Робитаи заношуӣ дар оинаи ривоёт

58

Робитаи заношуӣ дар оинаи ривоёт

Паёмбари акрам(с):

Ҳар муъмине бо ҳамсараш омезиш намояд, 70 ҳазор фаришта болҳояшонро барои онҳо мегустаронанд ва раҳмати Худо бар онон нозил мешавад.[1]

Имом Содиқ(а):

Ҳеҷ мубоҳ ва ҳалоле назди Худованд, дӯстдоштанитар аз омезиш бо ҳамсар нест. Пас замоне, ки муъмин бо ҳамсараш наздикӣ ва сипас ғусл мекунад, шайтон ба гиря меафтад ва мегуяд: эй вои! ин банда аз Парвардгораш итоат намуда ва гуноҳонаш бахшида шудааст.[2]

Аз имом Содиқ(а) дар бораи омезиш аз мақъад (пушт) пурсиданд, ҳазрат фармуданд:

Ҳамсарат арӯсак ва ишқи зиндагии туст пас ӯро бо ин кор азият макун.[3]

Имом Боқир(а):

لا یَنبَغی لِلمَرأةِ اَن تُعَطِّلَ نَفسَها و اِن تُعَلِّق فی عُنُقِها قَلّادَةً.

Шоиста нест зан худро раҳо кунад ва зинат накунад гарчи бо як гарданбанд бошад. Ба иборате, зан бояд барои шавҳараш ҳамеша мазҳари ҷамол ва покизагӣ бошад то аз чашми шавҳар наафтад ва дигарон чашмони ӯро пур накунанд.[4]

Паёмбари Акрам(а):

عَلَیها اَن تَتَطَیَّبَ بِاَطیَبِ طیبِها و تَلبَسَ بِاَحسَنِ ثِیابِها وَ تُزَیِّنَ بِاَحسَنِ زینَتِها و تَعرِضَ نَفسَها عَلیه غدوَةً و عَشِیَّــةً

Бар зан лозим аст, ки беҳтарин атри худро ба кор бурда ва беҳтарин либосро бипушад ба зеботарин шакл зинат кунад ва худро субҳ ва шом бар шавҳар арза кунад. Чаро, ки мард дар асари рафту омадҳои берун аз хона, агар тамоюли ҷинсӣ дошта бошад роҳи васвасаи шайтон баста бошад.[5]

Ҳазрати Алӣ(а):

«اِذا اَرادَ اَحَدُکُم اَن یَأتِیَ زَوجَتَه فَلا یُعَجِّلها فانّ للنِّساءِ حَوائجٌ»

Вақте марде хост бо ҳамсараш ҳамбистар шавад бо суръат рафтор накунад, ки занҳо низ ҳоҷате доранд. Ба иборате мард набояд фақат ба фикри хомуш кардан ва баровардани ниёзи шаҳвати хеш бошад балки бояд зан ва мард ҳамдигарро сер кунанд то ҳамдигарфаҳмии комил миёни он ду барқарор шавад.[6]

Алӣ(а):

Чун яке аз шумо нигоҳаш ба зане биафтад ва мутааҷҷиб шавад назди ҳамсари худ равад, ки назди ӯ ҳамонанди ончи дидааст ҳаст, пас барои шайтон бар қалби худ роҳ боз накунад, чашми худро аз он зан баргирад.[7]

Имом Содиқ(а) фармуд:

Зане ба ҷиҳати коре назди паёмбар омад ва саволе кард, Паёмбар(с) фармуд шояд ту аз он занони маъталкун ҳастӣ? Пурсид онҳо чӣ касоне ҳастанд ё Расулаллоҳ? Ҳазрат фармуданд: зане аст, ки шавҳараш бо ӯ коре дорад (изҳори тамоюли ҷинсӣ карда) вале ӯ он қадар маътал кунад то шавҳар ба хоб равад, ин зан мавриди лаънати малоика аст то шавҳар бедор шавад.[8]

Дар ҳадиси дигар Паёмбар(с) бонувонро аз тӯлонӣ кардани намозашон дар замоне, ки шавҳараш эълони ниёз намуда, наҳи кардааст.

Дар ҳадиси дигар Паёмбар(с) мефармояд:

Зан набояд шавҳарро аз баҳраварии ҷинсӣ аз худ манъ кунад, гарчи бар пушти маркаб бошад.

Паёмбари Акрам(с):

Барои ҳеҷ зане раво нест, ки бихобад магар инки хештанро ба шавҳар арза кунад, ба ин сурат, ки либосҳояшро дароварад, миёни бистари шавҳар равад ва пӯсти бадани хешро ба бадани шавҳар бичасбонад агар ин корро бикунад худро арза кардааст.[9]

1- Дар каломи имом Ризо(а):

Бо ҳамсарат омезиш макун магар инки бо ӯ бозӣ карда бошӣ, зиёд ҳам бозӣ кунӣ ва ду пистони ӯро бифишорӣ чун чунин кунӣ, шаҳват ӯро ғалаба кунад ва манӣ ва оби ӯ ҷамъ шавад, зеро манӣ ва оби зан дар миёни ду пистони ӯст, ва шаҳват аз чеҳра ва чашмони ӯ намоён мешавад ва аз ту ҳамон металабад, ки ту аз ӯ мехоҳӣ. (ба иборате тафоҳум ва ҳамоҳангӣ миёни шумо ҳосил мешавад ва ҳар ду аз назари ҷинсӣ ирзо мешавед). Пас аз омезиш ҳам зуд аз бистар баланд машав ва ҳатто нанишин балки аввал ба тарафи самти рост бичарх ва пас аз андаке истодан барои дафъи идрор бирав ва гарчанде ба андозаи андак, ки агар чунин кунӣ аз санги масона ба изни Худои мутаол дар амон мемонӣ ва сипас ғусл кун.

Алӣ(а) мефармоянд:

ما کَثُرَ شَعرُ رَجُلٍ قَطُّ اِلّا قَلَّت شهوَتُهُ.[10]

Мӯҳои зоиди бадан агар бештар шаванд шаҳватро кам мекунанд.

Паёмбари Акрам(а):

Ҳар ҷо, ки шавҳаратон шуморо ба хилват бихонад, ҳамонҷо биҳишти шумост! раво нест шавҳари худро аз баҳраварии ҷинсӣ ва лаззати ҳалол манъ кунед.[11]

Имом Содиқ(а):

Чӣ лаззате болотар ва чашмнавозтар аз дидани бадани урёни ҳамсар аст. Қабл аз ҳамхобагӣ, худро аз шавҳаратон дареғ мадоред, бигузоред шавҳаратон шуморо бибӯсад ва бибуяд.[12]

Паёмбари Акрам(с):

Вақте ба сӯи ҳамсаратон меравед, дар оғӯши фариштагонед. Вақте ба омезиш мепарозед гуноҳонатон чун барги дарахтон фурӯ мерезад ва чун ғусл мекунед ва худро мешуед, аз гуноҳон берун меравед.[13]

Паёмбари Акрам(с):

Сухан гуфтан бо Парвардигор, лаззатбахш ва рӯҳафзо аст, аммо шавҳаратон вақте шуморо ба хилвати хеш фаро мехонад, намозро тӯл надҳед ва хиромон ва бо нишот ва ишваву ноз ба суяш бишитобед.

Паёмбари Акрам(а):

Ҳангоми даромехтан бо ҳамсари хеш, якдигарро бибуед ва бибӯсед, ишқбозӣ кунед ва бо суханони муҳаббатомез, ишқро ба ӯ пешкаш кунед.[14]

Имом Ризо(а):

Агар ба ҳар далел амали омезиш ба тӯл анҷомид ва амали инзол сурат нагирад, чӣ басо мӯҷиботи санги масона фароҳам гардад. Аз тӯлонӣ кардани муддати ҳамбистрӣ бе инзол парҳез кунед.[15]

Имом Ҳасани Муҷтабо(а):

Макони хилват дар замоне бесарусадо ба ҳамроҳи дили ором шароити муносибе барои ҳамбистрӣ аст. Агар омезиш ва инъиқоди нутфа бо дили ором ва холӣ аз изтироб сурат пазирад, хун ба сурати табиӣ дар рагҳо ҷараён меёбад ва интиқоли генҳо табиитар анҷом мегирад ва дар натиҷа фарзанд, ба падар ва модар бештар шабеҳ хоҳад шуд.[16]

Паёмбар(с):

Хонумҳо! аз ороиш дареғ накунед. Беҳтарин, мулоимтарин ва дилнавозтарин атрро ба кор бибаред. Зеботарин ва дилруботарин либосро ба андоми хеш бипушонед. Худро ҳадди ақал бо як гарданбанд зинат бибахшед ва субҳ ва шом худро ба шавҳар арза доред. Дар як калом чашм ва дили шарики зиндагиатонро ҳунармандона бирубоед.[17]

Имом Ризо(а):

Оқоён! мутобиқи майли хонуматон либос бипушед. Дар хона низ ороста ва дилрубо бошед. Ҳушу ҳавоси ҳамсаратонро моҳирона ба худ ҷалб кунед. Бо ин кор ғудади ҷинсии ӯро нисбат ба худ фаъол кунед ва иффати ӯро нисбат ба дигарон фузунӣ бибахшед.

Имом Ризо(а):

Камгузоридан ва сустӣ кардан дар умури ҷинсӣ ношоист аст, раво нест мард беш аз 4 моҳ, омезиши ҷинсӣ бо ҳамсари ҷавони худро тарк кунад ҳатто агар мусибатдида бошад.[18]

Имом Содиқ(а):

Рӯ ба қибла ва пушт ба қибла бо ҳамсари хеш ҳамбистар шудан, зишт ва нописанд аст. Ҳурмати Каъбаро нигаҳ доред ва Худо ва фариштагонро аз хеш нохурсанд насозед.[19]

Расули Худо(с):

1- Ончиро мусулмон ба хотири Худо барои ҳамсараш мехарад савоби садақа дорад.[20]

2- Беҳтарини шумо касе аст, ки барои хонаводааш беҳтар бошад ва ман барои хонаводаам аз тамоми шумо беҳтаринам.[21]

3- Касе, ки зан мегирад бояд ӯро эҳтиром кунад. Ҳар кас ба ҳамсараш беш аз се мушт бизанад Худованд дар рӯзи қиёмат дар баробари аввалин ва охирин расвояш мекунад.[22]

Алӣ(а):

Канора гирифтан аз зан ва маҳрум намудани ӯ аз ирзои ғаризаи ҷинсӣ мӯҷиби азоби қабр хоҳад буд.[23]

Имом Боқир(а):

Зан дар баробари ҳазрати ҳаққ ва ҳарими ӯ шафее бо қудраттар ва наҷотдиҳандатар аз ризояти шавҳар надорад.[24]

Паёмбари Акрам(с):

Мусаввифот заноне ҳастанд, ки ҳамсаронашон ононро барои барқарории робитаи заношуӣ фаро мехонанд аммо занонашон ин даст ва он даст мекунанд ва анҷоми амалро ба таъхир меандозанд. Дар натиҷа шавҳаронашон ба хоб мераванд. Чунин занеро фариштагон доиман нафрин ва лаън мекунанд то ҳамсарашон аз хоб бедор шавад ва ӯро дарёбанд.[25]

Имом Содиқ(а)

Се кор бадани инсонро хароб карда ва чӣ басо мӯҷиби марги инсон шаванд.

Бо шиками сер ҳмом рафтан

Бо шиками сер ҳамбистар шудан

Омезиш бо пиразан.[26]

[1] . Мустадракулвасоил, ҷ.20, саҳ.158.

[2] . Васоилушшиа, ҷ.20, саҳ.179

[3] . Васоилушшиа, ҷ.20, саҳ.143

[4] . Васоилушшиа, ҷ.14, саҳ.112 ва 118

[5] . Ҳамон.

[6] . ҳамон, саҳ.82

[7] . ҳамон, саҳ.77

[8] . ҳамон, саҳ. 117

[9] . ҳамон, саҳ. 126

[10]. Васоилушшиа, ҷ.15, саҳ.106

[11] . ҳамон, ҷ.14, саҳ.112

[12] . Ҳилятулмуттақин, саҳ.71

[13] . Кофӣ, ҷ5, саҳ.496

[14] . ҳамон, саҳ.508

[15] . Сафинатул баҳор, ҷ.1, боби Алҷумаъ

[16] . Баҳоруланвор, ҷ.6, саҳ.359

[17] . Васоилушшиа, ҷ.14, саҳ.112

[18] . Макоримулахлоқ, саҳ.80 ва Васоилушшиа, ҷ.20, саҳ.171.

[19] . Васоилушшиа, ҷ.20, саҳ.188

[20] . ҳамон, саҳ.14

[21] . Васоилушшиа, ҷ.14, саҳ.191.

[22] . ҳамон, ҷ.20, саҳ.164

[23] . ҳамон, ҷ.14, саҳ.191

[24] . Ҳамон

[25] . ҳамон, ҷ.20, саҳ.164

[26] . ҳамон, ҷ.14, саҳ.191

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.