Ҳамсоядорӣ

100

Ҳамсоядорӣ

Акнун ба масодиқе аз шаҳрвандон ишора мешавад ки Ислом ба муоширати нек бо онон супориш кардааст:

1.   Ҳамсоягон

Худо дар Қуръон ба некӣ ба ҳамсоя чунин фамон дода аст:

Ва Худоро бипарастед ва чизеро шарики ӯ насозед ва ба падару модар ва хешовандон ва ятимон ва бенавоён ва ҳамсояи наздик ва ҳамсояи дур ва … ҳамнишин ва некӣ кунед.[1]

Аҳмияти некӣ ба ҳамсоя

Амирул муъминин фармуд:

Худоро нисбат ба ҳамсоягон дар назар дошта бошед, зеро Расули Худо дар бораи онон суфориш фармуд ва пайваста дар бораи онҳо тавсия мекар то онҷо ки мо гумон бурдем ӯ мехоҳад ононро ворис ва саҳим созад.[2]

Расули Худо фармуд:

Ё Алӣ! ҳамсояро гиромӣ бидоред, гарчи кофир бошанд.[3]

Мақоми ҳамсоя

Эмом Боқир(а) фармуд:

Дар китоби Алӣ(а) хондам Расули Худо(с) байни муҳоҷирин ва ансор бахшнома кард ки: ҳамсоя монанди худи инсон аст, аз ҳар гуна зиён ва гуноҳ боят дур бошад ва ҳурмати ҳамсоя бар ҳамсоя ҳамонанди ҳурмати модар аст .[4]

Ҳуқуқи ҳамсоя

Эмом Саҷод(а) фамуд:

Ӯро дар ғиёб ҳифз кун ва дар ҳузур гиромӣ бидор, ва дар ҳоли ситамдидагӣ вайро ёрӣ кун, айбашро шоеъ накун, ҳаргоҳ аз вай бадӣ дидаи онро пушон, ҳаргоҳ донисти хайрхоҳии туро мепазирад дар пинҳонӣ ба вай насиҳат кун ва ҳангоми сахтиҳо танҳояш магузор, ва аз лағзишаш дар гузар ва гуноҳашро бибахшой ва каримона бо вай рафтор кун.[5]

Ҳифзи асрори ҳамсоя

Эмом Саҷод(а) мефармояд:

Аз ҷумлаи ҳуқуқи ҳамсоя ин аст ки дар пайи айб ва зиштиҳои ӯ набошӣ ва агар аз зиштӣ ва бадии ӯ огоҳ шудӣ онро бипушон.[6]

Маҳдудаи ҳамсоягӣ

Чиҳил хона аз ҳар тараф (пешу пушт ва росту чап” боло ва поён”) ҳамсоя аст.[7]

Амирулмуъминин Алӣ(а) фармуд:

Ҳарими масҷид то чиҳил зироъ ва ҳамсоя то чил хона аз чаҳор тараф аст.[8]

Нукта: муаян кардани ҳадду андоза ба чаҳор тараф ба лиҳози собиқа надоштани биноҳои чанд табақаи маскунӣ аст вагарна воҳидҳои опортмонии муртафаъ низ машмули қонуни ҳамсоягианд.

Бурдборӣ дар баробари озори ҳамсоя

Эмом Козим(а) фармуд:

لَیسَ حُسنُ الجِوارِکَفَّ الاَذَی وَلَکِن حُسنُ الجِوارِ صَبرُکَ عَلَی الاَذَی.

Ҳусни ҳамҷавори бо тарки озор нест, балки ба шакибоӣ бар озори ҳамсоя аст.[9]

Подоши некӣ ба ҳамсоя

Афзоиши рӯзӣ:

Эмом Содиқ(а) фармуд:

Ҳамсоядории нек, рузиро меафзояд.[10]

Шомил шудани раҳмати Илоҳӣ: Расули Худо фармуд:

Худо раҳмат кунад ҳамсояеро ки ҳамсояашро бар некӣ ёрӣ мекунад.[11]

Вуруд ба биҳишт: эмом Содиқ(а) фармуд:

Ба ҳар касе яке аз чаҳор хислат рузӣ шавад вориди биҳишт мегардад:

Некӣ ба падару модар, силаи раҳм, ҳамсоядории неку ва хушахлоқӣ.[12]

Кайфари бетаваҷҷуҳӣ ба ҳамсоя

Расули Худо фармуд:

Он ки сер бихобад ва ҳамсояааш гурусна бошад ба ман имон наёвардааст ва сокинони ҳар муҷтамае сер бихобанд, дар ҳоле ки дар миёни онон гуруснае бошад, Худо дар қиёмат ба онҳо назари раҳмат намекунад;[13]  Низ фармуд: ҳар кас лавозими мавриди ниёзи зиндагиро аз ҳамсояаш дареғ дорад Худо ӯро дар қиёмат аз фазли худ марум кунад ва ӯро ба худаш вогузорад.[14]

Кайфари ҳамсояозорӣ

Хуруҷ аз сафи муъминон:

Абдуллоҳ бин Масъуд гуяд: рузе марде пеши Фотима(а) омад ва гуфт:

Эй духтари Паёмбар! Оё Расули Худо назди ту чизе ба ҷо гузошта ки маро аз он баҳраманд созӣ? Фотима(а) ба канизаш фармуд: он навиштаро биёвар, каниз ҷусту кард онро наёфт. Он ҳазрат фармуд: вой бар ту ҷустуҷу кун. Он навишта назди ман бо Ҳасану Ҳусейн баробар аст каниз ҷустуҷу кард онро миёни ашёи бефоидаи дуррез ёфт ва дар он навишта буд:  Муҳаммади Паёмбар фармуд: аз муъминон нест онки ҳамсояаш аз озори ӯ дар амон набошад ва ҳар кас ба Худо ва рузи қиёмат эмон дорад ҳамсояи худро намеозорад.[15]

Эмом Содиқ(а) фармуд:

Эй пайравони Оли Муҳаммад! Бидонед касе, ки рафтораш бо ҳамсояаш неку набошад аз мо нест.[16]

Маҳрумият аз раҳмати Худо:

Расули Худо фармуд:

Ё Алӣ! Ҳар кас ҳамсояи худро  биёзорад, аз раҳмати Худо маҳрум аст. Ҳар кас нисбат ба хонадони ман кина варзад, малъун ва мунофиқ ва зиёнкор аст. Ё Алӣ ! ҳамсояатро гиромӣ бидор, гарчи кофир бошад.[17]

Расво:

Расули Худо фармуд:

Пинҳонӣ нигоҳ кардан дар хонаи ҳамсоя раво нест[18]  ва низ фармуд:  ҳар кас ба хонаи ҳамсоя, калла бикашад ва ба аврати мард ва ё ба муи сари зан ё ба узве аз баданаш нигоҳ кунад, ҳақ аст ки Худо онро ба ҳамроҳи мунофиқоне ки дар дунё дар пайи кашфи асрор ва зиштиҳои мардум ҳастанд дар оташ дар оварад ва аз дунё хориҷ намесозад то ин ки Худо расвояш кунад ва дар охират зиштиашро барои мардумон ошкор созад.[19]

Дуо барои ҳамсоягон

Сазовор аст муъминон илова бар некӣ ва адаб нисбат ба ҳамсоягон, дар хилвати худ бо Худояшон барои онон дуо кунанд, ва дуои эмом Саҷод(а) барои ҳамсоягонро бихонанд дуои 26-и Саҳифаи Саҷҷодия.

[1] Сураи Нисо, ояти 36.

[2] Усули Кофӣ, ҷ 7, саҳ 51.

[3] Ҷомеъул ахбор, саҳ 84.

[4] Усули Кофӣ,ҷ 2, саҳ 666.

[5] Алфақиҳ, ҷ 2, саҳ 623.

[6] Алфақиҳ, ҷ 2, саҳ 623.

[7] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 669.

[8] Китобул хисол, саҳ 544.

[9] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 668.

[10] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 666.

[11] Алмоли, судуқ, саҳ 288.

[12] Ҷомиъул ахбор, саҳ 106.

[13] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 668.

[14] Савобул аъмол, саҳ 284.

[15]Далоилу имома, саҳ 1.

[16] Усули Кофӣ, ҷ 2, саҳ 637.

[17] Ҷомиъул ахбор, саҳ 84.

[18] Алфақиҳ,  ҷ 2, саҳ 556.

[19] Савобул аъмол, саҳ 282.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.