба риояти тарбия дар пайванди хешовандӣ таваҷҷуҳ шуда аст.[5] Бар пояи ривоёти ёдшуда маротиби силаи раҳм ба шарҳи зеранд:

  1. Падар ва модар, аз ин ду низ модар муқаддам аст;
  2. Бародарон ва хоҳарон;
  3. Дигар ақвоми насабӣ (ашира: амакҳо, аммаҳо, хола, тағо ва фарзандонашон);
  4. Бастагони сабабӣ (домодҳо ва арусҳо ва бастагони онҳо), ки тафсили он хоҳад омад. Албатта издивоҷ заминаи ҳамроҳ шудани сабабӣ ба насабиро фароҳам мекунад.

Аз расули гиромӣ Ислом ривоят шуда:

Панҷ дона хурмо ё паҷ дона гирдаи нон ё панҷ динору дирҳаме, ки инсон ба даст меоварад ва мехоҳад онро масраф кунад боарзиштарин инфоқҳо он аст ки [аввал] ба волидайни худ инфоқ кунад. Дувум бар худ ва хонаводааш. Ба наздикони туҳидасташ. Чорум бар ҳамсоягони фақираш. Ва панҷум дар роҳи Худо ки аз назари подош камтарин аст.[6] Яъне тамоми ақсоми панҷгона чун ба дастури Худо ва дар роҳи ӯст савоб доранд; вале савоби садақа аз савоби он чаҳор кори хайр камтар аст.

Эмом Ҳусайн мефармояд аз расули Худо шунидам мефармуд:

Дар риояи ҳуқуқи хешвандӣ аз хонаводаи худ оғоз кун: нахуст ба модарат, падарат, хоҳарат, бародарат. Сипас бо риояти мартабаи наздикон, ҳар як ба ту наздиктаринанд.[7]

Дар ривояти дигар омада аст:

Ё Алӣ барои некӣ ба волидайни худ ду сол ва барои пайванди хешовандӣ як сол сафар кун …. [8].

[1]  Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 155-151.

[2] Сураи Луқмон, Ояти 14-15.

[3] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 150.

[4] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 157.

[5] Сураи Бақара, Ояти 180 ва 215.

[6] Усули Кофӣ, ҷ 5, саҳ 65.

[7] Алхисос, саҳ 219.

[8] Ал фақиҳ, ҷ 4, саҳ 316.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.