Ҳуқуқи хонавода[5]

130

Таълим ва тарбияти фарзанд

Дар таълим ва тарбияти кудак чанд мавзуъ мавриди таваҷҷуҳи Ислом аст:

  1. Маорифи динӣ; монанди ақоид, ахлоқ, қироат, донистани аҳком ва анҷоми ибодат;
  2. Одоб ва маҳоратҳои иҷтимоӣ;
  3. Одоб ва маҳоратҳои дифоӣ, ки бархе аз онҳо гузашта ва ба бархе дигар ишора мешавад:

Подош ва таълими Қуръон ва аҳкоми дин

Расули акрам(с) фармуд:

Ҳар кас ба фарзандаш Қуръон биёмузад рузи қиёмат падар ва модари ӯро фаромехонанд ва ҷомае бар он ду мепушонанд, ки аз нури он чеҳраҳои биҳиштиён равшан мешавад.[1]

Расули Худо(с) фармуд:

Қуръон рӯзи қиёмат марди рангпаридаро меоварад ва ба Парвардигораш мегуяд: ин шахс касе аст, ки ман рузашро ба ташнагӣ, шабашро ба бедорӣ гирифта будам ва тамаи ӯро ба раҳмати ту қавӣ карда будам ва арзишҳояшро ба мағфирати ту густарда будам, пас бар асоси гумони ман дар борааш амал кун! Худо мефармояд: мулкро ба дасти росташ ва ҷовидонагиро ба дасти чапаш диҳед …  падар ва модарашро зевар диҳед, ки тамоми дунё ба ончи дар он аст ба арзиши он набошад; пас ҳамаи мардум рузи қиёмат ба он падар ва модар менигаранд ва он дуро азим мешуморанд ва худашон аз ин мақомашон ба ҳайронӣ фуру мераванд ва мепурсанд:

Парвардигоро ин азамат аз куҷост?

Худо мефармояд: ин азамат ба сабаби омухтани Қуръон ба фарзандонатон ва тарбияти ӯ бар асоси дин Ислом ва муҳаббати Паёмбар(с) ва Алӣ(а) аст.[2]

Кайфари тарки омӯзиши динии фарзандон

Паёмбар(с) ба бархе аз кудакон нигарист ва фармуд:

Вой бар фарзандони охируззамон аз ноҳияи падарашон! пурсида шуд: эй Расули Худо! Оё аз он ру ки падаронашон мушриканд? Фармуд: На, балки аз падароне ки муъминанд ва ба фарзандонашон чизе аз воҷиботи динӣ намеомузанд, балки ононро аз омӯхтан манъ мекунанд ва ба суди андаке аз дунё ки, аз фарзандонашон ба эшон мерасад, ризоят медаҳанд ва ман аз онҳо безорам ва онон низ аз ман безоранд.[3]

Таълими маҳоратҳои дифоӣ ва иҷтимоӣ

Расули Худо(с) фармуд:

Ба фарзандони худ шино кардан ва тирандозӣ биёмузед; ҳамчунин фармуд: Фарзандонатонро гиромӣ бидоред ва ононро неку тарбият кунед, ки омурзида мешавед.[4] Ва низ фармуд: Эй Алӣ ! ҳаққи фарзанд бар падараш ин аст, ки ба вай одоб омӯзад ва дар ҷойгоҳи шоиста қарораш диҳад.[5]

Меҳрварзӣ бо фарзандон

Расули Худо(с) фармуд:

Ҳар кас фарзандашро бибусад Худо барояш некӣ менависад.[6] Ҳамчунин фармуд: фарзандонатонро зиёд бибусед ба ростӣ, ки барои шумо дар баробари ҳар буса дараҷае дар биҳишт аст, ки масофаташ пансадсола роҳ аст.[7]

Абдуллоҳ ибни Масъуд гуяд: назди Паёмбар(с) будам. Вақте Ҳусайн ибни Алӣ ворид шуд Паёмбар(с) ӯро дар оғуш гирифта бусид …  ва даҳонашро бар даҳони вай ниҳод ва фармуд:

Худоё! Ман ӯро дуст медорам, пас ту низ дуст бидор ӯро ва ҳар ки вайро дуст медарад,[8]

Нукта: аз ин ҳадиси шариф ва дуои ҳазрати Расул(с) бармеояд, ки фарзандонро дустдори эмом Ҳусайн(а) тарбият кунанд ва фарзанде, ки дустдори эмом Ҳусайн(а) бошад шомили дуои Пайғамбар(с) аст.

Ҷазои бемеҳрӣ ба фарзандон

Рузе Расули Худо Ҳасан ва Ҳусайн (алайҳимассалом)- ро мебусид. Шахсе ба номи Уяйна ё Ақраъ бин Ҳосиб гуфт: Ман даҳ фарзанд дорам ва ҳаргиз ҳеч як аз онҳоро набусидаам. Он Ҳазрат фармуд: Ҳар кас раҳм накунад ба ӯ раҳм намешавад. Бар нақл аз ривояте он ҳазрат ба қадре аз гуфтори вай хашмгин шуд, ки чеҳрааш барафрухт ва ба ӯ фармуд: Агар Худо отифаро аз дилат канда аст бо ту чӣ кунам? Ҳар кас бар хурдсолони мо меҳр наварзад ва бузургони моро эҳтиром накунад аз мо(мусалмонон) нест.[9]

Гиромӣ доштани фарзандон

Каромат ва бузургворӣ аз омилҳои муҳими саломати рафторӣ аст[10] , аз ин ру дар канори меҳрварзӣ ба фарзанд бояд рӯҳ ва бузурвориро дар ӯ дамид.

Расули акрам(с) фармуд:

Фарзандони худро гиромӣ бидоред (ба онҳо шахсият бидиҳед) ва ононро хуб тарбият кунед, ки сабаби мағфирати шумост.[11]

Гиромӣ доштан бо номи хуб барои фарзанд

Расули гирми(с) фармуд:

Нахустин ҳадияи ҳар падаре бар фарзандаш номи неку ба вай ниҳодан аст ва низ фармуд:

Ҳар гоҳ ба фарзандонатон номи “Муҳаммад” ниҳодед ӯро гиромӣ бидоред ва дар маҷлисҳо барояш ҷо боз кунед ва бар ӯ чеҳра бар ҳам накашед.[12]

Подоши номгузорӣ ба номи Паёмбар

Расули гиромӣ(с) фармуд:

Ҳеҷ суфрае нест, ки бар он касе ба номи Аҳмад ё Муҳаммад ҳозир шуд, ҷуз ин ки он манзил ду бор дар руз муқаддас мешавад.[13]

Издивоҷи фарзанд

Расули Худо(с) фармуд:

Ҳаққи фарзанд бар падар се чиз аст; аз ҷумла ин ки ҳар гоҳ болиғ шуд барояш ҳамсар баргузинанд.[14]

Ёрӣ кардани фарзанд

Расули Худо(с) фармуд: Худо раҳмат кунад касеро, ки фарзандашро бар некӣ ёрӣ кунад. Гуфта шуд:

Чи гуна ӯро бар некӣ ёрӣ кунад? фармуд: Он чиро дар тавони ӯст аз вай бипазирад ва аз он чи барояш душвор аст, даргузарад … [15]

 Риояти баробарӣ миёни фарзандон

Расули гиромӣ(с) фармуд:

Байни фарзандатон дар ҳадяҳо ба баробарӣ амал кунед.[16] Он ҳазрат ба марде нигарист, ки ду фарзанд дошт ва танҳо яке аз онду ро бусид. Фармуд: Чаро баробариро миёни он ду риоят накардӣ?[17] Дар миёни фарзандони худ адолатро муроот кунед, ҳамон гуна ки дуст доред дар некӣ ва лутф ба шумо, ба адолат рафтор кунанд.[18]

Авлавияти некӣ бар духтарон

Расули акрам(с) фармуд: Ҳар касе ба бозор биравад ва туҳфае бихарад ва онро барои хонаводааш бибарад ҳамонанди ҳамлкунандаи садақа ба суи ниёзмандон аст ва бояд духтаронро (дар додани ҳадяҳо) бар писарон муқаддам бидорем, зеро ҳар кас духтарашро хушҳол кунад монанди он аст, ки ғуломе аз насли ҳазрати Исмоилро озод сохта аст. [19]

Ҳамчунон ҳазрат фармуд: Миёни авлоди худ дар додани ҳадия ба баробарӣ амал кунед  ва агар хости касеро бештар ҳадия диҳӣ ба  духтарон бештар бидиҳед.[20]

[1]. Усули кофӣ, ҷ 6, саҳ 49.

[2]. Биҳорул анвор, ҷ 89, саҳ 32.

[3]. Ҷомиул ахбор, саҳ 106.

[4]. Макоримул ахлоқ,саҳ 222.

[5]. Алфақиҳ, ҷ 4, саҳ 372.

[6]. Усули кофӣ, ҷ 6, саҳ 49.

[7]. Равзатулвоизин, ҷ 2, саҳ 369.

[8]. Кифоятуасар, саҳ 81.

[9]. Биҳоруланвор, ҷ 43, саҳ 282.

[10]. Ғуралулҳикам, саҳ 231.

[11]. Макоримулахлоқ, саҳ 222.

[12]. Уюнулахборуризо, ҷ 2, саҳ 29.

[13]. Уюнул ахборуризо, ҷ 2, саҳ 29.

[14]. Равзатулвоизин, ҷ 2, саҳ 369.

[15]. Мустатрифотус сароир, саҳ 595.

[16]. Алхилоф, туси, ҷ 3, саҳ 564.

[17]. Алҷаъфариёт,саҳ 55.

[18]. Макоримул ахлоқ, саҳ 220..

[19]. Амолии Садуқ, саҳ 577.

[20]. Илхилоф, Тусӣ, ҷ 2, саҳ 564.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.